Артур онро бо худ ба мактаб бурд. Дар хона ба модараш хабар дод: «Муаллими суруд ба ман гуфт, ки гиччак чи тавр сохта мешавад. Ба ман арра ва канифолу ширеш лозим аст”.
Хенриета гуфт: “Бигзор, писарам, ин корро карда наметавони”. Аммо вай дар ин бора фикр мекард. Шояд дар кудак истеъдоде хаст? Вай ба у он чизеро, ки лозим буд, гирифт ва Артур боз чанд руз ба сохтани гиччак машгул шуд. Вакте ки кор ба охир расид, он ба гиччаки асли шабохат пайдо кард. Хатто садо мебаровард. Хенриета ба шодии пи- сараш шарик шуд.
Шабхо Хенриета дар ошхона нишаста, ба хисобу китоб машгул ме- шуд. Нихоят вай каламро ба як су партофт. Оё вай чуръат мекунад? Артур хануз кудак буд, аммо дар дахсолаги у ба шонздахсола шабохат дошт. То ин вакт онхо ба он чи ки пеш мегузоштанд, ноил гардиданд. Вай дароз ва дакик дар ин бора фикр кард ва вакте ки чизе фикраш мезад, аз пайи амалкардаш мешуд.
Инак, рузе вай ба дехкон Мюлнер сухан кард. Таклиф кард, ки ба вай хатсайри ширфуруширо фурушад: “Ман дуруст хисоб кардам. Агар шумо рози бошед, ман метавонам дар ду сол пули хатсайрро пардохт кунам. Холо ман пул надорам, ки онро ба шумо накд дихам».
Дехкон сарашро такон дод: “Чаро Шумо ташвиш мекашед? Шумо кудакони ноболиг доред!”
“Барои хамин писарбача, ки холо шашсола аст, аз куттии сигор худаш гиччак сохтааст. Оё ин чизе нест? Набояд кумак кард?”
“Оё Шумо мехохед, ки у кудаки ачиб шавад?”
«Ман танхо мегуям, ки ин писар дар оянда сохиби хунар гардад. Зиндагии пуразоби худам бас аст. Холо зиндагиам бо кумаки Шумо бехтар шуд. Писари ман низ бояд рузе бехтар зиндаги кунад ва у бояд рузе ба модар сипосгузор бошад. Мехохед ба ман кумак кунед?”
Онхо боз нишастанд. Дехкон муддате хомуш монд. Дар охир дехкон гуфт. “Шояд ин вазифаи масехии ман бошад”. Пирамард таклифи занро кабул кард.
“Чанд маркаро чамъ кардаам. Бо он аробаи калонтар мехарам ва агар шумо ба ман барои рузхои аввал кузахои ширро карз дихед…”
Онхо ба созиш омаданд.
Хенриета аробаи дучарха харид. Вай ба чои асп аробаро худ ме- кашид.
Аз ду тарафи ароба кудакон мекашиданд.
Элзбет норозиги баён кард: “Вакте ки номзадиамро тасдик кунанд, хамчун духтари хизматрасон кор мекунам. Маош мегирам, зеро бо шумо хеч чиз ба даст намеорам”.
«Ту духтари мани, на хизматгори ман. Шодмон бош, ки ин кор ру- зиамонро таъмин мекунад”.
Баъд се нафар хомушона аробаи пурборро кашиданд. Хенриета лабхояшро газид. Бачахо модарро медонистанд. Агар мушкиле дошт, хомуш мемонд.
Ба руи у парда кашида шуда буд. Вай бе ягон сухан ба кудакон ку- захоро дод. Элзбет норозиёна кузаро бо асбоби ченкуни гирифт. Артур низ хакки худро гирифту табассум кард. Хенриета писарашро сила кард ва ин мехрубонии гайриоди буд.
Дар вакташ Хенриета ба дехкон маблагро дод ва ду сол пас хатсайр моликияти шахсиаш гашт.
Дар бораи пирамард бокимондаи оила дигар хабаре надошт. У фа- ромуш шуда буд. Баъзан мактубе ё хатто як баргае аз чониби Дора меомад. Эрих бе ному нишон буд. Берта ва Алфред дер-дер ба назди модар меомаданд. Хенриета бо ду кудак зиндагии хоксорона дошт. Бояд каноат мекарданд. Аммо Элзбети чордахсола Хенриетаро гамгин мекард. Рузе набуд, ки байни модару духтар чанчол нашавад. Чи ка- даре ки Элзбет худро аз модараш дур мекард, хамон кадар мухаббати модар ба писараш зиёд мешуд. Артури хаштсола аз нафрати хохар дури мечуст ва зери мухаббати модар панох мечуст.
