«Принсипхои шархдиханда – ин
мавкеи асоси, замина ё наза-
рияхое мебошанд, ки татбики
онхо имконияти тавсифи хусуси-
ятхои тахминии объекти тадкикот ва дар асоси методи
умумиилми ташкили тартиби дастраснамоии маводи
тачрибави, инчунин чамъбастнамои ва шархи онро фа-
рохам меоварад»- омадааст дар адабиёти илми. Прин-
сипхои шархдиханда яке аз меъёрхои методологи нисбати
сохаи илм мебошанд, ки мавкеи онро нисбати объекти
тадкикот аз нуктаи назари асосноки бахо медиханд.
Нуктаи назар ба принсипхои психология гуногун буда, бо
иваз шудани предмети тадкикот ва шаклгирии парадиг-
махои нав кунчи назар ба он тагйир меёбад. Хануз дар
солхои 30- юми асри XX принсипхои асосии психологияи
шурави кор карда баромада шуда буданд: принсипи де-
терминизм, принсипи ягонагии шуур ва фаъолият, прин-
сипи инкишофи психика дар фаъолият. Сохаи психоло-
гияи доираи илмии ИДМ, ки меросбари психологияи шу-
рави буда, хамзамон дар зери таъсири мактабхои муосири
психологи инкишоф меёбад, принсипхои зеринро эътироф
мекунад:
- Принсипи хамкори ва инкишоф. Ин принсип
аз таълимоти тахаввулоти бармеояд ва хамкорию инки-
шоф чун ду чанбаи чудонопазири таъсири байнихамии
объектхо дар раванди тахаввулот равшан ифода ёфтааст.
Хамкори ва инкишоф як навъ шарти мавчудияти систе-
махои мухталифи табиию ичтимои мебошанд ва муракка-
бшавии сохтори онхоро тавсиф медиханд. Барои психо-
логия хам худи раванди хамкори ва инкишоф ва хам
махсули ин раванд- сохтори системахо, ки дар худ тако-
мули хамкории онхоро тачассум мекунад, мухим мебо-
шанд.
Принсипи хамкори ва инкишоф чунин маъно дорад,
ки психика ва зухуроти мухталифи он натичаи инкишофи
системахои муайян аст, ки аз хамкории онхо асос мегирад.
Аз нуктаи назари психология хусусиятхои яклухти,
сохтори мухталифи системахои хаммонанд, самараи ин-
кишоф, шаклгирии ташкилаи нав дар асоси ин принсип
шарх дода мешаванд.
- Принсипи детерминизм (аз лот. детерминар-
муайян кардан). Ин принсип, ки хамчун присипи сабаб-
ноки низ маъмул аст, баромади сабабу натичагии зухуро-
ти психикиро ифода карда, аз принсипи хамкори ва ин-
кишоф бармеояд.
Мувофики ин принсип хар гуна зухуроти психики
дар асоси сабаби муайян ба вучуд меояд ва ба сифати са-
баби асоси тарзи хаётгузарони, шароитхои хаёт ва таъси-
ри мухит баромад мекунанд. Ба ибораи олими рус
А.В.Петровский «психика аз руи тарзи хаётгузарони муа-
йян карда мешавад ва бо ивазшавии тарзи хаётгузарони
тагйир меёбад».
Дар асоси принсипи детерминизм пайдоиш ва инки-
шофи таърихии зухуроти психики шарх дода мешавад.
- Принсипи яклухти. Яклухти – ин хамкории
устувори кисмхои як система мебошад, ки онро хамчун як
ташкилаи ягона ва том муаррифи мекунад. Яъне, яклухти
мачмуи кисматхои таркиби набуда, балки аз хамкории ин
кисматхо бармеояд, чи тавре мегуянд: «кулл бо чамъи
чузъхои худ баробар нест». Дар мавриди додашуда сухан
дар бораи чунин хамкории устувори сохторхои таркибии
як система меравад, ки новобаста аз мухторияти инкишоф
ва вариантнокии зухурот айнияти системаро нигох медо-
рад.
Принсипи яклухти барои шарх додани чунин ху-
сусиятхо, аз кабили хифз шудани тавсифдихандахои асо-
сии объектхо новобаста аз вариантнокии кисматхои тар-
киби (масалан, хифз шудани хусусиятхои мухими шахсият
дар тамоми тули инкишоф); хосилшавии хусусиятхои си-
фатан нав дар раванди хамкории системахо (масалан,
пайдоиши психика дар раванди тахаввулоти организми
зинда) ва гайра истифода бурда мешавад.
