Главная / Илм / Ракобатпазирии Сармояи зехни

Ракобатпазирии Сармояи зехни

Дар шароити маънавикунони, интеллектуаликунонии иктисодиёт сохаи саноатии хочаги аз иктисодиёти дониш кафо мемонад. Хамзамон дар баробари он сармояи инсони тадричан ба сармояи зехни гашта, мехнат бо эчодиёт иваз карда мешавад. Бо вучуди ин, асоси сармояи зехниро донишхои зехни ташкил медиханд. Бинобар ин ракобатпазирии иктидори инсони дар хама сохахои фаъолияти онхо пайдо шуда, дар навбати аввал ба таъмини ракобатпазирии технологи, ки дар асоси он бартарияти захирахои донишхои технологи, мехнатИ, сармоягузори, ташкилию идоракуниро дар бар гирифтааст, мувофикат мекунад. Ин донишхо байни хам алокамандии зич дошта, тавассути захирахо ва иктидори инсони муайян мегарданд.

intel_bДар Точикистон барои самаранок ноил гардидан ба максадхои гузошташуда дар доираи Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2015 дар катори афзалиятхои миллии рушди неруи инсони, ки асосан ба афзоиши хачм ва сифати хизматрасонии ичтимои ба ахолии камбизоат ва ноил шудан ба максадхои рушди хазорсола, фаъолнокии иштироки ахоли дар раванди инкишоф, тахкими шарики ичтимои нигаронида шуда, муайян карда шудааст.

Ракобатпазири дарачаи асосии иктисодиёти хозиразамон ва шарти мухими амалигардонии муттахидшавии кишвар ба хочагии беш аз пеш чахонишудаистодаи дуняви мебошад. Муттахидшавии амики мамлакат бо хочагии чахони маънои ба мачрои асосии рушди чахони дохилшавии онро дорад. Давлатхое, ки дар хочагии чахони дар як саф буда наметавонанд, худ аз худ дар кисмати карахтии иктисоди ва ичтимои мемонанд. Ташаккул додани иктисодиёти фарогиранда, ки бо риштахои молияви, истехсоли, тичорати, технологии бо хам пайваста ва якчоамалкунандаи сархадхоро бемонеа убуркунанда пайваст мешаванд, шароити мавчудияти давлатхои чудогонаро куллан дигаргун месозад.

Аз ин ру, хох нохох масъалаи ахамияти ракобатпазири, дарачахои бахогузори, омилхои таъмин кардани он ба миён меояд. Дар адабиёти иктисодии сершумор, ба корхои илмии солхои охир дар бораи ракобатпазирии иктисодиёти кишвар, механизмхои гуногуни таъмини он дахл карда мешавад, вале мохияти ракобатпазирихамчун категория дар назарияи иктисоди пурра муайян карда нашудааст. Бо вучуди ин ракобатпазири дар шароитхои васеъшавии хамгирои ва алокахои байналхалкии давлатхо дар хочагии чахони дарачаи хаматарафа фарогиранда дар низоми бозоргони хохад шуд.

Дар муайян кардани мохияти ракобатпазири донистани мафхуми «ракобат» (конкуренция), маънои дар ягон сахна ракобат кардани шахсони алохидаро, ки максади ягона доранд, дошта бошад. Дар микёси васеътар ракобатпазири муборизаи шарикони хамкор барои ба даст овардани кисми зиёдтари даромад, бозори фуруш, сарчашмахои ашёи хом ва гайраро мефахмонад.

Дар шароити муттахидшавии пайвастаи иктисодиёти чахони мафхуми «ракобатпазирии байналхалки» истифодаи васеъ пайдо кард, ки хангоми баходихихо ба хар як давлат дар низоми хочагии чахони истифода мешавад. Барои ичрои он якчанд усулхо мавчуданд. Хамчунин се маркази асосие мавчуд мебошад, ки бо масъалахои ракобатпазири машгуланд. Донишгохи Гарвард (ИМА), Форуми умумичахонии иктисодии Давос (Нуфузи Давос) ва Донишкадаи рушди менечменти Лондон.

Аз чониби Форуми умумичахонии иктисодии Давос 90 нишондиханда, ки дар 9 гурух муттахид карда шудаанд, ба назар гирифта мешавад. Бо дастури Донишкадаи Лондон бошад, 320 нишондиханда ва бахои эксперти бахогузори мешавад. Дар ин дастур мачмуи нишондихандахо, ки вазъияти мамлакатро дар низоми нуфузичахони муайян мекунад, пешниход шудааст. Дар байни онхо ба нишондихандахои мухими макроиктисоди, монанди хачми истехсолоти махсулоти дохили, суръати афзоиши он, истехсоли махсулот ба хар як нафари ахоли бахогузори мешавад.