Хенриета барои ояндаи духтар фикр намекард. Оянда аз Артур буд. Танхо тафовути фарзандон ба Хенриета имкон дод, ки пай барад, ки Артур аз дигар фарзандонаш фарк дорад. Артур хануз ба ёди гиччак буд, асбоби дигар месохт, аммо муваффак намешуд, ба хар хол аз ин кор даст накашид.
“Оё гиччакнавоз шудан мехохи?”
Артур нохост баланд шуд. “Намедонам модар. Вакте ки аз мактаб меоям, кор мечуям ва пул меёбам. — Аммо гичаакнавозиро холо хам мехохам”.
Як руз Хенриета як куттии сиёхро овард. «Ана писар».
Дар дарунаш гиччак, бо чор тор ва камона буд. Хенриета онро аз марде харидори карда буд.
Писарак муъчизаро аз кутти бароварда, ларзид. Вай гиччакро ба даст гирифта, саволомезона ба модар нигарист. Хенриета дар назди мизи ошхона нишаст. Тавре ки муаллими сурудро дида буд, Артур камонро
кашида, гиччакро зери манахаш гузошт ва ба навохтан сар кард. Камон ба ларза даромад ва танхо як садои ларзон баромад. Аммо он садо буд.
“Модар!”— дод зад Артур.
Хенриета лабхояшро чафс кард, зеро ханда ба гиря табдил ёфтан мехост ва эхсосташ дар дидахояш намудор шуданд.
Артур пушташро ба модараш гардонд, зеро у намехост, ки модараш кушишхои авалинашро бубинад. Гиччак барояш холо калон ва ноши- нос буд. Камонча дароз. Ангуштон одат накарда. Онхо чизеро ичро карданд, ки ба садои мусики монанд буд. Баъзе садохо мисли фарёд буданд, аммо он ба Хенриета мисли мусики менамуд…………………………………………………………………………………… Оё писар дар
хакикат гиччакнавоз шудан мехохад? Шояд санъаткори асил шавад?
Элзбет зуд асбобро ба даст гирифт ва пеш аз он ки Хенриет онро ги- рифта тавонад, гиччакро ба канори миз зад. Он шикаст. Элзбет асбоби шикастаро ба замин партофт ва бо овози баланд аз ошхона баромад. Дарро аз пасаш сахт пушид.
Артур ях баста ба дар нигарист. Хенриета чахид ва аз паси духтар рафт.
Аз муйхояш кашола карда, ба ошхона даровард. Артур ба замин хам шуда, порахоро чамъ кард. Хенриета ба сари Элзбет вахшиёна дод зад. Элзбет фарёд кард. Худро халос карду боз гурехт. Дар боз пушида шуд. Хенриетаба курси нишаст ва дастонашро болои зонухои ларзон гузошт — мисли сад соли пеш — ва баъд сарашро ба руи миз гузошт. Вай гиря накард ва дар он чо интизор шуд, то баданаш ором шавад. Артур модарашро таъна кард, Хенриета сарашро бардошт. Руяш аш- колуд буд, аммо вай гиря кардан намехост. Артур бо чашмони тарсида ба модар нигарист. У мехост суханони тасаллобахш гуяд, лабхояш аз хад зиёд меларзиданд. Хардуро андом якранг буд.
“Холо бо ту чи кор кунам?” Овози Хенриета паст буд.
Гиччаки дигарро Хенриета ба писараш нахарид. Вай асбоби ши- кастаро ба сатили партов андохт. Артур низ бори дигар дар ин бора сухан нагуфт. Зимистон ин дафъа тулони буд.
То мохи апрел барф меборид. Хенриета ба Элзбет манъ карда буд, ки вазифаи хидматгорро ишгол кунад. Ба вай кудакон лозим буданд.
Оила аробаи вазнинро болову поён мекашид.
