Главная / Илм / Психика хамчун предмети тадкикоти

Психика хамчун предмети тадкикоти

Психика мафхуми марказии психология мебошад. Аз кадимулайём мутафаккирон дар
атрофии мазмуну мохият ва табиати ин мафхум бахсу мунозира менамоянд. Мубохи-
сони ин масъала асосан аз ду мавкеъ, мавкеи идеалисти ва мавкеи материалисти баромад мекунанд. Идеалистон аз замони Афлотун ва кабл аз он то имруз даъво доранд, ки
идея, рух, психика аз азал вучуд дошт ва он олами материалиро офарид. Психологияи идеалисти бо организм ва шароитхои хаёт вобаста будани психикаро инкор мекунад. Материалистон бошанд аз Демокрит ва Арасту то ин замон исрор мекунанд, ки ашё, материя аввалин буда, рух, психика махсули он мебошад. Афкори идеалисти ва материалисти то замони мо такрибан баробар инкишоф ёфтаанд, вале аз асри XIX сар карда, дар асоси кашфи як катор конунхои табиат бартарии материализм мушохида мешуд. Дарачаи олии тараккиёти материализм, материализми диалектики мебошад, ки дар асоси акидахои тахаввулотии
Ч.Дарвин аз чониби файласуфони немис К.Маркс ва Ф. Энгелс кор карда баромада шудааст. Материализми диалектики дар замони муосир хамчун асоси фалсафии хама илмхо, аз чумла психология дониста мешавад. Мувофики таълимоти материализми диалектики, ашё, материя аввалин буда, психика ва шуур махсули он мебошанд. Хамин тавр психика хосияти ашё аст, аммо он на ба хама ашё, балки танхо ба ашёи дар дарачаи олии тараккиёт карордошта, яъне магзи сар хос аст. Файласуфи рус В.И.Ленин кайд кардааст, ки: «тамоми ашё хосияти инъикосро сохибанд», вале хамзамон кайд кардан лозим аст, ки чи ва чи тавр инъикос намудан аз дарачаи тараккиёти системаи инъикоскунанда вобаста мебошад. Дар робита бо ин се намуди асосии инъикос фарк карда мешавад: физики, физиологи ва психики.

Инъикоси физики хоси тамоми ашё, аз чумла табиати гайризинда аст. Ба он мисол шуда метавонад инъикоси равшани, садо ва гайра. Инъикоси физиологи танхо ба мавчудоти зинда хос аст, масалан ру ба офтоб харакат кардани гули офтобпараст, аз таъсири ангеза ба хаячон
омадани хучайраи асаби ва гайра. Инъикоси психологи бошад танхо ба он мавчудоти зинда хос аст, ки дорои узви инъикоскунанда- магзи сар мебошанд. Мисоли ин намуди инъикос образи ашё, ходиса, хиссиёт ва монанди инхо мебошад, ки дар тасаввуроти мо вучуд доранд. Инъикоси психики табиати инфиродиро дошта, таркиб ва мазмуни он дар одам аз синну сол, тачрибаи хаёти ва тарбияи у вобаста аст. Хамин тавр материализми диалектики собит намуд,
ки махз инъикоси психики ё психика бояд мавзуи бахси психология бошад. Дуруст аст, ки мафхуми психология дар замони муосир низ дар фахмиши умуми чун «илм дар бораи психика (рух)» дониста мешавад, Вале акнун худи мафхуми «психика» мазмуну мохияти худро комилан дигар намудааст.Он айни замон чун инъикоси субъективии олами объективи ё образи идеалии хакикати реали бахо дода мешавад. Психика акнун на «сояи бечисм», на субстансияи алохида, балки хосияти ашёи ба дарачаи оли ташаккулёфта, яъне хосияти магзи сар аст. Хамин тавр, психика функсияи магзи сар аст, ки дар инъикос намудани
олами ихотакарда ифода меёбад. 
Худи психика мафхуми мучаррад буда, ба аърифати
хисси дастнорас аст. Аммо он дар рафтор ва фаъолияти субъект дар се шакли ходисахои психики зохир мешавад. Шаклхои зухуроти психика- ин протсессхои маърифати, холатхои рухи ва хусусиятхои фарди-психологи мебошанд. Дар зери протсессхои маърифати як катор унсурхои психика фахмида мешаванд, ки субъект тавассути онхо олами атроф, ашёву ходисот, чамъият, конунхои табиат, чамъият ва инчунин худро дониста мегирад, яъне маъри-
фат мекунад. Ин унсурхо диккат, эхсос, идрок, хотир, тафаккур, хаёл ва гайра мебошанд.

