Сиёсати миллии давлати Шурави ба хамдигар наздик кардани миллатхо ва ташакули халки ягонаи сотсиалисти равона карда шуда буд.
Мувофики идеологияи хизби асоси маданияти давлати Шуравиро шаклан милли ва мазмунан сотсиалисти ташкил медихад. Дар амал ин маънои муттахид кардани халкхоро дошт. Дар тамоми каламрави Иттиходи Шурави забони руси-забони давлати эълон карда шуд. Тамоми чаласаю чамъомадхо ба забони руси мегузаштанд. Забони руси муошираи байни миллатхо буд. Аз як минтака ба минтакаи дигар кучонидани халку миллатхо чой дошт, ки дар натича тоторхои Крим, як катор халкхои Кафкази Шимоли, Трукхои масхетию олмонихои хавзаи Волга аз сарзамини таърихии худ кучонида шуданд. Дар солхои 60-70-ум аз Россия ба чумхурихои милли кучидани мардуми Россия сар шуд. Дар натича миллионхо ахолии русзабон берун аз сарзамини таърихии худ зиндаги мекарданд, ки ин дар худи Россия боиси холи (беахоли) мондани хазорхо нуктахои ахолинишини Россия гардиданд ва ин ба иктисодиёту маънавиёт бетаъсир намонд.
Ахолии шахрхои Осиёи Миёна, аз он чумла Точикистон асосан аз хисоби мардуми русзабон меафзуд. Дар ин кор асосан рохбарони чумхури сахмгузор буданд. Мутахассисони инженери-техники аз байни ахолии махал намерасиданд. Ба чои тайёр кардани мутахассисони махали ба корхонахои саноатии навбунёд аз Россия мутахассион даъват намуда, бо хонаву чой таъмин карда мешуданд. Инчунин дар бисёр мавридхо барои тахсил ба мактабхои олии шахрхои маракази ба чои кадрхои махали, чавонони русзабон фиристода мешуданд. Чавонхои махали аксар бекор мемонданд.
Солхои 80-ум дар асоси накшаи махсус ба шахру дехоти Россия сокинони Осиёи Миёна кучонда мешуданд. Ин икдом барои омезиши миллатхои гуногун нигаронида шуда буд. Гарчанде, ки теъдоди ахолии русзабон дар Точикистон сол то сол зиёд мешуд ин ба таносуби умумии ахолии чумхури таъсир расонда наметавонист. Таносуби миллатхои тахчои меафзуд.
Ба максади амали гаштани идеологияи коммунисти дар бораи ягонагии халки Шурави дар солхои 80-ум масъалаи мухочир кардани ахолии тахчоии чумхурихои милли бардошта шуд.
Тамоми ин икдомхо норозигии миллатхоро ба вучуд оварданд. Вокеъахои охири солхои 80-ум дар чумхурихои назди Балтика, Кавказ,
Молдавия, вилояти Мухтори Кухистони Карабог, шаходати тезу тунд гардидани масъалаи милли мебошанд, ки чорачуи фавриро талаб мекарданд.
Точикистон, ки нисбат ба дигар чумхурихо орому осоишта буд, гох-гох аз худ дарак медод. Соли 1989 дар сархади нохияи Исфара бо Боткенти Кириистон дар масъалаи таксимоти замин нохушихо рух доданд.
Дар кисме аз шахрхои Чумхурии мухтори крим, шахрхои чудогонаи Узбекистон аввалин гирдихамои ва намоишхо ба амал омаданд. Дар баъзе мавридхо хукумат мачбур шуд, ки талаби мардумро ичро кунад. Масалан солхои 1977-1978 дар чумхурихои Кавказ, Гурчистон ва Арманистон барои макоми давлати гирифтани забонхои гурчи ва армани мубориза бурда шуд, ки талаби онхо ичро гардид.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …