Главная / Илм / Реинжиниринг хамчун воситаи баландбардории дарачаи ташкили-техникии истехсолот

Реинжиниринг хамчун воситаи баландбардории дарачаи ташкили-техникии истехсолот

Реинжиниринг то андозае  хаммаънои ибораи «азнавмучахазгардонии техники», ки дар иктисодиёти собик Шурави истифода мекарданд, ба хисоб меравад. Азбаски гузариш ба иктисоди бозори зарурияти истифодаи мафхумхои байналмиллалии сохавиро такозо мекунад, бинобар ин онро дар шакли мавчудааш истифода мекунем.

upravlenie_110417Азбаски мафхуми «реинжиниринг» ба монанди низоми ченкуни, омор, идоракунии сифат, бехатарии экологи, бахисобгирии бухгалтери ва гайрахо дар сатхи байналмиллали ба колаби майян дароварда нашудааст, бинобар ин мафхуми муаллифии ин категорияро дида мебароем.

Реинжиниринг  чист?

Инжиниринг ин чараёни баландбардории дарачаи ташкили- техникии истехсолот, ки дарачаи ракобатпазирии чараёнро на кам аз дарачаи ракобатпазирии воридшавии он таъмин мекунад, ки тавассути гузаронидани корхои илми-таткикоти, озмоиши, лоихави- конструктори, технологи ва сохтмони амали карда мешаванд. Корхои инжинирингиро ташкилотхо метавонанд худашон мустакилона ва ё бо даъвати ширкатхои инжиниринги амали кунанд.

Реинжиниринг ин чараёни баландбардории дарачаи ташкили- техникии истехсолот мебошад, ки тавассути истифодаи олотхои нозук (воситахои илми ва техники), инжиниринг ва ё инжиниринги насли нав амали карда мешаванд. Масалан, агар хамаи воситахои илмии менечменти инноватсиониро 100 % гуем, пас айни замон ташкилотхо на зиёда аз 10 % воситахои илмиро истифода мекунанд. Дар амалия халли мушкилотхои калони стратеги бе истифодаи ин олотхо гайриимкон аст.

Чи тавре, ки олими амрикои М. Хамлер кайд мекунад, «реинжиниринг ин бознигарии фундаментали ва азнавлоихакашии пурраи равандхои кори барои ноилшави ба бехбудшавии зуд дар нишондихандахои фаъолият ба монанди арзиш, сифат, хизматрасони ва суръати рушд мебошад.

Ба ин нишондихандахо гайр аз ин, ракобатпазири, самараноки, босуботи ва ояндадориро барои ташкилот, дар шароити гузариш ба бозор мухим хисобидан мумкин аст.

Мафхуми нисбатан васеъ ва комплекси аз сохаи инкишофи ташкилот ин ислохоти (тачдиди) фарогирандаи хама чабхахои фаъолияти корхона, аз чумла: техники, иктисоди, ичтимои, ахбори, идоракуни ва гайра мебошад. Самти аввали инкишофи комплексии ташкилот дар мачмуъ бо такмили сохтори ташкили ва усулхои ташкили чараёнхо ба максадхои асосии реинжиниринг дохил мешаванд. Кисмати мухими ичрои ин корхо истифодаи усулхои илмии менечменти инноватсиони мебошад.

Дар шароити иктисоди бозори корхонахои муосир дар фаъолияти худ бештар ба принсипхое, ки Адам Смит дар асари пойдевории худ «Некуахволии миллатхо», ки соли 1776 чоп шуда буд, истифода мекунанд. Чараёни истехсолиро А.Смит ба фаъолиятхои алохида корхои одди чудо намудааст ва дар ин холат аз коргар донишу малакаи баланди касби барои ичрои пурраи кор талаб карда намешавад ва вазифахои оддиро бояд дар алохидаги як коргар ичро намояд. Барои коргар зарур буд, ки вай барои ичро кардани як ва ё якчанд амалиётхои оддии махсусгардонида шуда омода бошад. Лекин ин принсипхои пешниход шуда дар холати истехсолоти махсулоти якхелаи сершумор, ки бо кувваи коргарони зиёди малакаи пасти касби дошта ва тачхизоти соддаро истифода баранда фаъол мешаванд.

Принсипхои дар замони А.Смит фаъоли буда ба талаботхои саноати муосир чавобгу шуда наметавонанд.

Якум, махсулот дар замони хозира асосан ба гуруххои алохидаи истеъмолкунандагон нигаронидашуда         мебошад.

Дуюм, ичрокунандагон (истехсолкунандагон) бояд дониши мукаммал дошта бошанд ва масъулиятро ба душ гирифта барои халли дар асл масъалахои мушкил равона созанд. Сеюм, бозори махсулот дар замони хозира хеле васеъшуда ракобат ва мубориза барои истеъмолкунанда пурзуру шиддатнок гардидааст.