Холатхои рухи зухуроти психикиеро ифода мекунанд, ки заминаи эмотсионалии муносибати субъектро бо ашё ва ходисоти олами ихотакарда тавсиф медиханд. Ба онхо эмотсияхо, хиссиёт ва гайра мансубанд. Хусусиятхои фарди-психологи бошанд, он гурухи зухуроти психикиро муттахид мекунанд, ки тафовути инфиродии рафтору фаъолияти субъектро дар вазъиятхои гуногун ифода мекунанд. Ин се шакли зохиршавии психика онро ба омузиши объективи дастрас мегардонанд. Аммо омузиши объективи набояд бо шархи ходиса махдуд
шавад, он бояд конуният ва механизмхои зухуроти ходисаро низ ошкор созад. Хамин тавр, предмети илми психологияро конуниятхои пайдоиш, тараккиёт ва зухуроти
психика ташкил медихад. 
Вобаста ба он, ки ба зухуроти психики омилхои гуногун, аз кабили ашё, ходисот ва вазъиятхо таъсир расонида метавонанд, психология барои ба даст овардани далелу бурхони илми доир ба предмети тадкикотиаш тамоми ин омилхоро мавриди омузиш карор медихад. Аз ин ру, объекти илми психология – ин мачмуи зухуроти омухташавандаи хакикати атроф мебошад, ки бо психика
алокаи мутакобила доранд.
Дар байни ин зухурот рафтор ва фаъолият мафхумхои асосианд, вале ин ду мафхум аз чониби илмхои дигар, ба монанди физиология,
чомеъашиноси, илми ахлок ва гайра низ мавриди омузиш карор гирифтаанд. Аз ин ру, кайд кардан лозим аст, ки хар яки ин илмхо чанбаи алохидаву муайяни рафторро мутобик ба предмети тадкикоти худ дарёфт ва тадкик мекунанд. Агар физиология функсияи узвхои организмро хангоми ичрои амалу рафтор ва фаъолият, механизмхои ичрои амал, чомеъашиноси ва илми ахлок ахамияти ичроиши рафтору фаъолиятро омузанд, пас психология фаъолият ва рафторро хамчун механизмхои зохиршавии психика бахо дода, унсурхои психики ва ахамияташонро дар тараккиёти минбаъдаи психики чустучу мекунад, механизмхои танзими психикии онхоро ошкор менамояд ва гайра. Рафтори субъекти дорои психикаи солим доимо аз таъсири олами ихотакарда асос ёфтааст. Олами берунаро
инъикос намудаистода, одам хамзамон ба таъсироти мухталифи он аксуламал зохир менамояд ва тавассути назорати шуурона рафтори худро ба шароитхои мунтазам
тагйирёбандаи мухит мутобик месозад. Дар баробари ин одам дар раванди инкоси олами ихотакарда на танхо конунхои табиату чамъиятро маърифат мекунад, балки онхоро барои каноатманд намудани талаботи моддию маънавии худ истифода мебарад. Дар фаъолияти одам зухуроти психики парешон ва аз хамдигар чудо ба амал намеоянд. Онхо байни хам дар робитаи зич карор доранд. Дар раванди ташаккули одам хамчун аъзои чамъият, хам-
чун шахсият, зухуроти мухталифи психикии байнихам робитаи мутакобиладошта тадричан ба сохтори психикии устуворе табдил меёбанд, ки одам онро ба халли масъалахои хаётан мухими пешоянда равона мекунад. Психикаи инсон мохиятан аз психикаи хайвони оли-
тарин хам бо он фарк мекунад, ки унсури олии назораткунанда, яъне шуурро дорост. Шуур шакли олии инъикоси психикии олами объективи аст, ки дар кобилияти худназоратии субъект ифода меёбад. Шуур мачмуи донишхои моро дар бораи вокеият ифода карда сохаи даркшавандаи психика ба шумор меравад. Психологи рус А.В.Петровский чахор тавсифдихандаи психологии шуурро баён кардааст. Аввалан у
шуурро чун мачмуи донишхо дида баромада, мухимтарин протсессхои психикиро, ки дар чамъовари ва хифзи ин донишхо иштирок мекунанд ба сохтори он шомил медонад. Тавсифдихандаи дуюми шуур, ба акидаи олим, аз чониби он тафрикагузори шудани субъект ва объект аст. Одам махз тавассути шуур фахмида метавонад, ки чи ба «ман»-и вай тааллук дорад ва чи не. Тавсифдихандаи сеюм дар он ифода меёбад, ки шуур таъминкунандаи
максаднокии рафтори одам аст. Тавсифдихандаи чахорум дар он ифода меёбад, ки шуур баркароркунанда ва муайянкунандаи муносибати одам бо вокеият аст. «Муносибати ман бо мухити атрофи ман – ин аст шуури ман»навишта буд К.Маркс Шарти хатмии ташаккул ва зохиршавии тамоми хусусиятхои дар боло зикргардидаи шуур – забон мебошад. Донишхо танхо хангоми фаъолияти нутки хосил мешаванд. Одам «ман»-и худро мешиносад ва дар асоси донишхои хосилшуда ва чудо намудани худ аз олами атроф муносибати одам бо олами вокеи ба вучуд меояд. Дар натича одам оламро маърифат мекунад ва рафтори максаднок содир менамояд. Хануз аз давраи Лейбнитс мавчудияти сохаи бешуури низ аён гашта буд. Минбаъд таълимотро дар бораи бешуури З.Фрейд ва пайравони у инкишоф доданд.
Айни замон дар асоси таносуби шуур-бешуури назарияи фрейдизм якчанд дарачаи психикаро фарк мекунад: Бешуури- мухтавои принсипан ба шуур дастнораси психика мебошад, ки максадгузорихои арзишноки нихони, мавкеъгирихо, маромхо ва таркиботи ядрои энергетикии шахсро муттахид мекунад. Зершуур- хотироти фишорхурдаи эмотсионалиест, ки метавонанд бо ёрии техникаи психоанализ ба шуур дастрас гарданд.

Тошуури- таркиботест, ки дар холати зарурат метавонад ба осони ба сохаи шуур ворид шавад.

Шуур- мухтавои фахмидашавандаи психика мебошад, ки ба танзими иродави тобеъ аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222