Барномаи худопарасти ва ибодатхо дар таърихи зиндагонии ин-
сон реша доранд ва хамзамон бо фитрати худоии у барояш эхдо гар-
дидаанд.
Ин барномаи худопарасти ва низоми ибодатхо дар динхои пеши-
ни илохи низ вучуд доштанд. Ба монанди фаризаи хач, ки ёдгории хаз-
рати Иброхим (ъ) барои пайравони дини мубини Ислом мебошад. На-
моз низ дар динхои пешини илохи ба шакле вучуд дошт. Куръон аз за-
бони паёмбарони пешин барпо доштани намозро дар чандин мавзеъ
накл намудааст. Худованд дар бораи фаризаи руза низ хаминро мегу-
яд, ки он дар динхои пешин хам вучуд дошт, он чо ки мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед! Руза бар шумо фарз гардонида шуд,
хамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо низ фарз гардида буд, то
пархезгор шавед».
Худованд дар ин оят бо сарохат мефармояд, ки руза аз кадимул-
айём роич буда ва Худованд онро бар пайравони динхои пешин низ
фарз гардонида буд.
Руза ибодате мебошад, ки одамони диндор аз дергохи таърих ба-
рои худсози ва наздики ба Худованд аз он бахра мегирифтанд. Хатто
бутпарастон барои таквияти чанбаи рухи ва сафои фикри ва зехнии
худ аз он истифода мебурданд. Бо вучуди он ки осор ва ривоятхои во-
ридгашта дар мавзуи руза чойгох ва ахамияти онро дар назди динхои
илохи аз гузаштахои дур собит месозанд, вале метавон гуфт, ки руза
ба миллат, гурух ва дине хос ва махдуд набудааст, балки он ниёзи фит-
рии тамоми мавчудоти зинда мебошад, то гах-гохе худро аз хурдану
нушидан ва дигар корхо муддате нигох доранд. Руза ибодатест, ки бо
таърихи фитрати инсон хамрох мебошад.
Вале шаклу микдори он рузае, ки дар миёни миллатхои пешин ву-
чуд дошт, шояд аз фаризаи руза дар шариати Ислом фарк намоянд.
Ривоятхо ва осори воридгашта дар ин бора гуногун буда, голибан аз
тафовути шакли ва микдории он аз рузаи мохи Рамазон хабар ме-
диханд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …