Таърихи инкишофи донишхои
психологи дар асрхои миёна
давраи дурударозеро дар бар
мегирад: аз асри V то асри XVI ва нимаи аввали асри
XVII. Ин давраро замони пайдоиши тараккиёт ва пастра-
вии сохти чамъиятии иктисоди, феодали мехисобанд. Фе-
одализм дар даврахои асримиёнаги дар Шарк нисбат ба
Гарб дида пештар зухур кард. Маданияти Хитой, Хинду-
араб, Эрон ва Осиёи Миёна нисбат ба гарб дида, пештар
инкишоф ёфтааст. Мутаассифона, дар Шарк шароитхои
муайяне ба вучуд омадаанд, ки ин ба рафти тараккиёти
капитализм монеа шуданд ва дар натича инкишоф
тадричан аз Шарк ба Гарб кучидан гирифт.
Ин давраро хар хел баходихи менамоянд. Гума-
нистхо ин давраро замони «торики» ва «чахолат» номи-
данд, вале мутафаккири бузург Ф.Энгелс онро зери
танкид гирифт. Дар асл, ин давра мутафаккирони зиёдеро
ба майдон овард, аз кабили Томас Мор ва Томазо Компа-
нелла, Р.Бэкон, Абуали Сино, Н.Коперник, Г.Галилей,
Умари Хайём, Низоми, Данте, Шекспир, Сервантес ва г.
Хамаи ин далолат аз он мекунад, дар ин давра шахси-
ятхои маъруф ва варзида дар сохахои гуногун илм, адаби-
ёт ва санъат ташаккул ёфтаанд. Се дин ( буддои, ислом ва
насрони) тахдоби устуворро ба вучуд оварданд ва чахон-
бинии асримиёнаги характери диниро гирифт. Масчидхо
институти асосии дин ба хисоб мерафтанд.
Донишхои психологи дар давраи феодализми эвро-
пои низ инкишоф меёфтанд ва дар равияи номинализм
инъикоси худро пайдо менамуданд. Номинализм бо ра-
вияи дигари фалсафи – реализм мубориза мебурд. Хар ду
дар доираи схоластики амал мекарданд. Бахси онхо дар
масъалаи муносибати чузъ ба кулл ба амал омада буд.
Яъне, оё кулл мустакил вучуд дорад, ё сохиби хастии
алохида аст, ё дар ашёи алохида вучуд дорад, ва оё табиа-
ти чисмиро дорост ё не?
Яке аз намояндагони давраи асримиёнаги рохиби
доминикани Фомаи Аквини (1226-1274) буд. У мураттиби
схоластикаи ортодоксали дониста мешавад. Ба акидаи
Фома, рух ягона дорои хасти аст ва аз чисм чудо мебошад.
Рух сарчашмаи харакати чисм аст.
Фомаи Аквини маърифати табии ва фавкуттабииро
фарк мекунад. Маърифати табииин донистагирии хакикат
туфайли эхсосхо ва акл мебошад. Дар ин раванд накши
узвхои ботинию беруни калон аст. Эхсос амали узви бадан
аст – чашм, гуш ва гайра, ки инъикоси алохидаи ходи-
сахоро таъмин менамояд. Акл натичаи амали ягон узв
нест. Акл маърифати одамро васеъ намуда, дарачаи
хискуниро баланд мебардорад ва инъикоси чамъбастии
ходисахоро мекунад. Фома, умуман модарзоди будани
донишхоро рад намуда, вале додашуда будани баъзеи
онхоро эътироф мекард, аз кабили аксиомахои матема-
тики, ки онхоро чанинхои дониш номида, аз чониби чудо
дода шуданашонро таъкид мекард. Фомаи Аквини шуур-
ро яке аз механизмхои маърифат мехисобад. Ба кавли у,
дар рухи инсон як куввае аст ва онро «интенсия» (сухани
ботини) номид, ки он ба амали идроку маърифат равияи
хосро медихад.
Минбаъд ба туфайли тараккиёти саноат, савдо,
бахрнаварди, кори харби, яъне ба шарофати таракки ёф-
тани истехсолоти модди-сохахои техника, табиатшиноси,
математика ва механика инкишоф ёфт. Хамаи ин талаб
мекард, ки бояд хирад аз схоластика рахо ёфта, ба дарки
илмии олам ва одам ру оварад. Хамин тавр, давраи эхё ё
худ тачаддуд ба вучуд омад.
Намояндаи аввалини ин давра Р.Бэкон (1214-1292)
буд, ки накши тачриба ва мушохидаро дар рафти маъри-
фат баланд бардоштааст. Ба акидаи у, тачриба имконияти
маърифат намудани чисмро дорад, вале дар донистагирии
рух ин кудратро надорад. Барои маърифати рух чизи ди-
гаре зарур аст, чун илхом, ки имконияти дониста ги-
рифтани онро дихад.
Давраи эхё ё худ тачаддуд мафхуми «гуманизм»-ро ба
майдони илм овард ва аз ин ру ин давраро «Кашфиёти
одам» номиданд. Гуманистхо Николаи Кузани (1401-
1464), А.Данте (1265-1321). Ф.Петрарка (1304-1374) идеяи
гуманизмро таргиб ва кудрати маърифати инсонро таъкид
менамуданд. Ба андешаи Н.Кузани, инсон бо воситаи
фаъолияти эчодии магзи сари худ ба худо як навъ шабохат
дорад.
Дар сохаи механика ва математика, астрономия
кашфиётхои гуногун (Н.Коперник, И.Кеплер, Ч.Бруно,
Г.Галилей) ба амал омаданд. Ба акидаи онхо, бояд
конунхо, ходисахои вокеи, протсессхо тахлил гарданд ва
мохияти онхо ошкор карда шаванд, чунки табиат махз ба
конунхо итоат мекунад. Хамин тавр, тафаккури илми ин-
кишоф меёбад ва протсесси маърифт намудан туфайли
тачрибахо сурад мегирад.
Схоластхои немис Р. Гоклениус ва О.Кассман бори
аввал (1590) мафхуми «психология»-ро истифода бурданд
ва ин аз он шаходат медихад, ки дар он давра ба
масъалахои психологи таваччух ва шавку хаваси хосае
зохир намудаанд.