Главная / Илм / САНОАТИКУНОНИ ДАР ТОЧИКИСТОН ВА ХУСУСИЯТХОИ ХОСИ ОН

САНОАТИКУНОНИ ДАР ТОЧИКИСТОН ВА ХУСУСИЯТХОИ ХОСИ ОН

Накшаи сохтмони сотсиалисти бо назардошти хусусиятхои хоси ичтимои- иктисоди ва сиёси-мадани тамоми чумхурихо тартиб дода шуданд. Аз ин чихат Точикистон дар рохи амали гардидани накшаи индустрикунони аз дигар чумхурихо фарк мекард. Дар Точикистон дар навбати аввал сохаи саноати сабук таравди дода шуд. Ин якчанд сабаб дошт. Точикистони пеш аз инкилоби, дар дарачаи таравдиёти феодали меистод. Корхонахои камшумори саноат асосан дар кисми Шимолии Точикистон мавчуд буданд.
Мутахассисони сохахои инжинери, техники кариб ки набуданд. Бойгарихои табии Точикистон омухта нашуда буданд. Тамоми ин омилхо дар саноатикунонии чумхури сади рох мегаштанд. Ба максади ба амал баровардани барномаи сохтмони сотсиализм накшаи таравдиёти хочагии халк ба мухлати 5-сол тартиб дода шуданд.
Дар Чумхурии Точикистон асосан таравдиёти саноати сабукро пеш гирифта, барои таракки додани саноати кухи, металкоркуни, электротехника низ заминхо тайёр карда шуданд. Танхо аввали солхои 30-юм 17-корхонхои гуногун сохта шуда ба истифода дода шуданд.
Дар солхои пеш аз чанг дар Точикистон сохахои нави саноати ГЭС-Варзоб, кони Каромазор, Шуроб, «КИМ» (САНТО) пайдо шуданд.
Дар солхои 20-30 -ум роххои мошингард, пойтахти
чумхуриро бо нохихо мепайвастанд. Рохи охани Душанбе- Тирмиз соли 1929 сохта шуд.
Дар рафти сохтмони сотсиалисти синфи коргари чумхури ташаккул ёфт. Дар охири солхои 30-ум дар Точикистон 140 хазор коргар дар истехсолот кор мекард.
Дар баробари ин дар амали гаштани барномаи саноатикунонии Точикистон камбудихо чой доштанд.
Азбаски Точикистон дар хайати Иттиходи Шурави буд ба таракки додани саноати вазнин эътибор дода нашуд. Иктисодиёти чумхури ба эхтиёчоти умумииттифоки тобеъ карда шуда буд. Синфи коргари чумхури асосан аз хисоби коргарони дигар миллатхо буд.
Барои таракки додани саноати кухи, ки дар Точикистон заминаи зиёд дошт ахамият надода, ба чои он низ корхонахои саноати сабук аз кабили коргохдои дузандаги, бофандаги ва гайрахо сохта мешуданд. Ин камбудихо махсусан баъди ба даст даровардани истиклолияти Точикистон зиёдтар маълум гашта ба вазъи сиёси-иктисодии чумхури таъсири манфи расонданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222