Мо дар давраи тагйиротхои ба ояндаи хеле дур равонакардашуда ва амики чахонбинии хеш, фалсафаи навини инкишоф, инчунин сиёсат, иктисодиёт ва равандхои навчуёна хаёт ба сар мебарем. Дар баробари рушди раванди чахонишави хар чи бештар бо мушкилихои бартараф намудани камбизоати, ки хар чи зиёдтар ба чараёни фаъолияти инсоният ба таври умуми таъсири хешро мерасонад, ру ба ру мегардад.
Масълахои камбизоати барои чомеъаи байналхалки чун бонги хатари глобали ба шумор рафта, доираи васеъи мушкилихои рох ёфтан ба захирахои иктисодиро дар бар мегирад. Ин хусусан ба кишвари мо, ки дар мархалаи гузариш карор дорад, вобаста мебошад ва халли мушкилии паст кардани сатхи камбизоати бо ба хисоб гирифтани окибати карорхои барои мухлатхои дур кабулшаванда муносибати фарогирро талаб мекунад.
Боки мондани сатхи баланди камбизоатии ахоли аз як тараф ба махдудсозии кобилияти пардохтсози талабот ва болоравии иктисодиёт оварда расонад, аз тарафи дигар ба вайронсозии принсипхои рушди ичтимои ва ризоияти чомеа оварда мерасонад. Бинобар ин, мушкилии аз байн бурдани бенавои ва паст сохтани сатхи камбизоати бояд мавзуъи ташвиши тамоми сохторхои давлати ва гайридавлати, табакахои чомеа, хизбхо ва харакатхо гардад. Давлат дорои имкониятхои паст кардани камбизоати тавассути ташкил додани хавасмандгардонии афзоиши иктисодиёт, мукаммалсозии кори сохторхои бозори ба нафъи бенавоён, барпо сохтани шароитхо бахри рох ёфтани онхо ба захирахо ва рушди сохибкори мебошад.
Баланд бардоштани сатху сифати зиндагии ахоли ба вучуд овардани фазои самараноки сохибкориро дар назар дорад, ки аз омилхои зерин иборат аст:
- рушди заминаи меъёрию хукуки нисбат ба сохторхои сохибкори, ки ба таври самаранок истифода бурдани захирахоро таъмин месозад;
- пурзурсозии ракобат ба воситаи хусусигардонии корхонахои сохахои иктисодиёт;
- рушди бозорхои молияви ва додани маблагхои карзи ба сохахои сохибкори;
- рушди низоми самараноки ба танзимдарорандаи бозори мехнат ва институтхое, ки муносибатхои мехнатиро ба танзим медароранд;
- таъмини дастгирии давлатии сохибкори.
Таъмини рушди босуръати иктисоди самти асосии стратегияи кам кардани камбизоати дар Точикистон мебошад. Катьи назар аз ин, барои он ки сатхи камбизоати паст гардад, болоравии иктисодиёт бояд чун манбае бахри баланд бардоштани имкониятхои бозории ахолии дехот, бехтар намудани вазьи ин кисми ахоли истифода бурда шавад.
Тахлили масьалахои камбизоати нишон дод, ки дар байни шугл, сохаи фаьолияти иктисоди ва камбизоати дар Точикистон алокамандии зич вучуд дорад. Бинобар ин, камбизоати аз самаранок фаьолият намудани бозори мехнат вобаста мебошад ва пеш аз хама, дар байни онхое чойгир мегардад, ки дар хочагии кишлок ва дар бахши давлати шугл меварзанд. Якбора паст гардидани сатхи маоши вокеьи дар кишвар дар давоми давраи гузариш дар байни мехнаткашон хатари камбизоатгардиро баланд намуд. Ин аньана боз бо он далел реша давонд, ки дар сари вакт надодани музди мехнат мушохида гардид. Хатари камбизоати дар байни шуглдоштагон нисбат дар миёни бекорон паст намебошад ва дар амал шуглдоштагон кисми зиёди камбизоаттарини ахолиро ташкил медиханд. Аз бисёр чихат ин аз сохтори бозори мехнат ва низоми вучуддоштаи музди мехнат вобаста аст.