Артур мисли асп садо кард. Элзбет гиря кард. Дар пеши хонахо та-
ваккуф карда, кувва гирифтанд. Элзбет тасмаро аз китфаш партофта, гиряро давом дод: «Дигар токат карда наметавонам!» Барои Артур хам ин кор вазнини мекард, аммо хомушона монд.
“Бахор хам наздик омад, корамон сабук мешавад”, гуфт Хенриета, ки барои истисмори онхо худро гунахкор мехисобид.
Баъзан мехост аз ин кор даст кашад, аммо агар онхо бе рузи монанд, чи мешавад? Писарбачаро хануз чор соли мактаб дар пеш буд. Хенри- ета кузахои ширро ба фарзандон таксим карда дод. “Рафтем, кудакон”.
Элзбет бо дили нохохам даст ба кузаи шир дароз кард. “Нола накун. Бародаратро мисол гир, барои вай хам хамон кадар душвор аст. Хамаи мо душвори мекашем. Биё!”
Хенриета руяшро гардонд, то азоби кудаконро набинад.
Бегохи Хенриета пас аз хоб рафтани бачахо дуру дароз дар ошхона монд.
Аз ин пас? Корро бас кунам? Ба завод равам? Рузномахоро таксим кунам? Ба Алфред нависам? Ба Берта, ба Дора? — Ёри дихед, ман дигар токат карда наметавонам.
Хенриета бо чунин фикрхо худро фиреб медод, ки бенатича буданд.
Рузномахоро таксим кардан, ба корхонае рафтан, ба фарзандон навиштан? – Хенриета лабонашро газид. “Барои худам захмат кашидан бехтар аст”.
Хенриета чароги керосинро хомуш карда, ба назди тиреза рафт ва ба осмони сиёхи шаб нигох кард.
Ба ман пул лозим аст. Ду хазор марка!
Он шаб ду муштарии доимии у дар фикраш даромаданд.
Яке Рихард Ханиш, констебл дар махбаси тафтишоти. Бар хилофи касби гайридустдоштааш, одами некукор буд. Дар тули солхо дар байни у ва оилаи Ханиш муносибати дустона вучуд дошт. Артур ва ду писари Ханиш дуст буданд.
Ханиш охирин муштари дар руйхати у буд. Бо як пиёла кахва худро гарм кард.
Ин дафъа у як сигори гаронбахоро байни ангуштонаш нигох медошт. Нозири махбас, ин хушбахт, дар лотереяи давлати бурд гирифтааст. “Ман 10000 марка бурд кардам, хонум Балке. Ман танхо як билет ги- рифтам. Бурди асоси сад хазор марка мебошад. — О, эй, агар ман як
билети дигар мегирифтам!
Дах хазор марка! Шумо ба ин чи мегуед, хонум Балке? «Хенриета ба ин чи бояд мегуфт? Дах хазор марка. — ин имконият аст…Чаро мо низ бояд кушиш накунем?”
Ман панч сол боз хамон ракамро бози мекунам. Шумо хам лотерея бози мекунед?
-Ман пул надорам»-хоксорона гуфт Хенриета. «Аммо ин кор меар- зад, хонум Балке.»
Хенриета ох кашид: “Агар шумо пешаки медонистед…” Хонум Ханиш пиёлаи Хенриетаро пур кард. “У имруз боз хам кавитар аст”, табассум кард.
«Ман чашидам”, бо миннатдори чавоб дод Хенриета. “Бурд тасо- дуфи набуд”, гуфт хонум Ханиш, “Ман кумак кардам”. “Ёри расонди”, бо мехри самими хандид сержант. Азбаски панч сол аст, ки ман дар лотерея бози мекардам, вай хар рузи якшанбе ба калисо мерафтам.
Хамсарон баробар хандиданд.
«Ду бор бози кардан бехтар аст – гуфтам худ ба худ. Шавхарам дар киморбози ва ман дар калисо», андешамандона гуфт хонум Ханиш.
“Ман ба Худо бовар надорам, балки ба кувваи худам эътимод меку- нам”, ба таври чидди гуфт Хенриета, “вале бо дин найрангбози кардан мумкин нест!”.
Ханиш хам чидди шуд. “Дар хеч кучо бо дин ба ин кадар найрангбози карда намешавад, магар дар махбас. Онхо худро далер ва худотарс вонамуд мекунанд-кохинон ва ифротгароён хатто сурх намешаванд. Яке дар болои минбар дигаре дар зиндон: куштор, оташзани, дузди, горатгари, каллоби, чиноятхои бадалоки … боз мераванду дар калисо аз худо узр мепурсанд барои гуноххояшон.