Аксари корхонахою ширкатхое, ки бо таърихи тулонии хазинадори дар бозор беташаббусанд ва ба гояхои кухнаи идоракуни такя мекунанд. Холо бошад, усулхои ташкили сохибкории муосир рафтори нави муносиб ба бозорро талаб мекунад, ки ба таври пурра афзалиятхои технологияи навин ва захирахои инсони истифода шаванд. Ин рафтор, муносибат ба фаъолияти сохибкори хамчун асоси инжиринги бизнес-чараён баромад мекунад. Самти мухим ва асосии инжирингро реинжиринг ё бозсозии корхонахо, ташкилотхо, ширкатхои амалкунанда ташкил медихад.

Реинжиринги бизнес-чараёнхои корхонахо дар холате амали гардонида мешаванд, ки зарурияти кабули карори асосноккардашуда оиди азнавташкилкунии фаъолият ба миён меояд. Яъне дар холате, ки корхона масъалахои аз нав ташкил додани фаъолияти сохибкори, иваз намудани сохтори идоракуни, пиёда кардани лоихахои инноватсиони ва гайраро ба мадди аввал мегузорад. Корхонае, ки барои дар бозор чой ва макоми худро нигох доштан мекушад бояд технологияи истехсол ва усулхои ташкили чараёнхои кориро доимо такмил дихад.

Дар ин холат корхона ба консалтинг мурочиат мекунад, чунки вай ба тачрибаи гузашта, мубохисаи карорхои таёр кардашудаи маъкул дониста шудаи мутахассисон, усули киёси, мукоисаи андешахо асос ёфтааст. Инчунин фаъолияти мухандисиро низ хам чун рохи алтернативи истифода кардан мумкин аст. Чунин рафтор барои гирифтани натича дар шароити риоя намудани коидахо ва усулхои истифодабарии воситахои реинжиринг кафолат медихад. Вай барои назорати ба пурраги назоратшавии карорхои пешниходшуда ва баходихии сифати онхо имконият медихад.

Реинжиринг хамчун тарзи нави дарки азнавташкилкунии чараёнхои кори барои ноил шудан ба нишондихандахои баланди фаъолияти корхона, аз он чумла, паст кардани арзиши асли, боло бурдани сифати махсулот ва хизматрасонихо баромад мекунад.

Дар заминаи ибтидоии реинжиринг дар назди корхона халли масъалахои интихоби максад, маром ва роххои ба даст овардани натичаи фаъолият меистад. Аз ин лихоз мутахассисони корхона бояд коидахои чори ва ташкили фаъолияти сохибкориро, ки ба пешбурди кор монеъа мешаванд, тачдиди назар кунанд.

Реинжиринг аз нав ташкилкунии катъии низоми амалкунандаро, ки дар асоси он комилан усулхои нави ичро кардани корхо мефахмонад. Вай дар холатхое истифода карда мешавад, ки дигаргунихои кулли ва болоравии якбора зиёди (500-1000% ва зиёдтар) нишондихандахои фаъолияти ширкат бо рохи иваз намудани усулхои кухнаи идоракуни ба усулхои навин.

Метавон се шакли ширкатхоро чудо намуд, ки дар онхо реинжиринг зарур ва ба максад мувофик мебошад:

Якум, ширкатхое, ки дар холати муфлисшави карор доранд. Ин холат бо сабаби нисбатан аз ракибон баланд будани нарх ва пастбудани сифати молхо, хизматрасонихо бар меояд. Агар ин шакл ширкатхо реинжирингро истифода набаранд онхо ногузир муфлис мешаванд.

Дуюм, ширкатхое, ки дар лахзаи хозира мушкили надоранд, вале ногузирии пайдоиши проблемахои мушкил халшавандаро вобаста, масалан бо пайдо шудани ракибони нав, тагйироти талаботхои мизочон, тагйироти мухити иктисоди ва гайрахо пешбини мекунанд.

Сеюм, ширкатхое, ки дар лахзаи хозира проблемахои дар оянда пешгуишаванда надоранд. Ба ин шакл ширкатхои пешрафта, ки сиёсати самараноки маркетингиро пиёда месозанду аз вазъи он каноатманд нестанд ва ният доранд бо ёрии реинжиринг ба нишондихандахои бехтар сохиб шаванд.

Ба хамин тарик, вазифахои реинжиринг бо вазифахои инноватсия, яъне азхудкунии навоварихо барои таъмини ракобатнокии махсулот ва дар бозор мавкеъи худро устувор кардан мебошад. Тачрибаи истифодабарии реинжиринги бизнес-чараён нишон медихад, ки вай на танхо зарур аст, балки усули мухими фаъол гардонидани фаъолияти инноватсионии ташкилоту корхонахо ба шумор меравад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222