Главная / Илм / РУЗА КОМИЛТАРИН БАРНОМАИ БЕХДОШТИ АСТ

РУЗА КОМИЛТАРИН БАРНОМАИ БЕХДОШТИ АСТ

уза илова бар тазкияи нафс, парвариши рухиёти нек ва ди-
гар фоидахои амики маънавие, ки дар бинои шахсият ва
пурбор намудани раванди худсозии инсон дорад ва илова
бар ачру савобе, ки барои банда аз он хосил мешавад, хамчунин бех-
тарин барномаи бехдоштй ва нусхаи (ретсепти) саломатии шахс низ ба
шумор меравад. Зеро дар натичаи пурхурй ва пайвастахурй дар чисми
инсон пасмондахои гизой ва русуботи хазмногаштае бокй мемонанд,
ки чисм ва дастгоххои полоишии бадан аз коркард, хазм ва ифроз (бе-
рун кардан)-и онхо аз бадан аксаран очиз меоянд.
Ин пасмондахои гизой ва русуботи хазмногашта пас аз муддатхо
ба сурати чарбихо, холестерин, намакхо, кандхо ва дигар захрхо дар
таркиби хун ва дигар мавзеъхои бадан зиёд гашта, аз меъёри зарурй
боло мераванд. Дар натича чисм короямй ва кобилияти фаъолиятро
то андозае аз даст медихад. Вакте кобилияти кории чисм поён рафт,
рух низ то андозае боландагии худро гум мекунад. Хамин тавр андак-
андак чисм пас аз муддатхо муковимат ва аз даст додани тавоноихои
кории худ ба беморихои гуногуне гирифтор мегардад.
Илми тиб имруз исбот намудааст, ки аксари беморихо дар нати-
чаи пурхурии доимй ва камтахаррукии чисмонй ба вучуд меоянд ва
гуруснагй ва харакати бештари чисмонй муваффактарин рохи дармо-
ни онхо мебошад. Имрузхо на танхо барои беморихои рухй гуруснагй
ва ё навъхои пархезро пешбинй менамоянд, балки барои беморихои
чисмй низ, ба монанди баланд шудани сатхи холестерини хун, канд,
чарбихо ва гайра ин дармонро муассиртарин равиши (методи) табоба-
тй медонанд. Ин чост, ки фоидаи руза хамчун барномаи комили бех-
доштй ва нусхаи пешгирикунанда аз беморихои зиёде собит мегардад.
Зеро вакте одам руза медорад ва муддате аз хурдану нушидан худ-
дорй менамояд, ба чисми худ имконият ва фурсат медихад, ки ба кор-
кард, хазм ва ифрози он пасмондахои иой ва русуботи зиёдатй дар
бадан пардозад ва баданро то андозае аз онхо пок ва тасфия намояд.
Дар китоби «Рухи дини исломй» дар бораи фоидахои бехдоштии
руза омадааст, ки ба василаи руза метавон беморихои зеринро муоли-
ча ва хамчунин аз гирифтор шудан ба онхо пешгирй намуд:
1. Руза дар муоличаи ташаннучот ва норохатии меъда ва рудахо,
ки хамрох бо туршшавии тарашшухоти зери меъда бошад, бисёр му-
фид аст. 
2. Руза аз фарбехии зиёд ва афзоиши вазн чилавгирй мекунад.
3. Руза аз фишори хун, ки дар натичаи изтироботи рухй ва пур-
хурии зиёд ба вучуд омада бошад, пешгирй менамояд. Рузаи мохи Ра-
мазон барои ба эътидол даровардани фишори хун неъмат ва баракати
бузурге аст, ба хусус вакте инсон аз хад зиёд фарбех шуда бошад.
4. Руза аз боло рафтани канднокии таркиби хун ва пешоб низ чи-
лавгирй менамояд. Зеро вакте чарбихои бадан кам шаванд, канди он
хам поён меояд. Руза хатто баъд аз кашфи инсулин хам яке аз бехта-
рин равишхои муоличаи бемории канд мебошад.
5. Руза норохатихои тунд ва барчомонда (музмин)-и гурдахоро, ки
бо варам ва тарашшух, хамрох бошанд, муолича менамояд.
6. Руза барои беморихои дил, ки бо варам хамрох бошанд, бисёр
фоида дорад.
7. Руза норохатй ва дарди барчомондаи пайвандхоро аз байн ме-
барад, ба хусус вакте ин дард дар натичаи фарбехй ва зиёд шудани
чарбихои бадан ба вучуд омада бошад. Аксари занон пас аз синни
чилсолагй ва зиёд гаштани чарбии баданашон ба дарди пайвандхо ги-
рифтор мешаванд.
Бар хамин асос, дини Ислом дуст медорад, ки пайравонаш дар
гайри мохи Рамазон низ чанд рузеро аз хар мох ва ё ба муносибатхое
руза бидоранд ва чисман ва рухан аз бахрахои нек ва баракоти ин
барномаи худсозй ва бевдоштй истифода намоянд. Шахси рузадор,
вокеан хам, худро пас аз поёни мохи Рамазон то муддате сабук, солим
ва болида хис мекунад. Вакте чанд рузеро аз хар мох руза медорад, бо-
ри дигар чунин фурсатхои муносиб ва имкониятро барои чисму рухаш
фарохам месозад, яъне ба парвариш ва бевдошти худ мепардозад.
Дар зарфи як мохе, ки бар асоси барномаи мохи Рамазон зиндагй
мекунад ва хурду хурок ва фаъолиятхои чисмии худро ба танзим мео-
варад, кори тамоми бадан, дастгохи гувориш (меъда), дил чигар ва…
дигар мешавад. Хачми дастгохи гувориш то андозае ба меъёри табиии
худ бармегардад. Бинобар ин, пас аз поёни мохи Рамазон бояд меъёри
муайянеро дар хурду хуроки худ риоя намояд. Зеро истифодаи аз ан-
доза зиёди маводи иой дар ин холат ба дастгохи гувориш осебхои
сахте ворид менамояд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222