Хамин тавр аст, чи мемонад пас аз сигори хуб? — хокистар.
Хайрон аз хонум Ханиш Хенриета дар бораи фаъолияташ пурсид: “Оё шумо сотсиал-демократ хастед?”
Хонум Ханиш хандид: «Шавхари ман – ва сотсиал-демократ?»
“Ман хизматчии давлати хастам ва корамро ичро мекунам”, — кутох гуфт Ханиш”. Холо аз бурди худ шодам”.
Хенриета аз андешаи бепарвоёна фишурда шуд: “Шумо бо ин хама пул чи кор мекунед?”
Ханиш бе гумон хандид: “Оё Шумо кисме аз ин пулро гирифтан мехохед?”
“Худоё… Хенриета худро ба даст гирифта, ох кашид: Ох, чаноби Ха- ниш…”.
Дигараш устои челонгар Антон Фридрих буд.
Хенриета ба мохи пурра нигох мекард. Агар Ханиш ду хазор марка карз дихад, хуб аст… Хенриета он шаб хеле дер хобид ва хоби ноором дошт.
Хунукии субх то хол фишораш медод, аммо Хенриета хушбахт буд, бахор наздик меомад. Ханиш тайёр буд, ки маблагро ба вай дихад: «Чаро не, хонум Балке», — гуфта буд у. «Ду хазор марка – се фоиз. Модар чиро дар назар дори? Ба хар хол омода аст ва пеш аз он ки писарони мо калон шаванд, шумо онро бармегардонед».
Хенриета бояд бо устои челонгар сухбат мекард. “Хонаи раками хафт дар кучаи Харденбергерштрассе аз Шумо аст, дуруст?”
«Бале, ин хонаи ман аст».
“Як хонаи ошёнаи якум дар он чо солхо боз холи мебошад. Чаро боз ичора намедихед?”
Фридрих руй гардонд. “Чор хучра ва инчунин ошёнаи якум – ки мехохад бо нархи баланд ичора гирад?”
“Ман”- Хенриета табассумкунон чашмонашро танг кард.
“Хонаи гаронбахоро?”
“Ва магозаро” хамон кадар, ки челонгарро ба хайрат меовард, хамон кадар у мулоимтар мешуд.
«Пас? Он магоза нест-ку».
«Яке аз хучрахояш шуда метавонад”.
“Чи, чи тавр?”
Хенриета накшаашро гуфт. “Мехохам магозаи шир кушоям. Дар хона. Шумо минтакаро медонед. Ракобат нест. Макони бехтарин аст. Хамчун усто шумо медонед, ки ин чи маъно дорад. Хеч иштибохе нахохад шуд. Гайр аз ин ду фарзанди солим дорам. – Кани, чаноби Фридрих?» вайро фирефт.
«Шумо дар назар доред, ки ман бояд…»
«Ман инро дар назар дорам. Агар шумо як кисми хонаро ба магозаи ман табдил дихед, пас ин барои хардуямон пул хохад овард».
Челонгар дудила хандид. «Шумо часорат доред».
Челонгар ба зани хурдакак нигарист. Одами багайрат. Магоза? Кори бефоида нахохад буд. Вай манахашро хорид. «Хуб, хонум Балке, бояд дар ин бора фикр кард…»
Хенриета ба хурсандии вай ахмият надод. «Дар бораи ин фикр кунед. Аммо на он кадар дароз».
Вакте ки рузхои аввалини гармо фаро расид, устохо аллакай дар он чо буданд. Хенриета банд шуд. Мачбур буд, ки пули карз гирифтаро сарфакорона истифода барад, аз байни муштариёнаш дуредгари маъю- бро ба кор гирифт. Артур бо истифода аз ченак, мураббаъ ва кутбнамо накшаи дакикро кашид. Хенриета сари писарашро сила кард:
– Писарак, ту…
Вай ангушти худро ба чои мушаххаси эскиз гузошт”. Дар ин чо мо як чизи махсусе мекунем. Мизи хурд ва чанд курси мегузорем. Дар ру ба руи миз гулдон мегузорем, ба одамоне, ки мехоханд як пиёла шир бинушанд, хизмат мекунем. Ин ба шумо маъкул аст?”
