Главная / Илм / Психологияи аврупоии асрхои XVII – XVIII

Психологияи аврупоии асрхои XVII – XVIII

Инкишофи дониши тачрибави талаб менамуд, ки ба

чои методи схоластии та-
факкур методи нав маъмул шавад. Махсусан, тараккиёти
донишхои анатомию психологи дар бораи сохт, кори
чисм, ба вучуд омадани кашфиёту ихтироотхо фахмиши
рухро мазмунан дигар кард. Файласуфи англис Ф.Бэкон
(1561-1626) саромади материализми замони нав буда, рохи
нави тадкики рухро ба рох монд. У даъват намуд, ки ба
тадкики эмпирикии протсессхои рухи бояд гузашт.
Тадкикотхои Ф.Бэкон барои пайдоиши илми нав доир ба
шуур замина гузашт. У андешаи илми ягонаро дар бораи
одам инкишоф медихад, ки кисми асосии онро психология
ташкил медихад. Таълимот дар бораи одам, мувофики Ф.
Бэкон, аз ду кисмат иборат аст: яке аз онхо инсонро хамин
тавре, ки хаст, дида мебарояд; дуюмаш-муносибати уро ба
чамъият. Якумашро философияи одам номид ва дуюмаш-
ро философияи шахрванди. У ба одам натуралистона му-
носибат мекунад ва вобаста ба кисмхои таркибии инсон
(чисм ва рух), ду илмро чудо кард: илм дар бораии рух ва
илм дар бораи чисм. Ягонагии ин илмхо ва алокамандиа-
шон ба ташаккули хаёти солим имконият медиханд.

Ф.Бэкон кайд мекунад, ки илм бояд ба фактхо асос
ёбанд ва барои аник кардани онхо чунин методхои индук-
тивиро пешниход намудааст: мушохида, тахлил, мукоиса
ва тачриба. Тачриба дар сурате дониши сахех дода мета-
вонад, ки агар шуур аз «шабахи» калбаки фориг бошад.
«Шабаххои авлод» галатхоеанд, ки инсон дар бораи таби-
ат аз руи намунаи хаёти одамон мулохиза меронанд; «ша-
баххои гор»-ин галатхои фардианд, ки ба тарбия, табъу
завк, одати одамони чудогона вобастаанд; «шабаххои бо-
зор»-ин одати бе мулохизаи танкиди истифода кардани
акидахои маъмул аст; «шабаххои театр» бо эътикоди кур-
курона ба муътабарон алокаманданд. Ба акидаи ягон
шахси муътабар истинод накарданро принсипи асосии
илми медонист. Ф. Бэкон пайрави принсипхои материа-
листи бошад хам, ба мавчудияти худо икрор буд ва кону-
ниятхои хаёти чамъиятиро умуман идеалистона шарх ме-
дод.

айян мекарданд. Р. Декарт аксарияти асосхои математика

Агар Ф. Бэкон ба тадкики методи
эмпирию тачрибавии табиат пардохта
бошад, пас олиму файласуфи франсуз Р.
Декарт (1596-1650) баръакс, хирадро ба
мадди аввал гузошта, роли тачрибаро
аз санчиши оддии маълумоти интеллект
иборат кунанд. кушиш мекард, ки наза-
рияи ратсионализмро ба асос гирифта,
барои хамаи илмхо методи универсали
офарад. Ратсионализми у бошад дар
майнаи сари инсон идеяхои модарзоди-
яро раво медонист,ки ин идеяхо
натичаи донишро аз бисёр чихатхо му-
ва мантикро аз чумлаи идеяхои модарзоди медонист.

Р. Декарт дар китоби худи «Рагбатхои рухи»
масъалахои психологиро дида мебарояд. У ба боэътимо-
дии олами хисси шубха мекунад. Мо ба онхо аз руи
маълумотхои узвхои хисси бахо медихем, ки аксар моро
фиреб медиханд. Р. Декарт ба тафаккур такя намуда, онро
амали соф рухи ва гайримодди мепиндорад. Ин хулосаро
хамасрони у кабул накарданд. Масалан, Т. Габбс мегуяд,
ки «ман фикр мекунам, пас ба хулоса омадан мумкин аст,
ки ашёи фикркунанда чисми аст ва набояд ба хулоса омад,
ки субстансияи гайримодди мебошад» – (А.Н. Ждан. Ис-
тория психологии-М.: МГУ, 1990. – С. 78)

Чисми хайвону одамро Р.Декарт хамчун физик бахо
медод. Хамаи харакатхои мо ва гарми аз фикр новобаста-
анд ва ба чисм тааллук доранд. Аз ин ру «хатои бузург»
аст, ки агар протсессхои харакат ва гарми бо рух
алокаманд карда шавад ва дар робита бо ин мегуяд:
«Марг хеч вакт бо гунохи рух ба амал намеояд, балки бо
сабаби бархам хурдани ягон кисмати асосии бадан руй
медихад» «А.Н. Ждан. История психологии – М.: МГУ,
1990. – С. 80).