Иктисодиёти ракобатпазирро бе иктидори ракобатпазирии инсони тасаввур кардан душвор аст. Захирахои инсониро ба яке аз омилхои асосии тараккиёти милливу чахони мансуб донистан лозим аст. Тахкики иктидори инсони солхои охир вусъат ёфта истодааст. Дар баробари ин чабхахои гуногуни он, аз чумла нишондихандахои демографи бештар мавриди тахкиккарор доранд. Чунин тахкики яктарафа ба назари мо он кадар кобили кабул нест. Иктидори демографи бешубха як кисми иктидори инсонист ва ташаккули афзоиши онро нишон медихад. Аз ин нуктаи назар микдори муайянкунандахои шумораи ахоли, сохторхои он ахамияти мухим касб мекунанд. Аммо дар шароити муттахидшавии мунтазами байналхалки сифати нави иктидори инсони ахамияти аввалиндарачаро сохиб мешавад.

Мувофики Тавсияхои Созмони байналхалкии мехнат (СБМ) №195 «Дар бораи рушди захирахои инсони: тахсилот, тайёр кардани кадрхо ва тахсилоти муттасил», ки дар Конфронси генералии СБМ (ш. Женева, 1 июни соли 2004) кабул гардидааст, гуфта мешавад, ки «тахсилот, тайёр кардани кадрхо ва тахсилоти муттасил ба таъмини манфиатхои шахрвандони чудогона, муассисахо, иктисодиёт ва умуман чамъият мутаносибан бо чунин нуктахои мухим хамчун машгулияти пурра, аз байн бурдани бенавои, таъмини муттахидшавии ичтимои ва афзоиши мунтазами иктисодиёт дар шароити чахонишавии он сахми муносиб мегузоранд».

Дар ин Тавсияномаи СБМ максадхои нихоии инкишофи захирахои инсони, неруи он аник нишон дода шудаанд ва онхо самтхои асосии ташаккули босифати неруи инсониро муайян намуда, сифати нави онро таъмин мекунанд. Онхо барои баходихии микдори неруи инсони дар асоси барномаи СММ, хисоботхои харсолаи афзоиши одамон ва нишондихандаи ривочи инсониро истифода мебаранд. Истифодаи ин нишондихандахо имкон медихад, ки нуфузи давлатхо дар иктисодиёти чахонишуда аз руи давомнокии миёнаи умри ахоли, холати саломатии онхо (ки аз руи андозаи харочотхои бевоситаи тибби муайян мешавад), саводнокии ахоли, хачми истехсолии дохили ба хар як нафари ахоли рост меомада, муайян карда шавад. Дар асоси консепсияи замонавии иктидори инсони сифати нави иктидори инсони ва таъмини ракобатпазирии он дар шароитхои муттахидшавии байналхалки ва чахонишавии иктисодиёт бояд ба назар гирифта шаванд.

Ба назар гирифтан лозим аст, ки амалигардонии консепсияи мехнати арзанда бояд барои коргарон, дар кучое, ки набошад, яке аз масъалахои асосии БМ мебошад. Дар баробари ин, ба назари мо нуктаи мухим он аст, ки зери мафхуми «мехнати арзанда» чи дар назар дошта шудааст. Мехнати арзанда ба фикри мо ин кори доими мувофики чои пурраи кори мебошад, ки ба талаботхои касбии корманд чавобгу бошад, ки у метавонад имкониятхои касбии худро бо рухияи баланди мехнати ва хисси каноатманди дар шароитхои мусоид ва хифзи бехатарии мехнат ва музди баланд пурра истифода бурда тавонад.