Дар ташаккули бозори мехнат дар кишвар накши махсусро, пеш аз хама ду шарт мебозад:
Якум, раванди хусусигардони ва ташаккул додани бахши хусуси бо хар эхтимол ба фарксозии калони музди мехнат оварда расониданд. Ин равандхо ва муносибатхои нави иктисоди тафрикаро дар миёни музди мехнат дар бахши хусуси ва давлати, дар шахр ва дехот, инчунин дар миёни музди мехнат дар бахшхои гуногуни иктисодиёт баланд бардоштанд. Зиёда аз ин, хусусигардонии корхонахои миёна ва калон ва реструктуризатсия метавонад ба баландшавии сатхи бекории ошкоро ва ба дигар тагйиротхо дар бозори мехнат оварда расонад;
Дуюм, дар вактхои охир ба кулли васеъшаваии микёси бахши гайрирасми ба амал омад, ки акнун намудхои гуногуни фаъолиятро аз савдои бартери то тичорати савдои муташаккил, аз хизматрасони дар сохаи хуроки умуми то хизматрасонии наклиёт дар бар мегирад. Бахши гайрирасми, бегуфтугу, бахри заиф сохтани окибатхои манфии бухрони иктисодии «расми» омили тавоно гардид. Гайр аз ин, тагйиротхои дар бозори мехнат ба амаломада ба имконияти даромади табакахои камбизоати ахоли таъсир мерасонанд, онхо инчунин хангоми тахлили мушкилихои баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли дар Точикистон масъалаи маркази махсуб меёбанд.
Тадкикоти мушкилии камбизоати нишон медихад, ки аксарияти кисми камбизоаттарини ахоли ва кисми аз хад зиёди онхо дар хочагии кишлок машгул мебошанд. Ба ин муносибат, накши марказие, ки бахши хочагии кишлок дар баланд бардоштани имкониятхои бозории камбизоатон бозида метавонад, инчунин ба сатхи камбизоати дар кишвар таъсири калон мерасонад.
Сатхи дар давраи хозира ба дастовардашудаи рушди сохибкори бахри фавран ташкил намудани чойхои нави кори нокифоя мебошад. Тахлилхо нишон медиханд, ки бисёр далелхои манфи дар ташкил намудани фаъолияти сохибкори бо сабаби вучуд надоштани хазинахои махсуси карздиханда бахри барпо сохтани корхонахои хусуси ва барои муштариёни хеш дар гирифтани захирахои карзи кумакрасон мебошанд.
Рушди нокифояи институтхои молиявию карзи, ба сохторхои сохибкории хизматрасон дар кишвар инчунин ба пастшавии фаъолияти сохибкорон ва дарёфт намудани рохи ташкил додани фаъолияти сохибкори оварда мерасонад. Гайр аз ин, бахри таквиятбахшии ислохоти иктисоди ва рушди сохибкории хурд кор карда баромадани стратегияи ташаккулдихии инфрасохтори бозории сохибкори ва барпо сохтани низоми хавасмандгардонии рушди бахши хусусии иктисодиёт ба миён меояд.
Рушди нокифояи сохибкори онро зараровар ва камхосил мегардонад ва он ба хизматрасонии бозори, ба табакахои сердаромади ахоли нигаронида шудааст. Ин ба он оварда мерасонад, ки сохибкори ба кори пурарзиш мубаддал мегардад ва он ба барпо сохтани бозори ба пастсозии сатхи камбизоатии ахоли кодирбуда равона намебошад. Чунин холати рушди сохибкори ба пастсозии манфиатдори ба иктисодиёти милли, ба барпосозии чойхои нави кори оварда мерасонад, ва суръати ташаккул додани шакли нави тафаккури иктисодиро пешгири менамояд.
Тачрибаи барпосози ва тахлили фаъолияти рушди сохибкори ба таври боварибахш нишон медихад, ки чунин холати сохибкори аввалан, бо вучуд надоштани низоми самараноки фаъолгардони ва хавасмандсозии фаъолияти сохибкори ва дуюм, нисбатан суст будани асосхои дониши сохаи андозбанди, кори гумрук, кори бонк вобаста мебошад, ки сохибкоронро бахри чустучуи роххои дигари ташкили фаъолияти сохибкори мачбур месозад.