Ифтихормандона аз модари хирадманд Артур сар чунбонд: “Ман низ мехохам мисли Шумо далер бошам”.
Хенриета каме ох кашид: «Писари далерам… Мегуянд касе бечора шуд Худо куакаш мекунад. Ту инро аз мактаб хам шунидаи.
“Бале, модар, медонам. Аммо мардум мегуянд: Инсон фикр мекунад ва Худо хидоят”.
»Шумо фикри худро доред, модар?» «Намедонам, ки чи тавр ба худ хулоса баровардан мумкин нест. Эхтиёч як кухи баланд аст. Писарам, дар поёнаш наист, вагарна дар зераш монда, ноумед мешави. Баръакс, ба кух баро, пас ба авчи эхтиёчоти худ назари равшан андоз. Бубин, ман хамеша ин корро мекардам. Ту хам метавони дар ин бора фикр куни. — Аммо акнун биё дар ин бора фикр накунему дар бораи чи гуна магозаи худро ташкил додан, ки одамон аз мо хариданро дуст доранд, андеша кунем».
Мисли парранда дар лонааш, Хенриета дар дукони худ сахт мехнат мекард. Вай хар руз дар чустучуи таъминкунандагони молхои гуногун буд. Шартномаи интикол ва пардохт имзо мекард. Дар пахлуи мухри ширкат ва имзои молрасон номи у навишта шуда буд, ки чунин буд: “Хенриета Балке”.
Дар назди мизи ваколатдор ё директор дар идораи хусуси менишаст, хурдакак, хоксор, дар тан чакмани арзон буд, яке аз чанобон “хонуми мехрубон” гуфта мурочиаташ кард. Вай газабнок шуд.
Вай хануз оромона шир мекашонд, азбаски огоёнаш хануз дар хоб буданд, вай аз дари хурд медаромад. Вай пеш аз нисфирузи дигар одам ва пас аз нисфирузи дигар одам буд.
“Якин, хонум, шумо аз мо каноатманд хохед шуд”.
Гарчанде ки тичорати Хенриетаро хурд ва факат ба микдори кам мол мехарид, аммо чаноби оликадр хар як харидорро хуш истикбол мекард. Чорвои майда низ саргин дорад.
Чахоне, ки Хенриета то он вакт медонист, бо кувваи чодугарии ду хазор марка ба чахони ачоиб тахрифшуда табдил ёфт. Баъзан вай хануз хам меларзид. Вакте ки вай номи худро зери шартнома гузошт, ди- лаш нигарон буд, зеро дар он як банди дахшатнок мавчуд буд: “Риоя накардани ухдадорихои пардохт…” Мисли харгуш дар пеши мор буд. Баъд ба чанобе, ки шартномаро бо имзои у кабул кард, табассум кард.
Аммо вакте ки аз идораи хусуси ба рохи кушод баромад, боз ба худ омад. Не, чанобон, наметавонед маро танг кунед, ман хам намегузо- рам, ки сахтгир бошам. Ана моли ман, ана пули шумо. Мо бо якдигар коре надорем.
Онхо ба хонаи нав кучиданд. Вакте ки хона чихозонида шуд, тачхи- зоти кухна дар назди девор гузошта шуданд: вертикои кахваранг, сандукхо, дивани зардшуда… Вой бар холатон агар битарсед… Рузе милисае омада, хамаатонро аз кучое, ки омада будед, ба ончо меронад.
Ягон милиса наомад. Ба чои у моли фармоиши омад, аз тарафи ча- ноби олихиммат саривакт фиристода шуда буд. Гулчанбархо аз сержант Ханиш, аз челонгар Фридрих, аз муштариёни собик меомаданд. Чахон нек менамуд, мардум дустона.
Хенриета ба он умед баста буд, ки дехкон Мюлнер дуконашро бо шир таъмин мекунад, аммо он кифоят намекард. Вай ба у шахсеро тавсия кард, ки ширро ба микдори зиёд истехсол мекард ва ба шахр микдори зиёд мефиристод. Ба Хенриета дар як руз шаст литр лозим буд. Бо ин хачм он шахс бо шир дуконро таъмин накард.