Барои ин зарур аст, ки мавкеъ ва нишондихандахои ракобатпазирии иктидори инсони, ки ба инкишофи захирахои инсони бахо дода метавонанд, интихоб карда шавад. Баходихи ба ракобатпазирии иктидори инсони аз руи ин нишондихандахои муайяни вазъияти баамаломада ва дарачаи ракобатпазирии иктидори инсони бахогузори мешаванд. Минбаъд баландшавии ракобатпазирии иктидори инсони аз бисёр чихат ба таъсири байнихамдигарии омилхои онро таъминкунанда вобаста мебошанд, ки иборат аз:

  1. рушди босуботи иктисодиёти мамлакат;
  2. сармоягузори ба сармояи инсони;
  3. ислохоти маориф, тайёркунии касби ва чори кардани тахсилоти муттасил;
  4. азнавташкилдихии низоми тайёр кардани кадрхо бо маълумоти миёнаи касби;
  5. таъмини дастраси ба мехнати арзанда бо музди баланд;
  6. тайёр кардани кадрхои баландихтисос барои сохахои технологияи дарачаи баланди иктисодиёт;
  7. ташкили неруи бо кор таъминкуни дар бозори дохилии мехнат;
  8. таъмини афзалиятхои ракобатпазир дар бозори чахонии мехнат;
  9. тахсилот ва тахсили муттасили кадрхо бо назардошти азхудкунии на камтар аз се забон, забони давлати, забони руси ва забони англиси.

Таъсири байнихамдигарии омилхои мазкур хангоми аз тарафи давлат танзим намудани онхо бо сифати нав ва баландшавии ракобатпазири иктидори инсони мусоидат менамояд, ки маънои ба даст овардани хосилнокии баланди мехнат ва шугл, афзудани талабот ба захирахои инсони дар бозорхои       дохили ва берунии мехнатро мефахмонад.

Таъмини ракобатпазирии иктидори инсонии Точикистон дар сохаи вусъатноки шугл ва дар бозори мехнат пеш аз хама аз чихати муайян кардани мавкеи чумхури дар таксимоти байналхалкии мехнат имконпазир аст. Ин маънои махсусгардони ва тагйирдихии сохахоро бо назардошти чори кардани истехсоли махсулот ва хизматрасони дар асоси технологияи навини ракобатпазирро дорад. Дар ин самт ислохоти маориф, азнавташкилкунии тайёрии касбии миёна ва тахсилоти муттасили кадрхо хатмист.

Нобаробарии талабот ва пешниходи кувваи кори аз руи нишонахои сифати, хусусан дар бозори мехнати чавонон ва занон аён мегардад ва ба хатмкунандагони муассисахои таълими душворихо пеш меоранд, ки сабабгори асосии бекории чавонон ва занон мегардад.

Дар навбати аввал зарур аст, ки ракобатпазири дар сохаи шугл ва бозори мехнат дар асоси баландбардории касбии кувваи кори мувофики талаботи бозор таъмин карда шавад. Баландшавии ракобатпазирии иктидори инсони, афзоиши шуглноки ва пастшавии дарачаи бекори меъёри мухими ракобатпазирии иктисодиёти милли дар мачмуъ мебошад.

Лахзаи муайянкунанда дар халли муаммохои ин самт ислохоти маориф ва илм, кабули чорахои низоми оид ба баланд бардоштани сифати таълими томактаби, умуми, миёнаи касби ва оли дар Точикистон мебошад, ки ба баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрхо ва ракобатпазирии онхо мусоидат мекунад.

Таъмини ракобатпазирии кувваи кори маънои ба даст овардани хунари оли дар асоси фаро гирифтани хар як корманд ба «низоми таълим барои тамоми умр», сохиби тачрибаи калони кори шуданро дорад. Танхо бо ин рох имкон дорад талаботро дар бозори дохили ва чахонии мехнат конеъ намуда, барои шуглноки имкон пайдо гардад. Дар айни замон гузариш аз усули пешинаи рохбарии кадрхо ба идоракунии захирахои инсони, ки яке аз сохторхои мухими менечменти муассисахо мебошад, амали гардонида мешавад. Тадричан тагйирёбии сиёсати кадрхо, идоракунии тобеон ва ташаккули консепсияи идоракунии захирахои инсони хамчун сохаи мустакил ва дар айни замон кисми таркибии менечменти корхона ва умуман иктисодиёт амали мегардад.

Илми менечмент ва амали гардонидани карорхои идоракуни дар хамаи дарачахои иктисодиёт ташкил кардани мактаби миллии идоракуниро талаб мекунад, ки дар стратегияи давлатхои бештар ракобатпазири дунё ба назар гирифта шудааст. Ташкили марказхои нави илми дар асоси хамкори бо марказхои илмии чахони ва марказхои махаллии сохави ва академии илми ва ташкилотхо бо пешниход намудан дар назардошти шароитхои имтиёзнок таъсис додани мактаби идоракунии милли имконпазир аст. Дар баробари халли масоили идоракуни дар хамаи зинахои тахсилоти касби таълимот дар сохаи идораи захирахои инсони ба рох монда шавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222