- Принсипи фаъоли. «Фаъолиро чун самараи хам-
корихои захирашаванда бахо додан мумкин аст»- кайд
кардааст олими рус Пономарев Я.А. Аз ин нуктаи назар,
фаъоли яке аз хосиятхои олами зинда мебошад, зеро махз
системахои зинда тачрибахои гузаштаро «захира» намуда,
барои мутобикшави ба шароитхои зист истифода меба-
рад. Яке аз имкониятхои мухими захираи тачриба – ин си-
стемаи асаб ва психика мебошад. Аз ин ру организми
зиндаи дорои психика хамзамон дорои имкониятхои за-
минавии фаъоли низ мебошад. Дарачаи фаъолии орга-
низм аз сатхи тараккиёти психика вобастаги дошта, бо
тахаввулоти он имкониятхои бештари фаъолии организм
ба вучуд меояд.
Тавассути принсипи фаъоли хусусияти инъикоску-
нандаги доштани психика ва вобаста ба таъсироти мухит
фаъолу тагйирёбанда будани он шарх дода мешавад.
- Принсипи субъектноки. Дар дарачаи баланди
тараккиёти организми зинда имкониятхои фаъоли ба он
сатхи инкишоф мерасад, ки имконияти ба вокеият аз
нуктаи назари манфиатхои худ бахо додан ва хамзамон аз
ин нуктаи назар ба он таъсир расониданро фарохам
меоварад. Системаи зиндаи дорои чунин имкониятхои
фаъоли субъект мебошад. Дар омузишхои психологи дои-
мо ва хатман мавкеи субъект ба эътибор гирифта меша-
вад.
Ин принсип хусусияти инфироди доштани чараёни
дарку маърифати оламро шарх медихад.
- Принсипи тачдид. Яке аз масъалахои мухими
тадкикоти психологи ба омузиши бевосита дастрас набу-
дани ходисахои психики аст. Махз ин масъала ташаккули
психологияи илмиро тули асрхои зиёд ба таъхир мегу-
зошт. Мактабхои гуногуни психологи ин масъаларо бо
роххои гуногун хал кардани мешуданд: чонибдорони ин-
троспексия пешниход карданд, ки рохи ягонаи омузиши
ин ходисахо худмушохида аст, бихевиористон бошад чу-
нин ходисахоро умуман сарфи назар карда, ба мушохидаи
зухуроти берунии он – рафтор каноат мекарданд ва гайра.
Дар асри XX нуктаи назар ба ин масъала тагйир ёфт.
Пешниход гардид, ки дар байни хусусиятхои мушохида-
шавандаи рафтор ва фаъолият аз як чониб ва хусусиятхои
ходисахои нихонии психики аз чониби дигар, як катор
монандихо вучуд доранд. Махз дар асоси ин гипотеза
солхои 30- юми асри XX олими рус С.Л.Рубинштейн
принсипи маъмули ягонагии шуур ва фаъолиятро кор
карда баромад. Мавкеи психологияи муосир ба ин
масъала бо нуктаи назари Рубинштейн умумият дошта
дар принсипи тачдид ифода меёбад.
Мохияти ин принсип дар он ифода меёбад, ки агар
дар холати ошкор гардидани хамоханги ва хамкории
занчиравии сохторхои таркибии як система яке аз
унсурхои он ба омузиши бевосита дастрас набошад, пас
он дар асоси хусусиятхои хамкории унсурхои дигари ба
омузиши бевосита дастрас тачдид карда мешавад.
Методхои Методхои тадкикоти психологи систе-
тадкикоти маи амалиёти аз нуктаи назари методо-
психологи логи асоснокшудае мебошанд, ки ба да-
рёфт ва коркарди далелу бурхони илми
доир ба предмети психология равона шудаанд. Дар ба-
робари ин, методхои тадкикоти психологи шаклхои ба
омузиши психологи махсусгардонидашудаи методхои
умумиилмии тадкикоти мебошанд. Чуноне, ки маълум аст
тамоми методхои илми муосирро ба намудхои назарияви,
эмпирики ва шархдиханда чудо мекунанд.
