Главная / Илм / Равандхои инноватсиони

Равандхои инноватсиони

Тахлили раванди инноватсиони собит месозад, ки гузариш аз як холати сифати ба холати дигар харочоти захирахо (кувва, вакт, молиёт, захирахои инноватсиони ва иттилооти)-ро талаб мекунад. Раванди интиколи навигари, инноватсия низ харочоти захирахои гуногунро, ки асосашон раванди инноватсиони ва вакт ба хисоб мераванд, талаб менамояд. Дар шароити бозор, хамчун низоми муносибатхои иктисодии хариду фуруши мол, ки дар чорчубаи он талабот, таклиф ва нарх, ки чузъхои асосии фаъолияти инноватсиони ба шумор мераванд, ташаккул меёбанд ва дар шакли навигарихо, инноватсияхо ва навоварихо баромад мекунанд. Навигарихо-бозори навоварихоро (новатсияхоро), сармоягузорихо бозори сармояхо (сармоягузорихоро), инноватсияхо бозори ракобати тозаи навоварихоро ба вучуд меоранд.

imagesТахти унвони равандхои инноватсиони дар мафхуми васеи худ истифодаи фоиданоки навигарихо дар намуди технологияхои нав, намудхои махсулот ва хизматрасонихо, карорхои ташкилию техники ва ичтимоию иктисодии хусусияти истехсоли, молияви, тичорати, маъмури ва гайра дошта, фахмида мешавад. Ба вучудоии андеша, замина ва пахнсозии он то истифодааш арзивучуд намудани инноватсия номида мешавад. Бо назардошти анчоми пайдархами корхо ба вучуд омадани инноватсия хамчун раванди инноватсиони барраси мегардад.

Истилоххои «инноватсия» ва «раванди инноватсиони» ба хам наздиканд, вале якхела нестанд. Раванди инноватсиони бо бунёд сохтан, азхудкунИ ва пахнсозии инноватсиони вобаста аст. Бунёдкунандагони инноватсиони дар фаъолияти хеш чунин меъёрхоро ба мисли давраи арзи вучуд намудани маснуот ва самараноки иктисодИ чун рахнамо карор медиханд. Стратегияи онхо ба он нигаронида шудааст, ки бояд аз ракиб пеш гузашт, навигарие ба вучуд овард, ки дар сохаи муайян назир нахохад дошт. Эчодкорихои илми-техники ва навоварихо хамчун натичахои мобайнии даври илми-истехсоли баромад намуда, аз руи истифодаи амалиашон ба инноватсияи илми- техники, яъне натичахои нихои муббадал мегарданд. Эчодкорихо ва ихтирооти илми-техники замимаи дониши нав бо максади истифодаи амалии он, инноватсияи илми-техники бошад – ин моддикунонии андешахои нав ва дониш, кашфиёт, ихтироъот ва эчодкорихои илми- техники дар чараёни истехсолот бо максади ба фуруш баровардани онхо бахри конеъ сохтани талаботи муайяни истеъмолкунандагон ба хисоб мераванд. Хусусияти хатмии навигарии илми-техники истифодаи он дар истехсолот ба хисоб меравад.

Бинобар ин, инноватсияхои илми-техники бояд чунин бошанд:

  • дорои навовари,
  • конеъсозандаи талаботи бозор,
  • барои истехсолкунанда фоидаовар.

Пахнсозии инноватсияхо, навоварихо, ба мисли эчоди онхо кисми таркибии раванди инноватсиони ба шумор меравад.

Се шакли мантикии раванди инноватсиониро, яъне-шакли оддии дохилиташкилоти (вокеи), шакли оддии байниташкилоти (моли) ва васеъро аз хамдигар фарк месозанд.

Раванди инноватсионии оддии дохилиташкилоти барпо кардан ва дар дохили худи хамон ташкилот истифодабарии навоварихоро пешбини менамояд, навовари дар ин холат бевосита шакли молиро намегирад. Хангоми раванди инноватсионии оддии байниташкилоти навовари хамчун ашёи хариду фуруш баромад мекунад. Чунин шакли раванди инноватсиони ва истехсолкунандаи навовари маънои аз вазифаи истеъмолкунандаги чудо гардидани вазифахои барпосозиро дорад. Раванди васеи инноватсиони дар масъалаи бавучудории истехсолкунандагони навовари, дар бархамдихии монополиявии истехсолкунандаи нахустин зохир мегардад, ки ба воситаи ракобати муштарак ба такмили хусусиятхои истеъмолии моли истехсолшаванда мусоидат мекунад. Дар шароити раванди инноватсионии моли хадди акал ду субъекти хочагидор-истехсолкунанда (бунёдкунанда) ва истеъмолкунанда (истифодабаранда)-и навовари амал мекунанд. Агар навовари- раванди технологи бошад, истехсолкунанда ва истеъмолкунандаи он метавонанд, ки дар як субъекти хочагидори чойгир шаванд.

Раванди оддии инноватсиони дар ду мархила ба шакли моли мегузарад; 1) бавучудории эчоди навигари ва пахнсозии он; 2) бо хам омехтани навовари. Мархилаи аввал – ин даврахои пайдарпайи тадкикотхои илми, корхои тачрибавию накшакаши, ташкили истехсолоти тачрибави ва фуруш (савдо), ташкили истехсолоти тичорати мебошад. Дар мархилаи аввал хануз самараи фоиданокии навовари амали нагашта, танхо имкониятхои татбики он ба вучуд меояд. Дар мархилаи дуюм самараи чамъиятию фоиданоки дар байни истехсолкунандагонинавовари, инчунин  дар байни истехсолкунандагону истеъмолкунандагон аз нав таксим мешавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222