Аз вокзал борро гирифта овард ва ба дукон кашола карда даровард. баъд ба ошхона рафта гуфт, ки кушиш хеле зиёд буд. Нафасаш мегашт,
зонухояш меларзиданд. Вай як чуръа об гирифт. Субхи имруз тантана буд. Бори аввал нони мактабии Артур бо равгани хакики густурда шуд. Вакти ба мактаб рафтан фаро расид, Хенриета писарашро ба огуш гирифт. Дере нагузашта мехри модари, ки дар вай пайдо шуда буд, кувва бахшидаш барои зиндаги.
Бисёр дархо барояш кушода шуда буданд, аз замоне, ки пирамардро ронда буд. Тавассути тамоми дархо бе тарсу харос рох мерафт, зеро зиндаги дигар нашуда буд. Вай хамеша хизматгор боки монд. Ба воситаи ин дар вале вай дигар ба сифати хизматгор намерафт.
Ба Элзбет гуфт, ки либоси дигар пушад. Модару духтар либоси сафед пушиданд. Онхо ба хамдигар гап намезаданд. Соати мухим фаро расид.
Вакте ки Хенриета дарро кушод, Элзбет дар пасис мизи дукон истода буд. Акнун ба акиб гаштан мушкил буд.
Хенриета хеч гох ин кадар ба пеш харакат накарда буд.
Аввалин мизочон омаданд. Кунчкови зиёд буд. Дукони нав ба кор даромад. Шири тару тоза, равганаш зарди зард, навъхои зиёди панир, як тухм шаш тин.
Мол бар ивази пул! Мубодилаи ачиб. Тангахо мерехтанд касса пури пул шуд.
Вакти нисфирузи савдо паст шуд. Хенриета духтарашро барои тайёр кардани хуроки нисфирузи фиристод. Артур аз мактаб ба хона омад. Вай мисли дузд ба хона даромада, ба утоке, ки бо дукон хамдевор буд, даромад ва аз тиреза корро тамошо мекард. Вакте ки хазинаи дукон садо дод, у шодмони кард.
Дар аввал хама чиз хуб рафт. Магоза бокимондаи оиларо бой на- гардонд, аммо зиндагии хоксоронаро мисли пештара таъмин мекард.
Барои андоз, даромад, ичора ва векселхои зиёд Хенриета хар бегох пул чудо мекард. Тудахои танга Элзбетро меранчонданд.
Вай музди кор мехост.
“Музди мехнат? Ту инро чи гуна тасаввур мекуни? Ту корманди ман нести”.
Хенриета ба чанд пул, ки дар касса боки монда буданд, ишора кард. “Ин зиндаги боки мемонад ва аз ин ту маош мехохи?”
«Ман шонздахсолаам ва кор мекунам. Дар чои дигар ман барои мехнатам пул мегирам».
Хенриета аз чо бархоста, онро махкам кард. Ба духтараш руй оварда, дуру дароз нигох кард. Хомуши. Аслан, духтар хак аст.
«Ман ба ту музди кор дода наметавонам».
Артур дастонашро байни зонухо гузошт. Ба худ гуфт: «Модар бояд пулро аз кучо гирад?»
Элзбет ба бародараш дод зад: “Хомуш шав, ту чи кор мекуни, бе- корхуча?”
“Артур танхо кудак аст”, Хенриета писарашро химоя кард. Элзбет газабнок шуд. Хенриет ох кашид: “Акнун бадбахти боз бармегардад. Агар хохари ту аклашро кор фармояд – мо каноатманд мешавем”.
«Ман кор кардан мехохам, модар, метавонам куртаи сафед гирам?”
Хенриета сар чунбонд: »То имруз касе нишаста шир нахурдааст.
Магозаи мо аслан макони нушоки нест».
Муносибати модару духтар бад шуд. Пеш аз он ки Хенриета барои гирифтани шир ба истгох равад, Элзбетро бедор кард: “Бархез”.
Вазифаи духтар хар сахар тоза кардани дукон буд. Вакте ки Хенриета аз истгохи рохи охан бо банкахои вазнин баргашт, дуконро ифлос ёфт. Ба ошхона рафт.
“Элзбет дар кучост?”
