адакаи Фитр закоти саронае мебошад, ки шахси мусалмон
пас аз хотимаи мохи Рамазон барои чуброни норасоихо ва
куохихои худ дар аснои рузаи ин мох, ва хамчунин барои
дасгири ва кумаки бенавоён дар рузи ид онро пардохт менамояд.
Садакаи Фитр идомаи барномаи такофули ичтимой дар Ислом
мебошад, ки ба сурати барчаста ва бо шукухи хосе дар рузи иди Рама-
зон амалй мегардад. Дар он руз мусалмонон бори дигар дар хотимаи
мохи Рамазон ихлосу садокат ба арзишхои дини Ислом, сатхи балан-
ди худсозй, маърифати динй ва таассуроти инсонии худро дар зарфи
як мохи руза ва хамин тавр намунае аз хамбастагию такофули ичти-
моии хешро ба намоиш мегузоранд ва ба ниёзмандони чомеа бо номи
садакаи Фитр дасти навозиш дароз мекунанд.
Садакаи Фитр сабаби погизагии нафси инсон аз баъзе бехудагихо
ва плефтагихое мебошад, ки имкон дорад гохо рузадорон дар мохи
Рамазон ба он олуда шуда бошанд. Хамчунин, камбагалон ва кишри
ниёзманди чомеа лоакал дар рузхои ид аз хурок ва эхтиёчоти муноси-
бе бахраманд мегарданд.
Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки «Расули Худо (с) закоти Фитр-
ро барои пок гардидани р адор аз бехудагй ва бадсуханй ва хамчунин
барои фарохам гардидани гизои муносибе барои ниёзмандон фарз гардо-
нидааст. Касе онро пеш аз намоз (-и ид) адо намояд, он закоти пази-
вакасе баъд аз намоз адо нюмюяд؛, он садакае аз са-
дакот мебошад» .235
Ислом дар зимни барномахои ибодатии худ усули иктисодй ва
тархи кафолатхои ичтимоиро ба сурати зебо ва бо пешбинихои даки-
ке дарч намудааст, ки дар он хам арзишхои инсонй, аз кабили барода-
рй, хамбастагй ва таъмини зиндагонии обрумандона барои тамоми
кишрхои чомеа тахаккук меёбанд ва хам бо хисси камоли бандагй ва
анчоми вазифаи шаръй аз суи дорандагон пардохт мешаванд.
Пардохти садакаи Фитр бар шахси дорои шароит вочиб буда, со-
ли дуюми хичрй хамзамон бо фарз гардидани рузаи мохи Рамазон со-
бит шудааст. Онро дар истилохи шаръ хам садакаи Фитр ва хам зако-
ти Фитр мегуянд.
Аз чандин нафар пешвоёни Ислом, аз чумла Икрима ривоят
шудааст, ки манзур аз покизагй дар ояти карима «Дар вокеъ, растагор
гардидааст касе, ки (худро) пок сохта ва номи Парвардигорашро ба ёд
235 Сунани Абудовуд, 1609. Сунани Ибни Моча, 1827.
оварда намоз гузоридааст» додани садакаи Фитр аст.
Ривоят шудааст, ки амири муъминон Умар ибни Абдулазиз (рх)
мардумро ба додани садакаи Фитр амр мекард ва ин оятро: «Дар во-
кеъ, растагор гардидааст касе, ки пок гардид ва номи Парвардигораш-
ро ба ёд овард, он гох, намоз гузорид» тиловат мекард. Вай ибораи
«Ман тазакко» -ро дар ояти «ба маънои «Касе
закот (ва ё садака)-и Фитр(аш)-р0 бидихад, дар вокеъ, растагор гар-
дида…» тафсир кардааст.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …