Главная / Гуногун / Протестантизм – равияи дини насрони

Протестантизм – равияи дини насрони

Протестантизм (эътирозиён) яке аз се равияи бонуфузи дини насрони буда, дар асари нахзати густардаи ислох (реформация), ки алайхи равияи католики дар асри XVI шуруъ шуда буд, ба вучуд омадааст. Протестантизм аз Олмон бо нахзат ва таълимоти Мартин Лютер (1483-1546) огоз гардида, баъд аз сари у тамоми Аврупоро фаро гирифт. Ин нахзатро пас аз Лютер Томас Мюнцер (наз.1490-1525), Ульрих Цвингли (1484-1531), Жан Кальвин (1509-1564) сарвари кардаанд.

protesta

Омили асосии пайдоиши ин чараёни нави насрони зухури табакаи нави ичтимои бо номи буржуази ва по ба арсаи вучуд ниходани сохти нави чамъияти, яъне сармоядори буд.

Манфиати ин табакаи чадид ва системи иктисодии он зарурати озодии маънави ва сохибихтиёрии бештари одамонро такозо мекард. Аз ин ру, онхо бар зидди конунхо сохти феодали ва калисои католикии хомии он бо шиддат мубориза огоз карданд ва дар нихоят омили мухимтарин навоварии мазхабию эътикоди «протестантизм» гардид.

Асли ислох иборат аз он буд, ки Худои осмониро Лютер дар калби одамон чой кард. Хакку хукуки хар фардро дар озодиву сохибихтиёри дар умури дини ва имон тибки акли шахси ва ба василаи имони калбиаш эътироф кард.

Протестантхо алайхи бидъатхои калисои катуликро, ки худро миёнрав байни Худо ва мардум эълон карда буд баромаданд.

Гояи асосии протестанти иборат аз он аст, ки ба начот танхо бо имони комил ба марги Эсои Масех чихати кафорати гунохои инсоният мушарраф шудан мумкин аст. Хар як насрони, тибки эътикоди протестантхо, баробари гусли таъмид ва имон овардан, «огохи» ё «шиносои» (посвяшение) низ пайдо мекунанд ва эхтиёч ба хеч миёнраве надорад.

Протестантизм ба мукобили дуо барои мурдагон, сачдаву ибодати чойхои мукаддас, эътикоду парастиши турбатхо ва тимсол (икон)-хо баромаданд.

Зимнан таваччух кунед, хар кадар динхо аз асрхои миёна ру ба даврони нав мераванд, хамон кадар маросим ва тазахуроти дини ва бидъатхои асримиёнаги мохияти худро гум мекунанд.

Хулоса, протестантизм тамоми фасод ва тазохурпарастии калисо ва попхои катуликро, ки дар тули асрхои миёна бо таассуби мазхаби, таклиду тазохур ба чомеаи аврупои хокимият мекард, фош намуд. Сохтори калисои протестанти, хам дар меъморию ороиш ва хам дар русуми ибодат ва конуни рахбоният, аз калисои катулики фарки чидди дорад.

Харакати ислохи масехият як гардиши бузурге дар таърихи фарханги ва ичтимоию иктисодии Аврупо буд. Пайдоиши ин равия на танхо ба озодии мазхабию маънави, балки аз хама мухим, ба рушди сареъи иктисодию ичтимои, ташаккули чамъияти сармоядори кумаки бенихоят бузурге кардааст.

Протестантхо баъдан ба фиркахои зиёде таксим шудаанд, ки аз маъруфтарини онхо: лютеранхо, калвинистхо, баптистхо, адвентистхо, иеговистхо, методистхо мебошанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222