Хайвонот, ба акидаи Р.Декарт, рух надоранд. Хамаи
мураккабихоеро, ки дар рафтори хайвонот мушохида ме-
кунем, хатто дар хайвоноти олиташкил, он автома-
тизмхои табиат мебошанд. У як чизро таъкид мекунад, ки
хайвонот фикр намекунанд, зеро онхо номукаммаланд ва
забон надоранд. Аз ин ру мегуяд, ки «хайвонот аклу хирад
надоранд ва табиат дар онхо мувофики чойгиршавии
узвхояшон амал мекунад, чи навъе, ки соат аз чарху пру-
жина иборат асту вактро аник нишон медихад ва чен ме-
кунад нисбат ба мо, ки бо акламон ин корро ичро меку-
нем» «А.Н. Ждан. История психологии-М.: МГУ, 1990. –
С. 83).

Р.Декарт таълимоти ратсионалистиро доир ба
рагбатхо пешбари мекунад. Рагбатро хамчун хиссиёт бахо
дода, сарчашмаи зухуроти онро аз предмету ходисахои
олами беруна медонад. Ба рагбатхо зухуроти беихтиёри
хос аст ва танхо фикр онхоро идора мекунаду тарбия ме-
намояд. Р.Декарт рагбатхои аввалин ва дуюминро фарк
мекунад. Рагбатхои аввалин дар рух хангоми бо чисм
пайваст шуданашон зохир мешаванд ва онхо шаш
кисманд: хайрат, хохиш, мухаббат. нафрат, шоди, гусса.
Вазифаи ин рагбатхо аз он иборат аст, ки ба рух аз он ху-
сус чи хуб аст ва чи ба даст, хабар медиханд. Бокимонда
рагбатхо дуюмин шуморида мешаванд. Рагбатхо на танхо
хуби меоваранд, балки манбаи бади хам мебошанд. Аз ин
ру, масъалаи тарбияи рагбатхоро таъкид мекунад. Тачри-
баро воситаи бехтарини идоракунии рагбатхо мехисобад.
Одам бояд дар зиндаги мувофики коидаи муайян рафтор
карданро ёд гирад ва ба он одат кунад.

Чанбаи материалистии таълимоти Р. Декартро фай-
ласуфи нидерланди Б. Спиноза (1632-1677) инкишоф дод,
ки вай ба дуализм монизми материалистиро мукобил гу-
зашт. Асари асосии Б. Спиноза «Этика» ба шумор мера-
вад ва равияи ахлокиро дорад. У дар ин китоб масъалаи
муносибати фарди намуданро бо инсон тахлил намуда,
барои рохи хаёти озодонаро ёфтан ба одамон маслихату
тавсияхои илмии судманд медихад. Б. Спиноза таълимоти
монистиро кор карда баромад ва дар акида аст, ки як суб-
станция вучуд дорад ва хамаи чизро бо воситаи худаш
бахо додан мумкин аст. Зарурати мавчудияти ашёро дар
худаш чустучу кардан зарур аст. Хамин тавр, у мафхумхои
«мохият» ва «мавчудият»-ро фарк мекунад. Мохият-ин
тавсифдихандаи ашё аст, бе он ашё худ ба худ вучуд до-
шта наметавонад.

Б. Спиноза табиатро бо худо монанд мекард ва
мегуфт, ки он хусусияти мустакилиро дорад. Агар
Р.Декарт мавчудияти материяро амали эчодиёти худой
донад, он гох Б.Спиноза таъкид мекунад, ки табиат ба ху-
до эхтиёч надорад. У табиатро худову худоро табиат ме-
номид.

