Тасаввуротхои аввалин доир ба рух
дар даврахои кадим пайдо шуданд.
Онхо пеш аз хама дар акидахои дини,
асотир, эчодиёти бадеии халк – назм, афсона ва гайра
инъикос ёфтаанд. Ин тасаввуротхои тоилми аз мачмуи
донишхое, ки туфайли илм ба даст оварда мешаванд, ко-
милан фарк мекунанд. Рух дар ибтидо хамчун зухуроти
фавкуттабии, хамчун чонвараке дар ботини хайвон ва ё
худ хамчун «одамчае дар ботини одам» дониста мешуд.
Хамин тавр, фаъолияти хайвонот ва одам аз руи мавчуди-
яти рух дар онхо бахо дода шуда, оромии онхо хангоми
хоб ва марг аз набудани рух далолат мекард. Хоб гойибии
муваккати ва марг гойибии доимиро ифода менамуд. Та-
саввуротхои аввалини илми доир ба рух ба шарх ва рав-
шан намудани вазифахои он равона шуда буданд. Ин та-
саввуротхо дар фалсафаи кадим пайдо шуда, таълимотро
доир ба рух ба вучуд оварданд. Таълимот доир ба рух ша-
кли ибтидоии донишхо буда, дар рафти он тасаввуротхои
илмии психологи ташаккул меёфтанд. Ин андешаро Л. С.
Виготский таъкид намуда мегуяд, ки «.. психология бояд
аз идеяи рух ибтидо гирад» (Виготский Л. С. Собр. соч.
Т.1-М., 1982.-С.429).
Конунияти асоси ва умумии тараккиёти донишхои
илмии психологиро муборизаи фикрию акидави байни
чараёнхои идеализм ва материализм ташкил медихад.
Фахмиши идиалистии психика дар он зохир мешавад, ки
психика ва шуур аз протсессхои олами модди чудо гар-
дида, ба як субстансияи махсуси рух табдил дода мешу-
данд. Муносибати материалисти шархи сабабии зухуроти
ходисахои психикиро ифода мекунад. Дар заминаи он дар
даврахои муайяни таърихи фаъолияти психики бо
фаъолияти магзи сар алокаманд карда шуд. Дар таърихи
психология ду давраи калонро чудо мекунанд: якум, вакте
ки донишхои психологи дар заминаи илми фалсафа ва ди-
гар илмхо, пеш аз хама табиатшиноси инкишоф дода
мешуд; дуюм вакте ки психология хамчун илми мустакил
таракки мекард. Давраи якум аз асри VI то мелод то ни-
маи асри XIX давом мекунад. Давраи дуюмро зиёда аз 150
сол (аз нимаи дуюми асри XIX то замони хозира) ташкил
медихад. Барои он ки омузиши донишхои психологиро
дар мамлакатхои гуногун барох монему дониста гирем,
лозим меояд, ки таърихи инкишофи афкори психологиро
ба даврачахои хурду калон аз руи принсипи хронологи,
фазоиву тереторияви ва табдили нуктаи назархо тасниф
кунем. Чунин даврабандии донишхои психологи дар
таърихи психология кабул шудааст.
Таълимоти материалсти доир ба рух хамчун кисми
таркибии фалсафаи материалисти дар асри VI то мелод ба
вучуд омада, таърихан шакли аввалини фалсафаи Юнони
кадим махсуб меёбад. Куллаи баланди материализи ан-
тика материализим атоми буд, ки асосгузорони он Демо-
крит ва устодаш Левкипп (асри V то мелод) ба шумор ме-
рафтанд. Демокрит дар даврони инкишофёбии сохти
гуломдори хаёт ба сар бурдааст ва шохиди рушду нумуи
илм, санъат (меъмори, хайкалтароши) ва адабиёт дар ин
аср гаштааст.
Атомистхо оламро вохиди томи аз заррахои бешу-
мори хурдтарине иборат медонистанд, ки дар чойи холи
(«ба хар тараф шитоб мекунанд», «ба хар самт майл мена-
мояд») харакат