Артур, ки хуроки нисфирузии мактабашро тайёр мекард, чавоб на- дод, Хенриета шитобон ба хонаи хоб даромад. Элзбет хануз дар бистар буд. Чашмонаш пушида буданд. Хенриета гуфт: “Ба ту чи шудааст?”
Элзбет ба девор ру овард:
– “Бемори?”
– “Ман хастаам”
“Магоза чи мешавад?”
– “Ман хастаам”.
Хенриета курпаро кашола кард: »Хез!”
Бо нигохи газабнок духтар аз чояш хесту фарёд кард: “Ман наме- хохам! Ман дигар хатто ба магоза намеравам!»
Хенриета ба ба руи духтар шаппотие зад.
Уро хашм фаро гирифт, вай дасташро боло бардошт. Пас аз ним соат аввалин харидорон омаданд ва магоза хануз пур аз гард буд. Хенриета ба ошхона рафт. Артур дигар дар он чо набуд.
Хенриета зуд ба рубу чини магоза шуруъ кард. Вай хануз дар магоза
рубу чин мекард, ки аввалин харидорон омаданд. Муйхои Хенриетаа дар чехраи аракинаш печида буданд. “Мутаассифона, духтарам бемор аст”, бубахшед барои ин вазъият. “Хозир шир медихам”.
Мизочон зиёд шуданду болои латтаи фарш ва гирди сатил гашту гузор карданд. Хенриета ба муштариён шир доданро огоз кард, зеро худро аз даст надода буд. Чанде пас ба назди духтараш рафт. Ва бо кахр гуфт: “Ту муштариёни маро бо ин кор дур мекуни. Ба фикри ту, оё занхо ба чунин чои ифлос бармегарданд?”
Элзбет чизе нагуфт. Аммо пас аз чанде вай аз чояш часту харф зад: “Ман ба чое меравам, ки пул кор кунам”.
– “Ту хайвони”, гуфт Хенриета.
Садои занги дари магоза баромад. Бе садо Хенриета духтарашро тарк кард.
Хушдилона у мизочро пешвоз гирифт. “Субх ба хайр. Ним кило па- нир, лутфан. Вай тару тоза аст».
Вай молро баркашида, бор карда, ташвишу изтиробро аз худ дур кард. “Бо зира, намак ва мурч, вай мисли каймок мегардад. Ин хуроки нисфирузии хуб аст».
Вай бастаро ба зан дод: «Ана».
Чунин бояд бошад. Дар байни хона ва дукон девори чудокунанда вучуд дошт, вале вакте ки мизоч рафт, табассум дар паси пардаи гам пинхон шуд. Фикрхояш уро хаста карданд. Хонум Ханиш омад. Хенриета хичолати занро пай бурд. »Чи?«— дилсузона пурсид вай.
Хонум Ханиш боз хам бештар хичолат кашид. “Одамон гап меза- нанд…”
“Оё то хол гап мезананд?”- пурсид Хенриета.
Хонум Ханиш чизе нагуфт, зеро хомуш будан аз сухан гуфтан осон- тар буд.
“Ман барои духтарам гам дорам”-икрор шуд Хенриета, “аммо тагйи- рот мешавад, хонум Ханиш. Парво накунед, Шумо пулатонро мегиред».
«Гап дар бораи пули мо нест. Ман хавотирам, одамон гап мезананд».
Хенриета Элзбетро хангоми нон тайёр кардан дар ошхона дарёфт.
Кордро аз дасти духтараш гирифта нонро ба нонгирак гузошт: “Касе, ки барои ман кор намекунад, набояд аз нони ман хурад”.
Элзбет ба модараш нигариста, ба акиб гашт, аммо Хенриета дасти
духтарро гирифт: “Гуш кун! Одамон аллакай гап мезананд. Ман наме- гузорам, ки ту ба корам халал расони.«
Элзбет хушдор дод: “Ман ба чое меравам, ки пул кор мекунам”.
«Ту дар хона мемони ва дар ин чо кор мекуни».
«Ман меравам!»-дод зад ба руи модар.
“Наметавони бе розигии ман бирави, холо ноболиг хасти!”
Хенриета нишаст. “Мо чи хел оилаем… чихел фарзанд дорам…”
«Писари азизе дори, ки кор намекунад, аммо мехурад.«
Занги магоза боз садо дод. Хенриета ба дукон рафт. Чун баргашт, Элзбет дигар дар он чо набуд. Вай хидматгори намояндаи як корхонаи шоколад шуд. Хонум аз он шод шуд, ки ин кадар зуд дубора духтар пайдо кард, зеро хеч кадомаш аз чанд мох зиёд кор намекард.