Методхои назарияви чунин методхое мебошанд, ки
хангоми онхо тадкикотчи на бо вокеияти омухташаванда,
балки бо образхо, формулахо, схемахо, системаи ало-
матхои забони ва дигар унсурхои фаъолияти фикри кор
мебарад. Ба таври дигар гуем, тадкикоти назарияви – ин
амалиёти фикри бо объекти омузиш аст. Натичаи татбики
методхои назарияви мачмуи донишхои хулосави – ман-
тики мебошанд. Дар тадкикоти психологи чунин ме-
тодхои назарияви истифода бурда мешаванд: а) методи
дедуктиви, яъне хулосабарории мантики дар шакли гуза-
риш аз мухокимахои умуми (кулл) ба мухокимахои кисми
(чузъ). Натичаи ин метод дар шакли назария, конунхо ва
гайра ифода меёбад; б) методи индуктиви, яъне хулосаба-
рори дар шакли гузариш аз чузъ ба кулл. Натича – гипоте-
заи индуктиви, конуният, таснифот, басистемадарории
зухурот ва г.; в) Тамсиласози (моделсози), яъне хулосаба-
рори дар шакли «гузариш аз чузъ ба чузъ», ин методро
методи аналоги низ ном мебаранд, зеро хангоми он ба чои
объекти мураккаб объекти аналогии нисбатан дастрас
(тамсила) мавриди тадкик карор мегирад. Натича – тамси-
лаи (модели) объект, раванд ва ё холат. И.А.Зимняя хам-
чунин методхои зерини назариявиро фарк мекунад: ап-
проксиматсия – ифодаи такрибии ягон бузурги тавассути
бузургии дигари нисбатан содда; аксиоматизатсия – исти-
фодаи аксиоматикии нуктахои заминавии ягон назария
(аксиома – ин мавкеи ибтидои ва асосии назария аст, ки
асоси далелхои дигар нуктахои ин назарияро ташкил до-
да, дар доираи он бе талаби исбот истифода бурда меша-
вад); экстраполятсия – пахннамоии хулосахои аз му-
шохидаи як кисмати зухурот бадастомада дар кисмати ди-
гари он; праксиметрия – баррасии амал ё мачмуи амалхои
гуногун аз нуктаи назари мукаррарнамоии натичабахшии
онхо.
Тадкикоти эмпирики (аз юн. эмпирия-тачриба) барои
тафтиши дурустии тахминхои назарияви баргузор мегар-
дад ва хангоми он тадкикотчи на бо рамзхо, балки бо ху-
ди объекти тадкикот системаи амалиётро ба анчом мера-
сонад. Натичаи татбики методхои эмпирики – ин маълу-
моти объективии ифодакунандаи холати объект дар асоси
нишондихандахои воситахои махсус мебошад. Мухимта-
рин методхои эмпирикии умумиилми: а) мушохида; б) оз-
моиш; в) методхои андозагири ба шумор мераванд. Дар
тадкикоти психологи шаклхои махсусгардонидашудаи ин
методхо васеъ истифода бурда мешаванд.
Методхои шархдихи чун методхои назарияви ифода-
кунандаи кор бо тасвири аломатию рамзии объект (гра-
фикхо, чадвалхо, схемахо ва г.) мебошад, вале дар фарки-
ят аз он амалиёти фикри набуда, аз тадкикотчи фаъолии
«беруни»- ро талаб мекунад. Бо ёрии ин методхо мукоиса
ва тахлили натичахои аз тадкикоти эмпирики бадастома-
да амали гардонда мешавад.
Методхои тадкикоти эмпирики дар байни се гурухи
зикршудаи методхо накши асосиро ичро мекунанд, зеро
агар кисмати тачрибавии тадкикотро сарфи назар намо-
ем, пас методхои назарияви ва шархдиханда ахамият ва
асоси илми – объективии худро аз даст медиханд. Асосно-
кии методхои тадкикоти эмпирики тавассути се меъёри
асоси назорат карда мешавад. Хар як методи тадкикоти
бояд: 1) объективи; 2) валиднок ва 3) эътимоднок бошад.
Объективи будани методи тадкикоти илми чунин
шарх дода мешавад: он бояд аз ирода ва шуури инсон во-
баста набуда ба конунхои олами вокеи тобеъ бошад.
Валиднок будани методи илми дар он ифода меёбад,
ки он бояд ба кадри кифоя барои тадкик ва баходихии
предмети тадкикот мувофик бошад.
Эътимоднок будани метод ифодакунандаи он аст, ки
бояд хангоми истифодаи такрори ва бисёркарата хамон як
натичахо ба даст оварда шаванд, яъне механизми
натичагири тасодуфи набуда, бояд устувор бошад.
Дар илми психология чунин методхои тадкикоти эм-
пирики истифода бурда мешаванд: мушохида, экспери-
мент, сухбат, мусохиба, пурсиш, анкета, тестхои психо-
логи, методи тахлили махсули фаъолият. (Накшаи 1.)
Хар яки ин методхоро ба таври муфассал дида меба-
роем:
Мушохидаи психологи. Дар зери мафхуми мушохида
идроки максадноки объектхоро мефахманд. Мушохидаро
модари илм шуморидан мумкин аст, зеро хамагуна до-
нишхои илми аз мушохидаи зинда ибтидо гирифтаанд.
Мушохида дар миёни методхои тадкикотии психология
низ аз хама кадимтар ва дар айни замон содда ва даст-
растарин ба шумор меравад. Ин метод хамчун методи ил-
мии эмпирики хануз аз чахоряки аввали асри XIX дар
тадкикоти психологи васеъ истифода бурда мешуд. Авва-
лин истифодабарандагони мушохидаи илмии психологи
духтур – психиатрхо буданд, ки дар клиникахо рафтори
беморони худро ба таври систематики мушохида намуда,
натичахои онро кайд ва тахлил менамуданд. Ин метод ай-
ни замон дар сохахои психологияи клиники, ичтимои, пе-
дагоги ва синнусоли, психологияи мехнат ва дигар
сохахое, ки дар онхо бакайдгирии рафтори табиии одам
дар шароитхои барои у одати ахамияти мухим дорад ва
таъсири озмоишгар раванди хамкории одамро бо мухит
вайрон месозад, истифода бурда мешавад.
