Главная / Илм / СИКХИЯ (Сикхизм) – Дин дар Хиндустон

СИКХИЯ (Сикхизм) – Дин дар Хиндустон

Сикхия яке аз динхои миллии хинду ориёи ва яктопарасти буда дар асри XV м. ба вучуд омадааст. Он аввал хамчун як фиркаи ислохталаби хиндуия зухур карда, имруз хамчун дини алохида шинохта шудааст. Дини сикхия аз чавонтарин динхои суннати мебошад. Асосгузори он Нанак (1469-1538) аст. У аз ахли Панчоби Хиндустон аз оилаи точири кашатри буд. Нанак дар ибтидо ба бисёре аз марказхои динию мазхабии Шарки Наздик сафар карда, динхои дигарро омухта буд.

sikh

Мувофики таълимоти Нанак Худои вохид Хакк метавонад ба суратхои гуногун, дар афкор ва эътикодоти мухталиф зохир шавад. Худо дар саро сари олами хасти хаст ва дар дили инсон чо дорад ва аз суханони уст, ки гуфта: «Худоро дар хорич аз дили худ чустучу накун, у дар хама дилхо мавчуд аст ва ба василаи таълими муъаллим ба у рох тавон ёфт». Вай ибодот ва маросимхои зохирие, ки муъминони хинду ва мусалмон дар маъбадхо ва масочид ба чо меоранд, кабул надорад ингуна маросимхоро бе андеша ва фуру рафтан ба ёди Худо бефоида мешуморад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222