Главная / Илм / СИЁСАТИ МУСТАМЛИКАВИИ РОССИЯ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

СИЁСАТИ МУСТАМЛИКАВИИ РОССИЯ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Истилои Россия Осиёи Миёнаро ба мустамликаи бехукуки Хукумати подшохи табдил дод. Сиёсати Россия дар
Осиёи Миёна тачовузкорона ва мустамликави буда, муносибати мутлакият нисбат ба халкдои ин кишвар
душманона буд.
Сиёсати мутлакияти Россия дар Осиёи Миёна ба ду мархила чудо мешавад. Мархилаи аввал аз соли 1864 то солхои 90-ум, мархилаи дуюм аз солхои 90-ум то солхои 1917 давом карда буд.
Дар мархилаи аввал сармояи давлати сохибмустамлика ба иктисодиёти Осиёи Миёна дахолат намекард ва ба хариду фуруши махсулот машгул буд. Дар давраи дуюм дахолати фаъолонаи сармояи рус ба иктисодиёти Осиёи Миёна сар шуд. Дар ин мархила капитали рус ба тараккиёти сохахои махсуси хочагии шлок ворид гардида, роли бонкхо баланд гардид.
Хукумати подшохи манфиатдор буд, ки муносибатхои кухни феодали дар ин кишвар нигох дошта шаванд. Бо ин восита буржуазияи рус имконият пайдо мекард, ки ахолии Осиёи Миёнаро харчи бисёртар орат кунад. Осиёи Миёна хамчун манбаи ашёи хом ва бозори савдои барои капитализми Россия хизмат мекард.
Сиёсати Хукумати подшохи нибат ба халкдои Осиёи Миёна ба он равона карда шуда буд, ки тухми хар гуна давлатдори ва истиклолиятхоро дар байни онхо нобуд созад, маданияти онхоро хароб кунад, мардумро дар чахолат нигох дошта забони халкдои махаллиро махдуд гардонад. Хукумати подшохи дар сиёсати мустамликавии худ ба амалдорони худ, феодалон ва мансабдорони махали такя мекард.
Дар натичаи мустамлика шудани Осиёи Миёна халкдои ин кишвар ба зулми дутарафа – истисмори феодалон ва амалдорони махали ва мустамликадорони рус дучор гардиданд. Дар баробари хамрох шудани Осиёи Миёна ба Россия дар кишвар унсурхои капиталисти пайдо шуданд. Лекин мутлакияти подшохи хокимятро дар дасти худ нигох дошта, барои барпо шудани базаи саноати вазнин дар ин чо рох надод. Корхонахои сохаи саноати сабук, ки ба максади мустамликавии хукумати подшохи хизмат мекард, бунёд карда мешуданд. Дар натичаи пайдо шудани аломатхои капиталисти синфи коргар ва зиёиёни милли ташаккул ёфтанд.
Хукумати подшохи ба ашёи хом-пахтаи Осиёи Миёна эхтиёчманд буданд. Аз хамин сабаб барои таравди додани пахтакори дар Осиёи Миёна чорахои амали дида мешуд. Хукумати Россия барои зиёд кардани майдони кишти пахта ва бехтар намудани сифати он чорачуи мекард. Дар ин чо навъхои нави пахта (пахтаи навъи америкои) пахн шуд. Агар соли 1884 майдони кишти пахтаи «Америкои» дар Осиёи Миёна 450 десятинаро ташкил дода бошад, онгох дар соли 1887 майдони кишти ин навъи пахта ба 14500 десятина расонида шуд.
Хукумати подшохи дар сиёсати аграрии худ ба он мекушид, ки тамоми категорияи заминхоро ба манфиати капитали рус истифода барад. 12 июни соли 1886 доир ба муносибати аграрии Кнуннома кабул карда шуд. Замин моликияти давлати буда, онро ба тарзи обшинаги ва наздихавлиги истифода бурдан мумкин буд. Хариду фуруши замин низ чой дошт. Андозаи заминхои мулки ва вакф кам карда шуда, аз онхо андоз гирифта мешуд. Ба фоидаи Хазина микдори зиёди заминхо мусодира карда шудаанд.
Заминхои бодиянишинон низ давлати эълоншуда, ба худи онхо барои истифодабарии обшинаги дода мешуд. Хамин тарик, конунномаи 12 инюни соли 1886 дар масъалаи истифодабарии замин дар Туркистон ба шаклхои заминдории баъд аз ислохотии соли 1861 Россия наздик карда шуд.
Усули нави истифодабарии замин, бинобар характери чузъи доштанаш, муносибатхои феодалиро дар Туркистон бархам надод. Гарчанде, сохти мустамликави ба ташаккули синфи буржуазияи дехот монеъ шуда бошад хам, бо вучуди ин, ба табакахо чудошавии ахолии кишлок сар шуд. Дар натича аз замин махрум гаштани дехдонон сафи мардикорон ва коргарони кироя меафзуд.
Дар сиёсати аграрии хукумати подшохи ба мухочир кардани дехдонони рус ба Осиёи Миёна дивдати махсус дода мешуд. Хукумати подшохи сиёсати мочиркунии дехдонони русро ба Осиёи Миёна бо ду максад пеш гирифт. Аввалан, элементхое, ки аз сиёсати мутлакият норози буданд, онхоро ба нохияхои дурдасти Осиёи Миёна мухочир намуда, ба ин восита норозигии дохилиро бартараф мекарданд. Аз тарафи дигар, хукумати подшохи дар шахсияти дехдонони мухочиршудаи рус дар Туркистон такягохи боэътимодро пайдо карда метавонист. Мухочиршудагон аз чихати хайати худ гуногунтабака буданд. Дар Туркистон махаллахои руснишин ташкил карда шуд, ки ин табакаи кулакхои рус барои ба амал баровардани сиёсати аграрии худ ба мутлакияти подшохи такя мекард.
Ба сиёсати иртичоии мустамликавии мутлакияти рус дар масъалаи мухочиркуни нигох накарда, сиёсати
мухочиркунии дехдонони рус барои Туркистон окибатхои мусби низ дошт. Дар натичаи омадани дехдонони рус дар хочагии кишлоки Осиёи Миёна шаклхои нисбатан пешкадами зироатчиги аз олотхои бехтарини зироаткори чори шуданд. Аз солхои 70-уми асри XIX дар Осиёи Миёна кишти картошка, карам ва дигар намуди зироатхо ба рох монда шуданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222