Методи мушохида бо як катор хусусиятхои худ аз
мушохидаи хаёти фарк мекунад, аз чумла:
- он аз руи накшаи пешаки ва тартиби мукарраргар-
дида амали гардонида мешавад; - он раванди максаднок аст ва максади асосии он ба
даст овардани маълумоти объективи дар бораи объекти
мушохидашаванда мебошад; - он шаклхои махсуси бакайдгирии натичахои му-
шохидаро истифода мебарад, ки минимизатияи таъсири
омили субъективиро пешбини менамоянд.
Вобаста ба ин ва дигар меъёрхо, мушохидаи илми аз
мушохидакунанда донишхои махсуси назарияви, мала-
кахои касби ва тайёрии махсусро талаб мекунад.
Мушохидаи психологи аз намудхои дигари му-
шохидаи илми (биологи, физики, астрономи ва г.) низ
куллан тафовут дорад. Ин тафовут пеш аз хама дар ху-
сусиятхои предмет ва объекти мушохидаи психологи аён
мегардад. Объекти мушохидаи психологи мураккабтарин
ва пурасрортарин мавчуди руи олам – одам ва хамкории
он бо одамони дигар, яъне гуруххои ичтимои мебошад.
Кайд кардан лозим аст, ки мушохидаи психологи баъзан
олами хайвонотро низ фаро мегирад, вале максади он бо
рохи мукоиса ошкор сохтани конуниятхои инкишофи фи-
логенетикии психикаи инсон мебошад. Предмети му-
шохидаи психологиро рафтору кирдори одамон ва меха-
низмхои психологии амалигардии онхо ташкил медиханд.
Тадкикотчи метавонад хусусиятхои мухталифи рафтори
харакати ва шифохиро мушохида намояд, ба монанди 1)
амалиёти шифохи (мазмун, паихами, зуди, давомноки,
шиддат ва г.); 2) харакатхои гайришифохии нутки (имо ва
ишорахо, ифодаи киёфаи руй, харакатхои чашм, бадан ва
г.); 3) чойивазкуни дар фазо (харакат ё холатхои бехара-
катии одамон, масофаи байни онхо, суръат ва самти хара-
кат ва г.); 5) амалиёти чисмони (даст расонидан, бардо-
штан, гузоштан, зарба задан ва монанди инхо).
Дар илми психология намудхои гуногуни методи
мушохидаро фарк мекунанд, аз чумла: мушохидаи мунта-
зам ва гайримунтазам, мушохидаи «кулли» ва интихоби,
мушохидаи ошкоро ва махфи, мушохидаи бавосита ва бе-
восита, мушохидаи воридшуда, мушохидаи лонгитюди
(дарозмуддат) ва инчунин худмушохида.
Мушохида агар аз руи накшаи пешаки муайянкар-
дашуда чараён гирифта, хангоми он хусусиятхои
бакайдгирифташавандаи рафтор муайян ва шароитхои
мухити ихотакарда гурухбанди шаванд, бакайдгирии ху-
сусиятхои предмети тадкикот дар даврахо ва ё шароитхои
гуногун ба накша гирифта шавад, пас онро мушохидаи
мунтазам меноманд.
Хангоми мушохидаи гайримунтазам бакайдгирии во-
бастагихои сабаби ва тавсифи пурраи зухурот мухим
набуда, тадкикот бо тасвири як катор нишондихандахои
чамъбастшудаи рафтори фард ё гурух дар шароитхои му-
айян каноатманд мегардад. Ин намуди мушохида дар эт-
нопсихология, психологияи ичтимои ва дар психологияи
синнусоли васеъ истифода бурда мешавад.
Дар мавриди мушохидаи кулли тадкикотчи ё гурухи
тадкикотчиён тамоми хусусиятхои мушохидашавандаи
рафтори объектро ба кайд мегиранд. Хангоми мушохидаи
интихоби бошад, танхо ба чанбахои муайяни рафтор
диккат дода мешавад. Масалан, танхо такроршавандагии
бадхашми ё ин ки муддати амалиёти якчояи модару кудак
дар давоми руз ба кайд гирифта мешавад.