Б. Спиноза оид ба масъалаи маърифат ва аффектхо
андешарони намуда, чор воситаи хосил намудани до-
нишро муайян кардааст: а) аз руйи шунидахо ё аз руйи
ягон аломати ихтиёри; б) аз тачрибаи бетартибонаи гай-
ричашмдошт; в) бо рохи аз кулл ба чузъ хулосабарори
намудан; г) идроки бевоситаи мохияти ашё тавассути са-
бабхои наздиктарини он. Дар «Этика» ин роххои до-
нишхосилкуни дар се гурух тахлили худро пайдо намуда-
анд. Ду рохи аввал гурухи аввалро ташкил медиханд ва он
андеша ва хаёл мебошанд, ки дар шакли образхо вучуд
доранд. Ин дониши хираи баргалат аст. Гурухи дуюмро
акл ташкил медихад, ки он идеяхои умумиро дар бораи
хосиятхои мохиятдори ашё медихад ва он ба илм такя ме-
кунад. Гурухи сеюмро маърифати интуитиви (фаросат)
ташкил медихад. Дар ин холат хосиятхои мохиятдор бо
хусусиятхои фардии ашё дар ягонаги мебошанд. Хамин
тавр, Б. Спиноза харакати маърифатро аз абстраксия ба
конкрет мебинад, ки минбаъд материализми диалектики
онро инкишоф дод.

Файласуфи англис Ч.Локк (1632-1704) асосгузори
психологияи эмпирики буда, асари фалсафиаш «Тачриба
доир ба акли инсони» уро боз хам машхуртар гардонд.
Тарчумаи он ба забони франсави дар инкишофи фалсафа
ва психологияи франсави накши мухим бозид. У нуктаи
назарияи «идеяхои модарзоди»-ро рад карда, гумон дошт,
ки мо тамоми донишамонро аз тачриба ва эхсос хосил ме-
намоем. Одамон аз шиками модар бо гояхои тайёр ба дунё
намеоянд. Сари кудаки навзод тахтаи тозаест, ки хаёт дар
руи он накшахои худ-донишро сабт менамояд. Хамин
тавр Локк, баръакси ратсионализми Р. Декарт, сенсуа-
лизмро асоснок кард. Агар чизе пеш эхсос нашуда бошад,
пас дар ёд хам намешавад,-ин аст тезиси асосии Локк.
Эхсос зери таъсири чизхои беруни хосил мешавад. Ин
тачрибаи беруни аст. Фаъолияти худ ва тарзхои зухуроти
онро мушохида кардани магзи сар тачрибаи ботини- ре-
флексия аст. Пас Ч. Локк манбаи якуми донишхосилкуни-
ро агар дар тачриба ва дуюмашро дар эхсос дида бошад,
он гох сеюмашро дар рефлексия мебинад. Рефлексия ин
идроки ботинии мо-акл аст. Объекти асосии онхо идеяхои
пеш хосил шуда буда, органаш фаъолияти акли мо аст ва
самарааш идеяхои нав мебошанд. Тачрибаи ботиниеро, ки
Локк муайн кард, ба пайдоиши равияи интроспексия асос
гузошт.

Ч. Локк пайдоиши идеяхоро дар ассотсиатсияхо дид.
У шахси аввалин аст, ки мафхуми «ассотсиатсияи идеяхо»-
ро пешниход дар илм намудааст. Фикрхо ва ходисахо дар
асоси алокахо ба вучуд меоянд. Ин алокахо тавассути
тарбия ва одаткунихо пайдо мешаванд ва бо мурури за-
мон бархам мехуранд. Вазифаи тарбия аз он иборат ме-
шавад, ки дар кудакон пайдо шудани алокахои номатлуб
дар шуурашон пешгири карда шавад. Дар заминаи ин ме-
ханизм равияи нави психологияи ассотсиативи ташаккул
ёфтан гирифт.

Файласуфи немис Г.Лейбнитс (1646-1716) идеяхои
идеализми объективии Афлотунро инкишоф додааст ва
инчунин як катор акидахои комили диалектикиро баён
намудааст. Лейбнитс Г. чунин акидаро пешниход менамо-
яд, ки рух ва чисм хар яке ба худашон хос конуниятхоро
доранд ва махз ба онхо итоат мекунанд. Аз ин ру, муво-
фикати мутлаки руху чисм хеч вакт намешавад ва факат
байни онхо гармонияро (мутаносиби) ба вучуд овардан
мумкин асту халос.

