Главная / Илм / Принсипхои тахлили лоихаи инноватсиони

Принсипхои тахлили лоихаи инноватсиони

Дар асоси амали лоихави ба фаъолияти сармоягузори ва инноватсионии корхона принсипи воридшавии пули мавчуд аст. Барои хамин самаранокии тичорати дар асоси тавсияхои методологии бахои самаранокии лоихахои сармоягузори ва интихоби онхо барои маблаггузори муайян карда мешавад.

Ба сифати нишондихандахои асосии лоихахои инноватсиони тавсияхои таълимоти мукарар карда мешавад:

  • самаранокии молияви (тичорати), ки натичахои молиявиро барои иштирокчиёни лоиха ба хисоб мегирад;
  • самаранокии бучети, ки натичахои молиявиро барои бучети хамаи дарачахои идоракуни (корхона, соха, минтака, давлат) ба хисоб мегирад;
  • самаранокии иктисодии умумихалки, ки харочот ва натичахои берун аз манфиатхои иштирокчиёни лоихаро низ ба хисоб мегирад.

Кайд кардан зарур аст, ки баробари нишондихандахои зикршуда хусусиятхои арзиши дошта, инчунин ахамияти ичтимои, сиёси ва экологии лоихаи инноватсиониро ба хисоб гирифтан зарур аст.

inovaХусусияти тахлили инноватсиони пеш аз хама дар васеъшавии доираи масъалахои ташкил, баходихи, интихоб ва маблаггузории он ифода меёбад, ки дар навбати худ кори тахлилгаронро мушкил мегардонад. Дар тахлили лоихахои инноватсиони масъалахои зиёд пайдо мешаванд. Якум, микдори объектхои тахлишаванда меафзояд.

Зиёдшавии объектхои тахлилшаванда асосан бо навигарии махсулот, номуайянии вазъи бозор, хусусияти интихоби максадноки дастгохи истехсоли ва технологи, тайёри ба бозомузии кадрхо, инчунин бо таваккали техники, технологи ва тичорати алокаманди дорад.

Гайр аз инхо хангоми коркарди навовари ба масъалахои хукуки, институтсионали, экологи ва ичтимои низ бояд диккат дода шавад.

Дуюм, баходихии навоварихо водор месозад, ки усулхои сифати ва ояндабини истифода шаванд. Барои баходихии сифатии зарури хам усулхои сандартиирегрессиони, корелятсиони, тахлили молияви ва хам усулхои тархрезии вазъияти, эхтимоли ва интерактиви истифода карда мешавад.

Сеюм, хангоми баходихии навоварихо ду «чои махдуд» вучуд дорад, ки ташхису ояндабинии натичахои Корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори ва баходихии амалишавандагии лоиха мебошанд. Чараёни баходихии амалишавандагии лоиха аз менечер на танхо ихтисоси баланд, балки фаросати комилро талаб менамояд. Аз ин сабаб агар хангоми тахлили лоихахои сармоягузори истифодаи усулхои стандарти имконпазиранд, тахлили навоварихо бошад мутобиксозии усулхои сифати ва микдории гузаронидани тахлили киёсии моделхои омилиро талаб менамояд.

Умуман барои баходихии арзишии навовари на танхо як усул, балки мачмуи усулхои аз руи зарурият пайдарпай истифодашавандаро муайян кардан лозим аст.

Тахлили иктисоди ба истифодабарии усули «харочот-самараноки» асос меёбад. Нишондихандахои сифатии инноватсиони ва чолибияти сармоягузории он дар асоси баходихии назорати (эксперти), ташкили акидахои пешниходшуда, усули санчиши ва дарёфти хатохо, дарахти максадхо ва усули намоиши хисоб карда шуда, бахо дода мешавад.

Дар тахлили низомии инноватсиони ба усули «харочот- самараноки» мавкеи назаррас дода мешавад. Ин усул дар муайянкунии харочоти умуми, яъне харочотхои молияви, модди, мехнати ва дигар захирахои дар чараёни инноватсиони сарфшаванда, накши махсусро ичро мекунад. Мархилаи банакшагири ва бахисобгирии харочотхо яке аз мархилахои мухими татбики инноватсияхо ба шумор меравад. Махз дар хамин мархила маълумот оиди баходихи ва амалишавандагии лоихаи инноватсиони ташаккул меёбад.

Агар харочотхои инноватсиониро тавсиф дихем, пас онхо метавонанд дар тамоми даврахои хаётии инноватсиони чой дошта бошанд, ба монанди: харочот барои Корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори, барои истехсол ва истифодашавии инноватсияхо. Дар навбати худ харочоти Корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори чунин хурочотхоро дар бар мегирад: харочоти коркарди назарияи инноватсияхо, тадкикотхои бунёди ва амали, харочоти тадкикотхои лаборатори, банакшагирии техники, ташкили хуччатгузории инноватсиони, харочоти намунаи тачрибави, санчиши он, харочоти назорати сифат ва музди мехнати кормандони ба Корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори чалбшуда.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222