Чунин шакли баргузории мушохидаи психологи, ки
хангоми он мушохидашаванда аз раванди мушохида огох
аст, мушохидаи ошкоро меноманд. Хангоми мушохидаи
ошкоро хусусиятхои шахсияти психолог ва давомнокии
раванди мушохида ахамияти мухим доранд, чунки барои
бартараф намудани таъсири «назорат» ба у лозим меояд
дар муддати муайян ва бо рафтори мувофик «худи» буда-
ни худро нишон дихад, то мушохидашавандагон бо у унс
гиранд. Аксар вакт вокиф будани мушохидашаванда ба
чараёни табиии мушохида таъсири манфи мерасонад, зеро
«назорати» беруни боиси тагйирёбии рафтори вай мегар-
дад. Дар чунин холат мушохидаи махфи бештар натича
медихад, ки хангоми он объекти мушохида аз раванди он
огох нест.
Мушохидаи психологи метавонад ба таври бевосита
ва ё тавассути воситахои техники амали гардонида шавад.
Дар холате, ки он тарики «мушохидаи зинда» чараён ги-
рифта, ба сифати воситахои бакайдгири танхо имкони-
ятхои табиии одам ва каламу когаз баромад мекунанд, су-
хан дар бораи мушохидаи бевосита меравад. Хангоми му-
шохидаи бавосита ду намуди воситахо истифода бурда
мешаванд: а) воситахои ёрирасон (дурбин, девори аз як
чониб шаффоф – девори Гезелл, дастгоххои банаворгирии
махфи ва г.); б) воситахои бакайдгирандаи раванди му-
шохида (дастгохи суратгири, видеобанаворгиранда, даст-
гохи сабти садо ва г.). Хангоми мушохидаи бевосита хо-
тири мушохид накши мухимро ичро мекунад, зеро дар чу-
нин холат то пайдо шудани фурсат ва мавкеи кайди
натичахо муддати муайян мегузарад, ки он на танхо эхти-
молияти фаромуш шудани далелхо, балки инчунин дар
раванди кайди он рох ёфтани таассуроти субъективиро
низ ба вучуд меоварад. Ин холат хусусан хангоми
татбикнамоии мушохидаи воридшуда равшан аён мегар-
дад. Баъзан, унсурхои тадкикшаванда дар мухити махдуд
ё махфи ба амал меоянд ва ё бо камтарин тагйироти мухит
дигаргун мешаванд. Мушохида «аз як чониб», дар чунин
маврид ва як катор холатхои дигар натича намедихад ва
зарурати ба «олами» фард ё гурухи мушохидашаванда во-
рид шудан ба вучуд меояд. Чунин мушохидаро мушохидаи
воридшуда меноманд. Мушохидаи воридшуда хангоми
тадкики гуруххои чинояткор, гурухи наврасони вайрон-
кор ва коллективхои харби истифода бурда шуда, аз му-
шохид талаб мекунад, то худ аъзои ин гуруххо бошад.
Хангоми тадкикоти инфироди бошад, ин шакли методи
мушохида дар мавриде истифода мешавад, ки максади
мушохида зарурати робитаи доимии табии доштанро бо
мушохидашаванда ба вучуд оварад, масалан хангоми му-
шохидаи рафтори кудаки хурдсол.
Хангоми мушохидаи воридшуда низ метавон аз му-
шохидаи ошкоро (масалан, хангоми омузиши хусусиятхои
рафтори кухнавардон ё экипажи киштии зериоби) ва ё
мушохидаи махфи (масалан, хангоми мушохидаи рафто-
ри гурухи кудакон ва ё махбусони як камераи хабсхона
тавассути воситахои ёрирасон) истифода намуд.
Мушохидаи воридшуда вобаста ба хусусиятхои худ
аз мушохид донишу махорат, малакахои касби ва омо-
дагии махсусро талаб мекунад.
Гохо хусусиятхои предмети мушохида омузиши мун-
тазам ва тулонимуддатро такозо мекунад, масалан дар хо-
лати омузиши раванди ташаккулёбии кобилиятхои эчодии
шахс. Дар чунин холат мушохидаи лонгитюди ба накша
гирифта мешавад, ки маънояш мушохидаи дарозмуддат ё
кашолёфта мебошад.
Шакли махсуси методи мушохида, ки танхо дар пси-
хология истифода бурда мешавад – худмушохида мебошад.