Чи тавре ки, тачрибаи чахони нишон медихад, гузариш ба муносибатхои бозори боиси пастшавии сатхи иктисодиёт ва афзудани мушкилии масъалахои ичтимои мегардад. Аз ин ру, дар шароити 143
гузариш,мушкилихои баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли дар мадди аввал чой дорад. Кобили тазаккур аст, ки яке аз роххои баландбардоштани сатхи зиндагони дар мамлакат зиёд кардани шумораи чойхои кори ва мусоидат намудан ба рушди сохибкори ва, пеш аз хама, сохибкории хурду миёна мебошад. Таъмини рушди корхонахои хурду миёна боиси афзудани чойхои кори ва зиёд гардидани сафи синфи миёнахол табакаи миёна хохад гардид. Ташаккулёбии табакаи миёна дар навбати худ барои рушди босуръати аз нигохи ичтимои окилонаи иктисоди, хиссагузор мебошад ва имкониятхои хавасмандгардонии сохибкориро таъмин менамояд.
Дигаргунисозихои иктисодию ичтимои холо дар зинаи сифатан нав карор доранд ва бо максади мухайё сохтани шароит бахри рушди босуръати аз нигохи ичтимои окилонаи иктисоди, ки ба афзоиши даромадхои хакикии ахоли ва бехтар намудани сифати зисти онхо нигаронида шудааст, равона мебошанд.
Баланд бардоштани сифат ва сатхи зиндагии сокинони мамлакат бештар аз рушди сохахои гуногуни зерсохтор (инфраструктура)- энергетика, наклиёт, обтаъминкуни ва телекоммуникатсия вобаста мебошад. Хусусан, рушди ин сохахо баъди ба имзо расидани хуччатхои хамкори, миёни Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хукумати Федератсияи Руссия, аз 17 октябри соли 2004-ум ба зинаи сифатан нав мебарояд. Ба анчом расидани сохтмони Неругохи барки обии «Сангтуда-1» ва сохта ба истифода додани ду агрегати аввали Неругохи обию баркии «Рогун» дар Чумхурии Точикистон масъалаи таъминот бо неруи кувваи барк пурра хал мегардад ва чумхури имконият пайдо менамояд, ки дар заминаи неруи барки арзони истехсоли ватани, корхонахои зиёди истехсоли, чойхои нави кори таъсис дихад ва сатхи некуахволии халк боз хам баланд гардад.
Бо максади баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли дар катори дигар вазифахо бояд чунин мушкилихои стратегияи рушди сохибкори халли худро ёбанд:
- Ба танзимдарории давлатии самараноки сохибкори бо роххои зерин таъмин карда шаванд:
- протексионизми окилонаи сохибкории хозиразамон;
- истифодабарии принсипхои батанзимдарории барномавию максаднок;
- таъмин намудани самти дорои сабаби муайян будаи дастгирии давлати;
- чори намудани усулхои селективию хавасмандсозии инвеститсиони дар сохибкории нисбатан самаранок;
- ташаккул додани системаи фармоишхои давлати ба махсулоти ба илм эхтиёчдошта ва ба ракобат тобовар;
- барпо сохтани зерсохтори самараноки ташкили ва бозори.
Ташаккул додани сохибкории хозиразамони дар фазои иктисодии кишвар, дар тамоми сохахо ва бахшхои истехсолот, дар хар кадом корхона. Гузаштан ба шакли сохибкории такрористехсолкуни дар сатххои мезо – ва микроиктисодиёт таъмин карда шавад. Дар натича, сохибкории хакики, он кувваи истехсолкунанда хохад гашт, ки он ба омили стратегии рушди иктисодиёти милли мубаддал мегардад.
Фаъолгардонии истифодабарии захирахои сохибкори бахри барпосозии шаклхои фаъолияти навчуи ба тарзи ташкили вокеии минтакахои дорои хочагихои сохибкори, ки асосан неруи (потенсиали) стратегии навчуиро бахри корхона барпо хохад сохт. Табдил додани сохибкори ба намуди махсуси фаъолият, ки бо максадхои инноватсиони, воситахои навчуи дар асоси ташаккул додани тартиби махсуси муътадил бахри «ба воя расонидани» табакаи сохибкорон ва зиндагардонии фаъолияти навчуи дар тамоми чузъхои иктисодиёт.
Барпо сохтани механизмхои иктисодие, ки фаъолияти сохторхои сохибкориро хавасманд месозанд ва сиёсати навчуёнаю сармоягузориро ба амал мебароранд. Бахри баланд бардоштани манфиатдории иктисоди ба сармоягузорихои истехсолии дарозмухлат ба бонкхо, хазинахои сармоягузори, ширкатхо, инчунин ба дигар институтхои молиявию казрдихи, омилхои иктисоди мухайё карда шавад.
