Главная / Илм / Рахбоният, зухд ва ирфон дар масехият

Рахбоният, зухд ва ирфон дар масехият

Сарчашмаи зухд ва рахбоният дар дини масехи нахуст худи Библия буд. Аз чумла, суханони хаввори Павел, ки мегуфт. «Муъминони эсавиро аз зан ва мард шоиста аст, ки ба танхои зиндаги карда, душиза бимонанд».

Аввалин шахсе, ки ба ин рох рафтакуддус Антони аз ахолии Миср буд. Дар давраи аввал рахбоният дар сарзаминхои Миср, Шом ва сохилу навохии Осиёи Хурд ба нахваи горнишини, панох бурдан ба биёбон, хазидан дар гушаи харобахо, нишастан ба фарози сутунхои санги ва дохили шоххо ва магокихои дарахтон роич буда аст.

Баъдан ин сабки рахбоният давом наовард ва бар ивази он зухду узлати дастачамъи ё гурухи дар бинову иншооти махсус, ки дайр (монастир) ном гирифт, ривоч пайдо кард.

Аввалин дайрхои рахбонияти масехи дар мамолики Гарб хануз кабл аз чангхои салиби ба вучуд омада бошанд хам, танхо дар чараёни чангхои салиби ташкилот ва созмонхо гуруххои рохиби дар доираи тарикати систерсианхо ва бенедиктианхо созмон ёфтаанд.

Бенедиктианхо нахустин тарикати рахбонияти насрони дар Аврупои гарби буда, соли 530 аз тарафи Бенедикти Нурси асос ёфтааст.

Тарикати систерсианхо аз тарафи як нафар пайрави тарикати бенедиктион Роберти Молезми соли 1098 поягузори шудааст. Бенедикти мукаддас ба пайравони худ дастур дод, ки дар дайри худ ба корхои дасти ва дар сахро ва дуконхо машгули амали судманд бошанд.[1] Ба хондани китобхои мукаддас ва ибодат дар аснои руз ва кисмате аз шабро бигузаронд.

Аз тарикатхои маъруфи баъди метавон аз франсискианхо ва доминиканхо ном бурд. Тарикати франсискианхо дар ибтидои асри 13 аз тарафи Франсиси Ассизи дар Итолиё таъсис гардида. Мухимтарин хусусияти франсискианхо он аст, ки дайрнишин нестанд, балки бо мардум икомат доштанд ва бештар мусофират мекарданд ва дар байни мардум факру зухдро бо забони соддаи омма таргиб ва ба корхои хайрия машгул буданд.

dominiko-degusmaМуассиси доминиконхо Доминико де Гусман (1170-1221) буда, соли 1215 дар шахри Тулузи Испания ташкил гардидааст. Онхоро сагони худо низ меноманд, чунки нишонаашон саге бо машъали фурузоне дар дандон мебошад.

Дар тамоми Аврупо дайрхои мардона ва занона то имруз амал мекунанд ва аксари тарикатхои номбурда то холия вучуд доранд. Тибки маълумоти ибтидои солхои 80ум дар холи хозир дар Аврупо дар калисо катулики худуди 140 тарикати рахбоният, бо 150 хазор рохиб ва 1 миллион рохиба ба хисоб гирифта шудааст.

Дар олами масехи дар доираи рахбоният ирфон низ ба вучуд меояд. Яке аз орифони машхури насрони Бернар Клервов (1090-1153)-и франсави, асосгузори тарикати систерсианхо мебошад. Тибки акидаи у шахси солик дорои куддусияти осмони мешавад ва ба мартабаи ишки улви мерасад. Орифони насрони барои сайри сулук се мархала коиланд: тасфияи нафс, яъне пок кардани замиру ботини инсон аз хар гуна нопокихои фикриву равони (психики) ва нуронияти нафс, яъне мунаввар сохтани замир бо мухаббату ишки Парвардигор ва нихоят вахдати нафси мухиб бо махбуб (Худо)

[1]  Чун тарикати накшбандия, ки «даст ба кору дил ба ёр»ро шиор карда буданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222