Ин метод хануз дар асри XVII хамчун «ягона» имконияти
омузиши олами ботинии инсон шакли илмимонандро касб
карда бошад хам, бо кашф шудани методхои нисбатан
объективии омузиши психика он то андозае сарфи назар
карда шуд. Аммо ахамияти илмии худмушохидаро нодида
гирифтан нашояд, аввалин тасаввурот дар бораи олами
ботин махз тавассути мушохидаи фикрхо, хиссиёт ва та-
ассуроти худ ба вучуд меоянд. Имруз низ худмушохида
барои психолог – тадкикотчи ахамияти мухим дорад. У
дар фаъолияти касбии худ бо рафтори гуногуни одамон
вохурда, кушиш менамояд, ки механизмхои психологии
онхоро ошкор созад. Дар аксари чунин холатхо психолог
ба тачрибаи шахси, аз он чумла ба тахлили фаъолияти
психикии худ ру меоварад. Бо вучуди чунин бартарият, ба
даст овардани маълумоти асосноки илми бо ёрии худму-
шохида нихоят душвор аст, ки ин дар мавчудияти як ка-
тор камбудихо ифода меёбад. Аввалан, мушохида наму-
дани фикрхо, таассурот, тасаввурот ва хиссиёти худ нихо-
ят мушкил аст, зеро онхо дар зери таъсири мушохида ё
тагйир меёбанд ва ё катъ мегарданд. Дуюм, хангоми худ-
мушохида хоху нохох назари субъективи таъсири худро
мерасонад ва саввум, хангоми натичагири аз худму-
шохида баъзе тобишхои таассуроти хешро ифода кардан
гайриимкон аст. Вобаста ба ин норасоихо, тадкикотчие,
ки ба худмушохида ру меоварад, бояд натичахои онро
танхо дар сатхи фарзиявии тадкикот истифода намуда, бо
ёрии методхои имконпазири объективи тафтиш кунад,
хангоми натичагири таъсири мушохида ва субъективизм-
ро ба эътибор гирад, каблан малакаи бахои объективи до-
дан ба таассуроти худро андузад.
Ташкил ва баргузории мушохидаи психологии
тадкикоти як катор талаботи худро дорад. Мушохида бо-
яд:
- дар шароитхои барои объект мукаррари баргузор
гардад. Дар шароити гайримукаррари рафтори одатии
объект тагйир меёбад; - тасодуфи набошад ва аз руи барномаи пешаки
тархрезикардашуда чараён гирад, зеро накшаи пешаки
имконият медихад, ки дар муддати нисбатан кутох да-
лелхои зарури ба даст оварда шаванд; - максади муайян дошта бошад. Тадкикотчи бояд
аник донад, ки чиро мушохида кардан лозим аст, вагарна
мушохида танхо ба гирд овардани далелхои алохида таб-
дил меёбаду халос; - на ба таври фрагментари, балки мунтазам баргузор
гардад, зеро бакайдгирии сахнахои алохидаи рафтори
объект метавонад ба хулосабарорихои нодуруст мусоидат
намояд; - ба кадри имкон муддати зиёдтарро фаро гирад. Чи
кадаре, ки давомнокии мушохида зиёд бошад, хамон ан-
доза далелхои бештар ба даст меоянд ва эхтимолияти
бахои тасодуфи додан бартараф мегардад; - бо тавсифи зухуроти берунии ходиса махдуд
нашуда, табиати психологи ва асоси илмии онро ошкор
намояд; - яке аз талаботи мухим хагоми мушохидаи махфи –
ин пинхон нигох доштани раванди он аз мушохидашаван-
да мебошад, зеро таъсири назорати беруна доимо
тагйирёбии рафторро ба вучуд меоварад.
Мушохидаи тадкикоти аз руи тартиби мукарраргар-
дида гузаронида мешавад ва он аз чунин даврахо иборат
аст: 1) муайян кардани предмети мушохида (рафтори
тадкикшаванда), объекти мушохида (фард ё гурухи
алохида) ва вазъияте, ки мушохида бояд дар он сурат ги-
рад; 2) интихоби усули (намуди) мушохида ва тарзи
бакайдгирии он; 3) тартиб додани барнома ё накшаи му-
шохида (вазъият, объект, вакт); 4) интихоби методи кор-
карди натичахо; 5) коркардабарои ва шархи маълумоти
бадастовардашуда.
Чунин роххои бакайдгирии далелхои мушохида
мавчуданд: 1) рузномаи мушохида; 2) протоколи пай дар
пай; 3) протоколи стандарти ё хронометраж. Дар замони
муосир аз воситахои техникии кайди маълумоти му-
шохида (видеонавор, суратгири ва сабти садо) низ исти-
фода бурдан мумкин аст.
Афзалияти методи мушохида
дар он ифода меёбад, ки он нисба-
тан содда ва дастрас буда, мавод ва
тачхизоти зиёдро талаб намекунад.
Аммо он аз камбудихо низ холи
набуда, як катор норасоихо дорад,
аз чумла:
- вакти зиёдро талаб мекунад,
чунки зухуроти рафтори му-
шохидашавандаро интизор шудан
лозим меояд; - ба таъсироти субъективи
бештар дастрас аст, зеро аз идроки
мушохид вобастагии зиёд дорад; - дар баъзе маврид, хусусан
хангоми мушохидаи махфи
масъалахои хукуки ва ахлокиро ба
миён меоварад, чунки бе огохнамои
ва ичозати мушохидашаванда
амали мешавад.
