Главная / Илм / Руза дар партави оятхои Куръон ва баёноти суннат

Руза дар партави оятхои Куръон ва баёноти суннат

Куръони карим бо баёни расо ва иборахои зебое фалсафа, хадафи
фарз гардидан, мухимтарин ахком ва чанбахои гуногуни рузаи мохи
Рамазонро бозгу намудааст. Пеш аз хама, собикаи деринаи таърихи
доштани ин фаризаи илохи дар миёни миллатхои гузашта ва хадафи
фарз гардидани онро бар миллатхо дар тули таърихи башарият баён
менамояд. 
Руза, чй тавре аз чониби Худованд бар мусалмонон фарз гардо-
нида шудааст, бар умматони пешин низ фарз ва мукаррар шуда буд,
то мусалмонон ба баракоти он ба тадрич рохи тако ва худсозиро дар
пеш гиранд. Ба вучуд омадан ва устувор гардидани пойгохи тако ва
ирода дар шахсияти инсон мухимтарин хадафи ин фаризаи илохй ме-
бошад. «Эй касоне, ки имон овардаед, руза, хамон гуна ки бар уммато-
ни пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, бар шумо низ фарз гардонида
шуд, то шумо (аз ин рох.) такво намоед».
Чй тавре дар ин оят мушохида мешавад, манзури Ислом аз бар-
номаи рузаи мохи Рамазон, ки аз худдорй аз хурдану нушидан ва ди-
гар аъмоли хилофи мукаррароти руза иборат мебошад, ба гуруснаги-
ву ташнагй ва дар зарфи як мох ба заъфу нотавонии чисмй кашидани
мардум намебошад, балки Куръони карим мухимтарин хадафи ин
барномаро тако ва худсозии инсон эълом намудааст. Ба ин маъно, ки
шахси рузадор бори дигар тавоноихои рухй, неруи ирода ва зарфият-
хои инсонии худро дар зарфи як мох тачдид намояд ва бо рухиёти то-
за ва неруи нав ба эъмори зиндагй бипардозад.
Ин оят хамчунин вахдати динхои илохй ва ягонагии башариятро
дар усули эътикодй ва барномахои ибодатй аз дергохи таърих эълон
менамояд, ба ин маъно, ки дини Худо, асли яктопарастй ва низоми ибо-
датхо хамзамон бо офариниши насли инсон собикаи таърихй дошта, ба-
шарият аз хамон оози пайдоиш бо усули эътикодоти тавхидй ва барно-
маи ибодатхо фаро гирифта шудааст ва дар ин замина тамоми кавмхо
ва халкиятхои гуногунро як асл – дини Худо бо хам мепайвандад.
Куръони карим дар чандин маврид эълон менамояд, ки асли тав-
хид ва чахор рукни амалии бинои Ислом: намоз, закот, руза ва хач, ки
барномаи ибодатхоро ташкил медиханд, гузаштаи таърихй дошта,
бар умматони дигаре, ки пеш аз зухури дини Ислом ба сар бурдаанд,
низ фарз гардида буданд.
Руза дар чанд рузи башумор, ки хамон айёми мохи мубораки Ра-
мазон мебошанд, фарз мебошад. Агар касе аз мусалмонони дорои ша-
роити гирифтани руза дар ин мох бемор шавад ва ё ба сафар барояд
ва натавонад ба рузаи худ идома дихад, пас шаръан барои у ичозат
аст, ки рузаашро бихурад ва вакте тандуруст ва муким гардид, бар вай
вочиб аст, ки ба андозаи рузхои хурдааш ба таври казо руза бигирад.
«Он чанд рузи башуморе мебошад. Он гох, касе аз шумо (дар аснои
мохи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад, (рузаашро бихурад ва пас
аз солим ва муким гаштан) ба хамон андоза аз рузхои дигар (рузаи
казоашро бигирад)».  
Албатта, дар ин чо беморие дар назар аст, ки гирифтани руза он-
ро сахттар ва ё шифоашро ба таъхир меандозад ва манзур аз сафар
низ сафари шаръй мебошад. Ин яке аз сабукихое мебошад, ки барои
мусалмонон дар гирифтани рузаи мохи Рамазон аз чониби шаръ дар
назар гирифта шудааст.
Одамоне, ки дар натичаи пирй ва нотавонии чисмй бо захмат ва
сахтй руза мегиранд, яъне гирифтани руза барояшон бисёр пурма-
шаккат ва токатфарсо аст, шаръан метавонанд рузаи мохи Рамазонро
ифтор намоянд ва ба чои хар рузи он ба андозаи таоми як мискин
фидя (пардохти молие) диханд, яъне як бенаворо таом диханд. «Ва бар
касоне, ки онро бо захмат ва сахти медоранд, фидя аст (ба андозаи)
таоми як мискин».
Вале агар онхо бо рагбати худ бештар хайр намоянд, ин бароя-
шон бехтар мебошад. Яъне агар барои хар мискин аз андозаи мукар-
раршуда бештар таом диханд ва ё ба чои як мискин ба ду мискин таом
диханд, боз барояшон савоби зиёдтар дорад. «Ва хар касе бо рагбати
худ (ва татаввуан) аз он бештар хайре намояд, он барояш бехтар аст».
Бо хамин рузаи мохи Рамазон аз онхо сокит мегардад ва казое
хам бар онхо вочиб намебошад. Ин сабукии дуюме мебошад, ки Ху-
дованд барои мусалмонон дар мохи Рамазон дар назар гирифтааст.
Вале бо вучуди ин дар тамоми суратхои зикршуда Худованд гириф-
тани рузаро барои онхо, агар фазилат ва савоби онро бидонанд,
бехтар гуфтааст. «Ва руза доштан (дар суратхои зикршуда), агар (савоб
ва мохияти онро) бидонед, бароятон бехтар аст».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222