Хучраи тангу бе тиреза, ки каблан хамчун як анбор истифода мешуд, манзили Элзбет гашт. Дар пахлуи кати охани чевон буд, аз ин ру дар хучра танхо фазои кофи мавчуд буд. Чароги керосин дар шифт овезон буд. Элзбет ин сурохиро ба хучраи равшани хонаи модараш иваз кард. Бо саркашиаш, ки аз хона баромада буд, шикоят накард. Вай аз пагох то бегох мехнат мекард, ду бачаи сохибонаш бо у нодуруст рафтор мекарданд. Элзбет бар зидди онхо коре карда наметавонист.
Вай аз сахар то бегох кор мекард.
Хенриета танхо монд ва хамаро худ нигохубин мекард. Магозаву хона бояд тоза нигох дошта мешуданд. Гами хурокро низ бояд у мехурд. Либосхоро бояд мешуст. Агар Хенриета дар магоза коре намедошт, хангоми набудани мизочон дар хона захмат мекашид. Занги дари маго- за баланд шуд, у корашро бас кард.
Акнун вай боз ба хайвони хонаги табдил ёфт ва бораш ду маротиба вазнинтар гардид. Аз он метарсид, ки дигар либоси сафед надошт. Беш- тар ба мизочон бо дастони чиркину тар хизмат расонд. Фрида, Минна, Роза, хизматгордухтарон интизор набуданд, ки чанобон тухм, равганро аз магозаи ифлос мехаранд. Баъзе рузхо ба Хенриета лозим меомад, ки аз вокзал як кузаи бистлитри биёрад. Хазина ором шуд ва тангахо хам камтар шуданд. Чанобон шартномахои интиколиро буриданд ва микдори молхое, ки Хенриета фармоиш мекард, торафт кам мешуд. Хамин тавр, Хенриета рузе ба дари магоза тахтаеро кашол кард: “Аз сабаби бемори баста аст” ва бо Артур ба рох баромад. Вай ба бозор
рафт. Дар ин чо дехконон бисёр буданд. Вай касеро ёфт, ки ба у бо нархи дастрас молеро, барои дукон лозим буд, таъмин мекунад. Пас аз дарс Артур аробаро ба суи бозор бурд ва молро ба дукон овард. Хенриета харчанд равган мефурухт, худи у бо писар арзонтарин навъи маргаринро мехурданд. Вай намедонист ки бигуяд, ки чи тавр ба ин муяссар шуд, ки рузаш бе карз гузарад.
Рузе вай мактуби расми гирифт, ки дар навишта шуда буд, ки чопку- нанда Антон Фридрих Балке вафот кардааст. Навиштаро ба писар дод, вакте ки у аз мактаб ба хона омад. Писарак хонд ва хомушона когазро ба як су гузошт. Хенриета табассум кард. »Бояд гиря кард, вакте касе мемирад, дуруст аст?”
Овозаш дагал буд. Артур аз модараш руй гардонд ва гуфт: “Ман хеч гох падар надоштам, ман хамеша модар доштам”.
Хенриета писаракро ба назди худ кашид. «Дувоздах фарзанд! Шаш нафари онхо фавтиданд. Панч нафари дигар маро тарк карданд. Ту охирини. Ту хам рузе маро тарк мекуни?”
Чехраи аз ашкхо медурахшид.
– “Хеч гох модар!..”
Хенриета муддати тулони ба писараш нигох кард. Вай пай бурд, ки писараш ба дигарон монанд нест. Хамаи онхо хислати шахсеро доштанд, ки шаходатномаи маргаш дар руи миз буд. Дар чехраи Артур вай хеч чизро надид.
Оё у ба вай шабохат дошт? Чашмонаш чизеро инъикос мекард, ки дар он вакт дар чашми вай буд. Садои овозаш чун акси садои он замон ба гушаш мерасид.
Он чи кадар, ки дур буд, хамон кадар наздик шуд…
Муаалиф: Бруно Апиц
Аз олмони тарчумаи Бабаева Хадиса – донишчуи соли панчуми факултети забонхои романи-германи