Расми 2. Намунаи авва- лин тачхизоти экспери- менти психологи: а – эсте- зиометри Спирман; б – тахистоскопи Ч.М. Кет- тел; в – хроноскопи Гипп |
Экспериманти психологи. Экс-
перимент ё озмоиши психологи ме-
тоди асосии тадкикоти психологи
ба шумор меравад. Донишхои объ-
ективи ва назарияхои илмии психо-
логи махз бар асоси натичахои ин
метод устуворанд. Асосгузори экс-
перименти психологи олим – таби-
атшиноси немис Г.Т. Фехнер (1801-
1887) шуморида мешавад, ки ду
дахсола каблтар аз таъсисёбии оз-
моишгохи Вундт як катор методхои
эксперименталии психологиро кор
карда баромада буд, аммо аз
таърих маълум аст, ки озмоиши психологи аз чониби му-
тафаккирони замони пешин, аз чумла Абуали ибни Сино
низ истифода бурда шудааст.
Психологи рус В.Н.Дружинин эксперименти психо-
логиро таъриф дода, чунин кайд кардааст: «ин фаъолияти
якчояи озмудашаванда ва озмоишгар аст, ки аз чониби
озмоишгар ташкил дода шуда, ба тадкики хусусиятхои
психикаи озмудашаванда равона мегардад».
Мохияти методи озмоишро ба таври сунъи ба вучуд
овардани вазъияти барои зохиршави, омузиш ва
баходихии хусусияти додашуда мувофик ташкил медихад,
яъне хангоми он тадкикотчи бар хилофи методи му-
шохида зухуроти рафторро интизор нашуда, вазъияти ба-
рои зохиршавии он заруриро ба вучуд меоварад. Аз ин
нуктаи назар, озмоиш дар мукоиса бо мушохида методи
фаъол аст. «Мушохида он чизеро чамъ меоварад, ки таби-
ат ба у пешкаш кардааст, тачриба бошад чизи заруриро
худаш аз табиат мегирад», навишта буд физиологи рус
И.П.Павлов. (Павлов И. П. Полн. собр. соч., т. II, кн. 2.
М., 1951, с. 274).
Тадкикотчи худаш вазъияти барои тадкикот зарури-
ро ба вучуд оварда, як катор имкониятхоро сохиб меша-
вад. Аввалан, вакт сарфа карда мешавад, баъдан, омузиш
ва идораи таъсири шароит имконпазир мегардад. Сониян,
вобаста ба имконияти ивазнамоии шароит (масалан,
тагйир додани супориш ё шарти вазифаи дар назди озму-
дашаванда гузошташуда) имконияти ошкор сохтани воба-
стагихои сабабу натичавии ходисахои психики ба вучуд
меояд. Инчунин дар тадкикоти экспериментали такрор ба
такрор гузаронидани тачриба имконпазир аст, ки усту-
вори ва асоснокии маълумоти бадастоварашударо собит ё
инкор карда метавонад. Баъдан озмоишро метавон дар як
вакт бо микдори зиёди озмудашавандагон баргузор
намуд.
Вобаста ба тартиби ташкил ва баргузории экспери-
мент ду намуди асосии онро фарк мекунанд: эксперименти
лаборатори ва эксперименти табии.
Тадкикот хангоми эксперименти лаборатори дар оз-
моишгохи психологи, бо ёрии дастгоххои махсус баргузор
мегардад. Озмудашаванда огох аст, ки бо у озмоиш гуза-
ронида мешавад ва аз руи дастури пешниходшаванда амал
мекунад (баъзан максади аслии озмоиш ба озмудаша-
вандагон ошкор карда намешавад). Озмоиши лаборатори
дар омузиши унсурхои мухталифи фаъолияти психики, аз
чумла дар тадкики протсессхои сенсори (эхсос), персеп-
тиви (идрок), мнемики (хотир), интелектуали (тафаккур,
акл), мотори (харакат, аксуламалхо), иродави ва характе-
рологи васеъ истифода бурда мешавад.
Дар мавриди эксперименти табии шароити
бавучудовардашуда ба мухити мукаррарии хаёти озмуда-
шавандагон монанд буда, мазмуни табиии фаъолияти
онхоро нигох медорад ва бо ин хусусияти худ имконият
медихад, ки таъсири шароити нав ба психикаи озмудаша-
ванда бартараф карда шавад. Эксперименти табии бори
аввал соли 1910 аз чониби А.Ф.Лазурский (1874-1917) ба-
рои омузиши шахсияти мактаббачагон кор карда барома-
да шудааст. Ин шакли озмоиши психологиро ба намудхои
гуногуни фаъолияти одам: бози, таълим, мехнат татбик
намуда, унсурхои психикаро дар шакли табии ва дар ра-
ванди тараккиёташон омухтан мумкин аст, зеро чи тавре,
ки маълум аст, психика дар чараёни фаъолият зохир ме-
шавад ва инкишоф меёбад.
