СОХТОРИ ШАРИАТ. Шариат (аз калимаи ара. шаръ-шараъа – рохи рост, дуруст, конун, коида ва расму русуми хатмй) мачмуи мукаррароту муносиботи байни одамон, коидаву маносики ичрои маросимхои мазхабй, хукуки шахрвандй, чиной ва сиёсии мусалмонхо мебошад, ки пеш аз хама дар заминаи Куръон ва суннат муайян шудааст. Дини ислом на танхо масоили соф ибодату парастиши худо, балки тамоми сохаи хаёти чамъияти- хукук, ичтимоиёт, сиёсат, ахлок, маишатро дар бар мегирад ва барои онхо конун вазъ кардааст. Аз ин ру ислом на танхо дин балки дастур ва тарзи зиндаги низ мебошад. Шариати ислом руи чахор рукн: ибодат, муомилот, худуд ва имомату хилофат (ёахкоми султони -сиёси) устувор аст.
Шариати ислом аз системахои дигари конунгузории динии гарбию шарки фарк дорад. Дар он хам масоили мазхаби- амалияи дини, ки китоби ибодат ном дорад ва хам умуру ахкоми марбут ба муносибатхои ичтимоию иктисоди– китоби муомилот, хукуки- китоби худуд ва аксар аз он масоили ахлоки, одоби муошират низ мавриди бахс аст.
Масъалахои назариявии шариат дар доираи илми фикх мавриди бахсу барраси карор гирифтааст. Умуман бояд таъкид кард, ки таърихан дар мавриди муайян намудани таносуби шариат ва фикх байни уламои ислом ва хамчунин исломшиноси иттифоки назар нест. Баъзехо ин хардуро хаммаъно ва як мешуморанд ва баъзеи дигар байни онхо тафовут мегузоранд. Шариат хамон дастур ва рохи рост (сиратул- мустаким), конуни асосии ислом, ки дар Куръон ва сунна мундарича аст. Фикх (аз калимаи арабии факаха-фахмиши амик, дониш) илмест, ки доир ба масоили шаръии ислом бахсу барраси назари ва оид ба усули истинботи ахкоми шаръи роху равиш муайян намуда, такмилу татбики онро тибки муктазои замон пас аз вафоти Паёмбари он (с) таъмин намудааст. Дар мавриди илми фикх баъдан муфассалтар таваккуф хохем кард, холо бояд бубинем чор рукни номбурдаи шариат кадом масъалахоро дар бар мегирад.
Рукни аввал ибодат аст ва дар ин кисмати шариат ахкоми ибодат: фарзу суннатхои тахорат, намоз, руза, маносики хаччи Хонаи Худо баён шудааст. Дар шариати ислом аз хама бештар ба умури ибодат, алалхусус тахорат-покию тозаги диккати махсус дода мешавад. Дар китобхои ба умури шариат бахшидашуда, кисмати ибодат ва дар он боби тахорат аз хама бузург мебошанд. Тахорат дар ибодат ду навъ аст: тахорати бадан ва либос (зохир) ва тахорати калб (ботин). Боби тахорат дар хамин маврид ва чигунагии риъояти он, чизхое, ки тахоратро шикананд ва гайра бахс мешавад. Дар боби намоз фарзу суннатхо, вакт, шароит, чигунагии адои намоз ва гайра бахс шудааст. Хамчунин ахкоми руза ва шароити хаччи Хонаи Худо дар ин боб омадааст.
Асли дуввуми шариати ислом муъомилот, ба истилохи имруз “хукуки шахрванди”- мукаррарот, шарту шароит ва ахкоми муносибатхои оилави, ичтимои иктисоди, тичорат байни одамон мебошад. Масалан, шароити никох ва талок, ичора, хариду фуруш (байъ), карзу вадиъа, васияту мерос, ваколат, шароити хочагидори (музориъа) ва обдихи (соика) аз чумлаи он корхоест, ки ислом ахкоми муайяне нисбат ба онхо вазъ кардааст. Муъомилотро дар адабиётхои шаръии исломи укуд (бастани ахду паймон) хам меноманд, ки иборат аз понздах китоб аст.
