Главная / Илм / СИСТЕМАИ СИЁСИ ВА ИКТИСОДИИ ДАВЛАТИ ШУРАВИ.

СИСТЕМАИ СИЁСИ ВА ИКТИСОДИИ ДАВЛАТИ ШУРАВИ.

Мувофики конуни асосие, ки соли 1929 кабул гардид, асоси сиёсии давлати Шуравиро Диктатураи пролетариат дар шакли Шурохо (намояндагони халкии коргарон, аскарон ва дехдонон) ташкил медоданд. Асоси иктисодии давлати Шуравиро моликияти чамъияти будани воситахои истехсолот, ки дар ду шакл: моликияти давлати умумихалки ва моликияти колхози-кооперативи ташкил медод.
Дар солхои 20-ум интихобот бисёрдарачави буд. Инро ба мавчуд будани синфхо ва табакахои аз чихати иктисоди макоми гуногун дошта вобаста мекарданд. Аз ин сабаб интихобот ба чуз шурохои дехот бевосита набуда бисёр – зинаги буд. Шахрвандон дар мачлисхои интихоботи вакилони худро ба Шурохои намояндагони коргарон, дехдонони шахр интихоб мекарданд. Мачлисхо аз руи нишонаи касабави мегузаштанд. Минбаъд аз байни интихобшудагон вакилонро ба макомоти болоии Шурохо вакилон дар анчуманхои Шурохои намояндагони дехот, шахр, нохия, вилоят интихобот мекарданд. Анчуманхо хамчунин кумитахои ичроияи шурохои депутатхои шахр, нохияви, вилояти ва КИМ умумииттифокиро интихоб мекард ва ба хамин вазифаи худро ба сомон мерасонд. Яъне интихобот бевосита баробар ба умуми набуд. Мувофики конун аз сабаби мавчуд будани синфхои истисморкунанда дар асоси конун собик, синфхои ба табакаи коргар ва дехдон мансуб набуда (амалдорони амир, бойхо, заминдорон ва гайрахо) аз хукуки интихоби махрум буданд. Нисбат ба синфхои дигар, дар шароити диктатураи пролетариат, синфи коргар нисбат ба девдонон ва аскарон дар интихобот
бартари дошт.
Дар Точикистон бинобар вазъияти хоси иктисоди – ичтимоии чумхури интихобот дар шароити вазнин мегузашт. Давом кардани чанги шахрванди ба мукобили куввахои аксулинкилоби, дарачаи пасти донишхои сиёсии мардум ба интихобот бетаъсир намемонд. Масалан, дар интихоботи нимаи дуюми асри 20-ум аз 10-15 то 40% интихобкунандагон иштирок карданду халос.
Солхои 30-юм фаъолияти сиёсии мардум баланд гашт, ки ин бо тагйиротхои чомеъа ва дигаргунихои ичтимои- иктисоди вобастаги доштанд. Солхои 1930-31 дар интихобот то 56 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд. Дар интихоботи соли 1934 теъдоди интихобкунандагон ба 60-80% расид.
Соли 1936 дар иттиходи Шурави конуни нав (конститутсия) кабул карда шуд. Дар асоси он дар хамаи чумхурихои иттифоки, аз ч,умла Точикистон соли 1937 Кнуни нав кабул карда шуд Дар асоси ин конун дар сохтори интихоботи тагйирот дароварда шуданд. Мувофики конуни нав ба хамаи зинахои макомоти Шурохо интихобот бевосита эълон карда шуд. Интихобот акнун дар хавзахои интихоботи дар чои зист барпо карда шуда гузаронида мешуд. Интихобот як мандати буд. Вакилон на ба анчуман, балки дар хавзахои Интихоботи интихоб шуда, дар чаласахои Шурохои махали ва чаласахои Шурои Олии чумхури ва умумииттифоки чамъ мешуданд. Яъне бо баробари тагйиротхои сиёси – ичтимои ва иктисодии мамлакат интихоб дар асоси Принсипи бевосита, умуми, баробар бо овоздихии пинхони мегузашт. Дар интихоботе, ки аз руи принсипхои нави интихобот дар асоси конуни нави соли 1937 гузаронида шуд, 98,5% интихобкунандагон иштирок доштанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222