Ташаккул додани бахши вокеии иктисодиёт дар асоси кор карда баромадани низоми афзалиятхои стратегияи инноватсиони, ки ба пуррагардонии бозори истеъмоли бо молхои ба ракобат тобовар ва хизматрасонихо, истифодабарии технологияхои баланд, сарфа намудани захирахои табии ва кам кардани ифлоссозии мухити атроф. Батанзимдарории давлати ва механизми амали сохтани селективии сармоягузори, ташкил намудани озмоиш (экспертиза), ба таври озмун, хоста гирифтан ва дастгирии лоихахои сармоягузори, ташаккул додан ва рушди инфрасохтори сармоягузори, таъмини кадри ва иттилоотии амали сохтани стратегияи сармоягузори.
Идорасозии таваккалкори дар раванди сохибкори бо тарики истифодабарии механизми кабул намудани карорхои таваккали, ки онхо ба паст намудани эхтимолияти аз даст додани дастовардхои инноватсионии кори ба ракобат тобовар ва муфлисшави, кам гардонидани таъсиррасонии номусоид ба натичахои истехсолот ва фаъолияти сохибкори оварда мерасонанд. Ташаккул додани системаи самараноки сугуртасозии тамоми намудхои таваккалкуни, ки имкони сугуртасози вучуд дорад, ба воситаи ташкил намудани чамъиятхои саххоми.
Рушди сохибкории хусусию давлати, чун шакли дар олам нисбатан пахнгардидаи сохибкории омехта. Сохибкории хусусию давлати дар асоси ташкил намудани корхонахои омехта бо истифода бурда шудани захирахои ватании сармоягузорхои хусуси бо максадхои амали сохтани барномахои рушди иктисодию ичтимоии нохия, соха ва ё лоихахои сармоягузори. Барпо сохтани шароитхои ташкилию иктисодии рушди гуруххои молиявию саноати, ки ба он чо институтхои сармоягузори, хазинахои гайридавлатии нафакави ва хазинахои сугуртасозии дигар ташкилотхо, инчунин сохторхои дигари сохибкори дохил мегарданд.
Чоннок намудани фаъолияти берунии иктисоди дар асоси чори намудани тартибу речаи махсуси фаъолияти самаранокии сохибкори дар доираи минтакахои озоди иктисоди ва рушди корхонахои муштарак. Рушди сохибкори ва бахши хусуси дар асоси барпо сохтани фазои ракобатноки бозори бахри корхонахои хурду миёна дар бозори дохили, ки ин барпо сохтани механизми таъмини рохёбии сохибкоронро ба бозор ва ба таври самаранок пеш бурдани фаъолияти сохибкориро талаб менамояд.
Ташкил намудани иттиходияхои сохибкорони хурд ва миёна, бахри ба рох мондани омузиши тачрибаи хамдигари, дарёфт намудан ва пурзур сохтани алокахо дар миёни корхонахо. Иттиходияхо вазифадоранд, ки низоми омузишро дар сатхи нохия, вилоят дастгири намоянд ва неруи бахши хусусиро ба таври самаранок истифода баранд.
Тезонидани рушди сохибкории хурд ва миёна, хавасмандсозии рушди онхо, кор карда баромадани Барномаи давлатии хавасмандсозии баргардонидани мутахассисони баландихтисос, коркунони мухандисию техники аз хорича ба кишвар. Инчунин истифодабарии васеъи бобарори рушди сохибкори, ки дар дигар кишвархои тараккикардаистода ва кишвархои хамсоя аз санчиш гузаштаанд, бо ба хисоб гирифташудани шароитхои махалли ва амали сохтани имкониятхои дохилии бахши хусуси.
Тезонидани раванди рушди маблаггузории корхонахои хурд ва миёна. Азбаски ин корхонахо боназардошти мавчудияти хавф фаъолият менамоянд, ин зарурияти барпо сохтани шароитхоро бахри ташаккул додани сарчашмахои сармояи таваккали пурзур менамояд. То кунун корхонахои хурд ва миёна бо сабаби мавчуд набудани чунин сарчашмахо, чун коида, бахри маблаггузории анъанави бо чалб сохтани сармояи карзи ниёз доранд.