Хамчунин эксперименти констативи (мукаррарку-
нанда) ва ташаккулдихандаро фарк мекунанд. Экспери-
менти констатави ба мукарраркунии алокахои дар ра-
ванди инкишофи психики шаклгирифта равона гардида-
аст, яъне хангоми он хусусияти алохидаи психики муайян
ва сатхи инкишофи он мукаррар карда мешавад. Экспери-
менти ташаккулдиханда бошад имконият медихад, ки ху-
сусиятхои чунин потсессхои психики, ба монанди идрок,
хотир, тафаккур ва гайра максаднок ташаккул дода ша-
ванд. Таълимот дар бораи эксперименти психологи – педа-
гогии ташаккулдиханда ба олими рус В.В.Давидов таал-
лук дорад.
Хангоми гузаронидани эксперимент дуруст
банакшагирии он ахамияти мухим дорад. Банакшагирии
анъанави ва омилии экспериментро фарк мекунанд. Дар
холати банакшагирии анъанави зухуроти психики дар зе-
ри таъсироти ягона омухта мешавад ва хангоми банакша-
гирии омили бошад, омилхои таъсиррасонанда ва шаро-
итхои таъсир тагйирпазир ва ивазшавандаанд. Бартарии
банакшагирии омили дар он ифода меёбад, ки хангоми он
имконияти бахо додан ба таъсироти байнихамии омилхо
ва зухуроти омухташаванда имонпазир аст.
Раванди ташкил ва гузаронидани эксперименти пси-
хологи тартиби муайян дошта, аз чунин даврахо иборат
аст: 1) омодаги. Экспериментатор чои баргузории озмоиш
ва тачхизоти заруриро омода менамояд. Агар дастури ба
озмудашаванда пешниходшаванда мураккаб бошад, пас
якчанд озмоиши санчиши газаронида мешаванд. Нишон-
доди озмоиш тартиб дода мешавад, ки он бояд аз чум-
лахои соддаи хар кадоме дорои на зиёдтар аз 11 калима
иборат бошад. Кисматхои мухими нишондод бояд бо сар-
хат чудо карда шаванд. Фахмидашавандаги ва соддагии
нишондоди тартибдодашударо бо рохи санчиши пешаки
дар 5-10 озмудашаванда тафтиш кардан лозим аст; 2)
пешниходи нишондод ва маромноксозии озмудаша-
вандахо. Нишондод ба озмудашавандахо пешниход карда
мешавад ва он бояд унсури маромноккунанда дошта
бошад. Бо ин максад пешниходи пардохти маблаги муа-
йян, ахборот дар бораи кобилиятхо ва хусусиятхои шахси,
ёри дар халли мушкилоти шахсии психологи ва монанди
инхоро истифода бурдан мумкин аст; 3) баргузории экс-
перимент. Пеш аз хама ба мукаллафи, холати саломати ва
хохишмандии озмудашаванда ба иштирок дар озмоиш
бовари хосил намудан лозим аст. Амалиёти худи экспери-
ментатор низ аз руи барнома сурат мегирад ва у бояд бо
дастуре, ки паихамии амалиёти уро муайян мекунанд,
таъмин бошад. Дар раванди озмоиш иштироки ёвар низ
зарур аст, у ичрои корхои фаръи (ёрирасон)- ро ба зима
мегирад. Вазифахои асосии ёвар одатан аз пур кардани
протоколи озмоиш, аз чумла бакайдгирии чавобхои озму-
дашаванда, мушохидаи рафтор ва холати озмудашаванда,
назорати хар гуна тамоюлхо аз тартиби стандартии озмо-
иш, хамчунин назорат аз болои кори тачхизоти истифо-
дашаванда иборат аст; 4) Мусохибаи пасазозмоиши. Пас
аз анчоми озмоиш бо озмудашаванда сухбат гузаронида,
дар бораи таассуроти у пурсидан зарур аст. Бо ин максад,
одатан анкетахои муайян истифода бурда мешаванд. Дар
охир барои иштирок дар раванди эксперимент ба озмуда-
шавандагон ташаккур гуфтан лозим аст.
Чуноне, ки кайд гардид, бартарии методи экспери-
менти психологи асосан дар сарфаи вакт ва идораша-
вандагии ваъият ифода меёбад, ки ин албатта афзалияти
бузург аст, вале методи эксперимент низ аз камбудихо
холи нест, аз чумла:
- озмудашаванда аз раванди озмоиш огох аст ва ин
хох – нохох ба рафтори у таъсир мерасонад; - экспериментатор бевосита дар раванди озмоиш
иштирок мекунад ва максадгузориву интизорихои у аз оз-
моиш хох – нохох дар амалу рафтор ва нутки у ифода ёф-
та, ба ин восита ба озмудашаванда таъсир мерасонанд; - озмоиш заминаи муайяни модди ва техникиро талаб
мекунад ва вобаста ба ин баъзе мушкилотро пеш меова-
рад.