Г.Лейбнитс модарзоди будани идеяхои интеллектуа-
лиро тарафдори мекунад. Эхсос агар аз назари Локк пас-
сив бошад, он гох мувофики таълимоти Лейбнитс Г., дар
эхсосхо фаъоли низ мавчуд аст, ки туфайли онхо идроки
пурраи предмет ба амал меояд. У махсусан апперсепсияро
ба асос гирифта, онро меъёри асосии эхсосу идрок мешу-
морад.

Психологияи англис дар асри XVIII аз эмпиризми
Ч.Локк ба суи ассотсианизм дар осори Ч.Беркли (1685-
1753) ва Д.Юм (1711-1776) инкишоф ёфт. Ч.Беркли пайра-
ви Ч.Локк буд ва аз сенсуализм ба идеализми субъективи
майл намуд. У дар китоби худ «Тачрибаи назарияи нави
бинои» (1709) таъкид менамояд, ки фаъолияти эхсоси би-
нои зимни ассотсиатсияхо ба амал меояд. Беркли об-
разхои биноиро бо забон мукоиса мекунад: босира барои
ломиса забон аст ва мазмуни тачрибаи биноиро ифода
мекунад. Акидахои Беркли дар психологияи эмпирикии
асри XIX инкишоф дода шуданд.

Англис Дуюм пайрави Ч.Беркли буда, дар рисолаи
худ «Рисола дар барои табиати одам» (1739) ва китобаш
«Тадкики шуури инсон» (1748) масъалаи ассотсиатсияро
инкишоф дод. У протсесси маърифатро ба ассотсиатсияхо
вобаста кард. Д.Юм хамаи холатхои шуурро ба «таассу-
рот» ва «идеяхо» таксим намуд. Идеяхо таассуротхои паст
мебошанд ва онхоро дар тафаккуру мухокима истифода
мебаранд. Идеяхо содда ва мураккаб мешаванд. Идеяхои
мураккаб бо рохи ассотсиатсия ба амал меоянд ва асоси
тафаккури илмиро ташкил медиханд. Ассотсиатсияхо му-
носибатхои сабабиву натичавиро дар ходисахо инъикос
менамоянд. Масалан, Д.Юм чунин тахлил менамояд: «нон
моро сер кард. Нон амалеро ичро мекунад, ки он сер кар-
дан аст. Минбаъд хам ин объект сабаби амал мешавад ва
натичаи он сери аст. Хамин тавр, бовари хосил мешавад,
ки чунин объектхои оянда чунин амалхоеро ба вучуд
меоваранд, ки яке сабаби дигаре мешаванд». Принсипи
асоси дар чунин хулосабарорихо одатхо ё худ принсипи
ассотсиатсия ба шумор меравад.

Намояндаи маъруфи равияи материалисти дар пси-
хологияи ассотсиативии асри XVIII духтури англис Давид
Гартли (1705-1757) буд. У ба тасаввуротхои физикии
И.Нютон такя намуда, механизмхои физиологии прот-
сессхои рухиро муайян кард. Ба акидаи у, хамаи кобили-
ятхои рухии одам аз магзи сар вобаста аст. Хаёти рухии
инсон дар асоси ассотсиатсияхо сурат мегирад. Алокахои
асаби асоси протсессхои хотир, хаёл, эхсос, мафхум,
мухокима, харакатхои ихтиёри ва аффектхоро ташкил
медиханд. Масалан, намуди одам моро ба идеяи номи у
мебарад. Гартли кайд мекунад, ки калима вазифаи
маърифатиро ичро мекунад ва инчунин иродавиро. Маса-
лан, аввалан калонсолон дар кудакон алокаро байни ка-
лима ва рафтору кирдорашон ба вучуд меоваранд, сипас
онхо ин рафторро туфайли иродаи худ содир мекунанд.
Пас, вазифаи тарбия дар он аст, ки ин алокахоро му-
стахкаму устувор гардонад.

Масъалаи рагбат дар психологияи Гартли чойи
мухимро ишгол мекунад. У рагбатхоро хамчун кувваи
харакатдихандаи рафтор дида мебарояд. Рагбатхои хубу
бади модарзоди вучуд надоранд. Рагбатхо натичаи тарбия
буда, дар асоси механизми ассотсиатсия зохир мешаванд.
Бояд кайд кард, ки таълимоти Гартли дар заминаи прин-
сипи детерминизм (сабабият) ба вучуд омадааст.

Хамин тарик, психологияи ассотсиативи хамчун
назарияе кабул шуд, ки он дар инкишофи психикии ода-
мон ва идоракунии рафтори онхо накши мухимро бозид.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222