И.В.Сталин 21-декабри соли 1879 дар шахри Гори Губернияи Тифлис таваллуд шудааст. Падари у аз оилаи дехдон баромада, касби музадузиро пеша гирифта буд. Сталин аввал дар мактаби динии зодгош ва баъдтар ба мактаби динии ш.Тифлис тахсил намуд. Сталин аз сини 15 – солаги соли 1898 ба гурухи РСДРП — ш.Тифлис хамрох шуда, баъдтар яке аз рохбарони шохаи марксистии ин ташкилот мегардад. Сталин то соли 1905 асосан дар Закавказия фаъолияти инкилоби бурда, соли 1905 хамчун вакил дар анчумани 1-уми умумируссиягии болшевикон иштирок мекунад.
Сталин бори аввал бо Ленин дар анчумани хизби сотсиал-демократхои Руссия дар Лондон шинос мешавад. Ба Ленин чолоки, хушзехнии у писанд омад ва баъди сухбат аз у хохиш намуд, ки доир ба масъалаи милли фикру андешаи худро пешниход намояд.
Баъди вафоти Ленин дар байни хайати рохбарикунандаи хизб мубориза барои хокимият сар шуд. Аз байни онхо Сталин ва Тротский фарк мекарданд. Сталин тавонист, ки бо ёрии хамсафони наздики худ ракиби асосиаш Тротскийро саркуб кунад. Дар ин кор у аз ракибони ояндаи худ ба монанди Зновев, Риков ва Бухарин мохирона истифода бурд.
Дере нагузашта Сталин ин гурухи оппозитсиониро низ аз байн бурда, ба мансаби олии рохбарияти хизб ва давлат сохиб гардид.
В.И.Ленин дар «Мактуб ба съезд» ба Зиновев, Каминов, Тротский, Бухарин, Сталин бахо дода, аз чумла дар бораи Сталин гуфта буд: чораи аз вазифаи котиби Генералии КМ ба вазифаи дигаре гузаронида Рафик Сталин мухокима карда шавад, ки «вай аз Рафик Сталин танхо бо як бартарие фарк кунад, яъне ботамкинтар, хушмуомилатар ва нисбат ба рафикон бодикдаттар бошад, он кадар инчик набошад ва гайра» (Очеркхои таърихи КПСС. -Душанбе.- 1967.- С. 272273).
Мактуби Ленин вакте мухокима шуд, ки муборизаи тезу тунд бо тротсийчиён, ки рохбарияти хизбро хануз дар вакти хаёт будани Ленин ба даст даровардани буданд, навакак хомуш шуда буд. Сталин дар ин давра ба мукобили ин гурух муборзаи беамон мебурд. Сталин бо маколаи худ «Дар бораи асосхои ленинизм» дар байни аъзоёни КМ ва тамоми хизб эътибори калон пайдо кард. Вакилони съезд хамаи инро ба назар гирифта, бовари доштанд, ки Сталин камбудихои нишондодаи Ленинро ислох мекунад. Лозим донистанд, ки у дар вазифаи котиби Генерали монда шавад. Хамин тарик Сталин ба сари кудрат омад.
Сталин дар байни аъзоёни рохбарикунандаи хизб мутахассис ва назариётчии асоси аз руи масъалахои милли буд. Аз соли 1922 у котиби КМХК таъин шуд. Пас аз фош кардани Риков Сталин фаъолияти бюрои сиёсиро ба дасти худ гирифт. Албатта дар маъракахои таъкиботхои сиёсии солхои 20-30 ва баъдина сахми Сталин хамчун рохбари якум хеле зиёд аст. Лекин гунохи атрофиёни Сталин кам набуд.
Хар кадоми атрофиёни Сталин барои дар назди рохбар худро азиз кардан аз нобоварии дохи истифода бурда аз болои ракибони худ хабар мерасонданд.
Масалан нисбати котиби вилоятии Ленинград Кузнесов ба он сабаб айбнома тахия карда шуд, ки Сталин максад дошт уро ба кор ба Москва гирад. Онхое, ки аз ин хавф мебурданд, нисбати у айбномаи калбаки тайёр карда уро дар кушиши ба Ленинград кучонидани пойтахт гунахкор карда ба Сталин ахборот доданд. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки барои чазодихии сиёси танхо Сталин айбдор набуд. Дар ин кор хамаи онхое, ки солхои тулони дар мансабхои рохбарикунандаи хизб ва давлат кор мекарданд, гунахкоранд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …