Главная / Илм / ШИШИ СОЛИ 1916 ВА ВАЗЪИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА

ШИШИ СОЛИ 1916 ВА ВАЗЪИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА

25-уми июни соли 1916 императори рус Николаи II «Дар бораи сафарбарии мардхои ахолии махали тобехи империя ба кори сохтмони иншооти мудофиа дар махали урдуи амалкунанда ва хамчун барои анчоми хама гуна корхои мудофияи давлат зарур» фармон баровард. Мувофики ин фармон бояд аз Туркистон 250-хазор нафар мардони аз 19 то 44 сола сафарбар карда мешуданд.
Фармон дар давраи хосилгундори баромада, сафарбаркунии кувваи кори ба акибох таъсири бад мерасонд.
Чанги чахони ба иктисодиёти Россия таъсири
харобиовар расонд. Дар натичаи чанг сохахои асосии
хочагии халки мамлакат касод шуд ва дарачаи зиндагонии халк паст фаромад. Ба чанг 47% мардони кобили мехнат сафарбар карда шуданд.
Кулфати чанг, талафоти чони, бесалохиятии хайати фармондехи, хиёнати бевоситаи хукуматдорон, харобшавии акибох боиси хашму азаби халк гардид.
Чанг ба иктисодиёти Осиёи Миёна, аз чумла, нохияхои точикнишини он таъсири харобовар расонд. Кашонда овардани махсулоти саноати ба Осиёи Миёна катъ гардид. Аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом ва озукавори баръакс меафзуд. Ба сабаби паст фаромадани нархи пахта хочагии пахтакори хароб гардида, солхои 1915-1916 дар Осиёи Миёна бухрони иктисоди сар зад. Дар солхои чанг андозхо дар Осиёи Миёна 3-4 маротиба зиёд шуданд. Андоз аз 10%-и солхои 80-уми асри XIX дар соли 1914 ба 75% расид.
Соли 1916 андози махсуси харби ва андози махсуси мувавдати ба микдори 2 суму 50 тин аз хар пуд пахта чори карда шуд. Андоз аз заминхои лалми то дарачае расонида шуд, ки бисёр дехконон аз бахри заминхояшон мегузаштанд. Аз ахолии чорводор (кучиён) андози сари хонаги ба андози 4 сум аз хавли гирифта мешуд.
Аз ахоли бо хар бахона чорво ва чизу чораашон зуран кашида гирифта мешуд. Соли 1915 нархи пахта нихоят паст фароварда шуд. Дехконон хатто харочоти мехнати сарфшударо пушонда наметавонистанд.
Сиёсати мустамликави, зулми дахшатовари ичтимои мукобилияти сахти ахолии кишварро ба амал овард. Дар чунин вазъият 25 июни соли 1916 фармони подшох дар бораи ба корхои акибгох сафарбар намудани ахолии айрирус эълон карда шуд. То ин давра сокинони Казокистон ва Осиёи Миёна ба хизмати харби даъват карда намешуданд. Ба ивази хизмати харби ба хукумати подшохи андози махсуси иловаги медоданд. Тамоми ин зулму ситам сабаби шуриши соли 1916 гардид.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222