Аслу пояи сеюми шариати исломи ал-худуд ё ба истилохи имруза ахкоми чинои (сохаи хукуки чинои) мебошад. Ал-худуд ин чо ба маънии худудул-лох, яъне хадду худуди муайян кардаи Худо, ки аз он набояд тачовуз кард, омадааст ва тачовуз аз он чиноят ва чавобгарист. Чиноятхое, ки дар боби хадд ва мучозоти онхо муайян шудааст иборатанд аз: дузди, зино (алокаи номашруи чинси), рохзани, исён ва аз дин гаштан, (раддия), фохишаги (ал-баги), лавоти (алокаи чинсии хамчинси- гомоссексуали), шурби хамр (майхори) ва гайра.
Тарикаи асосии мучозот аз сангсор кардан, буридани ангушту даст, камчин- дурра задан ва катл бо шамшер ва ба дор кашидан мебошад. Масалан, барои дузди буридани ангуштон ва даст, барои шурби хамр (шароб) камчин задан, барои зино сангсор кардан ва барои гаштан аз дин катл муайян шудааст.
Нихоят рукни чоруми шариати исломи имомат ва хилофат иборат аз ахкоми сиёси ё ахкоми султони- мебошад, ки шаклу мохияти хукумати исломи, шароити хукумат ва рохбари, муносибат ба давлатхои дигар, равобити хоричи, шароити чиход, сулх, муносибат бо раъият ва гайраро муайян мекунад. Мухимтарин вазифаи шариати исломи дар ин боб хифзи давлату дин аст. Дар замони Паёмбар(с) ва Хулафои Рошидин (р) ва хилофати исломи ин рукнро «имомат ва хилофат» меномиданд, пас аз он «вилояти факех» (дар ахли шиъа) ва «ахкоми султони» дар ахли суннат.
Ин аст он чахор рукн ё кисмати шариати ислом, ки ислом бар он росту коим аст. Шариати ислом аз гахвора то гур барои тамоми чузъиёти хаёту фаъолияти инсон коидаву конун, нормахову мукаррароти зарури вазъ кардааст.Чунон ки гуфтем, дар ин байн кисмати ибодат аз хама кисмати такмил ёфта ва бузурги шариат аст, вале кисматхои муомилот, худуд ва ахкоми султони чандон мукамал нестанд ва ахкоми он низ катъи ва тагирнопазир намебошанд, балки ин ахком аксар хукми “кавоиди омма” ва дастуроти “заннию истидлоли” яъне усули куллии халлу фасли масъаларо дар бар мегирад. Чунки хаёти чамъияти, собиту доими нест ва хамеша дар тагйиру тахаввул аст аз ин ру дар ин се кисмат шариати ислом ва хамчунин дар Китоб ва Суннат чой ва имкон барои халли масоил тибки шароит ва муктазои замонро гузоштааст. Яъне чазмиёт, яъне мукаррарот ва ахоми тагйирнопазир аксаран дар кисмати илохиёт ва ибодати ислом аст, на дар кисмати умури зиндаги ва хаёти ичтимоию иктисодии он.
Хулоса, дар тули зиёда аз чахордах аср шариати ислом барои мусалмонон ягона конун ва дастури зиндаги, заминаи муносибатхои ичтимои, сиёси, ахлоки ва гайра ба шумор мерафт. Танхо аз охирхои асри 18-ум ва ибтидои асри 19-ум сар карда олами исломи ба олами масехии гарби аз наздик ру ба ру шуд. Баъдтар дар асари гирифтори ба доми мустамликадори ва таъсиру фишори системаи сармоядорию сутсиолистии гарби дар кишвархои исломи тарзи зиндаги, кавоиду мукаррароти хукуки, низоми ва сиёсии гарби нуфуз карда, дар сохаи хукуки шахрванди, хукуки чинои ва давлатдори шариати исломро танг карданд. То охири асри бистум дар бисёре аз кишвархои исломи нормахои хукуки гарби ва ё омехта (синтез)-и гарбию исломи амал мекарданд. Ин холат хануз хам дар кишвархои собик системаи сотсиалисти ва шурави пой барчост.