Шамсиддин – махдуми Шохин соли 1859 дар Бухоро дар оилаи муллои камбагал таваллуд шудааст. Падари у Муллоамон аслан аз Хатлонзамин (Кулоби хозира) буда, дар вакти чавони барои тахсили илм аввал ба Самарканд ва баъд ба Бухоро рафта, дар мадраса тахсил намудааст. Баъди хатми мадраса хонадор шуда, чанд вакте дар яке аз мадрасахои Бухоро дарс хам гуфтааст.
Шохин маълумоти ибтидоиро дар мактаби духтарон – назди бибихалифа мегирад. Вай хануз аз бачаги дар хондану навиштан кобилияти фавкуллода дошт. Чунон ки худаш дертар хикоят мекунад, дар хамин мактаб, тахминан дар хашт – нухсолагиаш ба шеър гуфтан шуруъ намуда будааст.
Баъд аз хатми мактаб падари Шохин хати зебои писарашро дида, уро ба мирзои шогирд мемонад. Шохин дар ду – се сол тарзи хатнависиро хеле хуб ёд мегирад ва тахминан дар сини 14-15 солаги ба мадраса дохил мешавад.
Шохин нисбат ба хамсабаконаш кобилияти баланд дошт, аммо аз чихати модди таъмин набуд. Падари пираш аз ухдаи таъминоти оила ба зур мебаромад. Аз ин сабаб Шохин бо хати зебо нусхахои китоби нодир ва баёзхоро нусхабардори карда, як навъ руз мегузаронид ва ба оилаи кашшокаш низ ёри мерасонид.
Шохин баъд аз хатми мадраса ба худ кори муносиб ёфта натавониста, чанд вакт дар масчидхо имомати мекард. Аммо ин касб ба табъи Шохин мувофих наомад. Вай дар як касидааш ин ахволи ногуворашро бо хазлу мутояба хеле нагз тасвир кардааст:
Сохибо, гар накунад арзи ман эчоби малол, Аз имомат кадре шарх дихам сурати хол.
Хафтае нест, ки андар паи наъша наравам,
То сари пушта зи масчид ману кавм аз дунбол,
Аз сари куча гар овози муаззин ояд,
Ба умеди хабари мурда кунам истикбол.
Гах занад ханда ба ман ходиму гах кадбону,
Гах нихад таъна ба ман суфию гах оксаккол,
Нест суре, ки дар у ман наравам чун лули ,
Нест суге, ки дар он ман наравам чун гассол.
Тахминан дар соли 1885 Абдулкодир ном парвоначии дарбори амир (парвоначи мисли сардори идораи коргузори буд) Шохинро аз чихати модди таъмин менамуд.
Шохин вазифаи мирзоиро адо мекард ва бо хохиши парвоначи дар мадхи амир Абдулахад якчанд касида гуфт. Парвоначи ба ин восита эътибори Шохинро дар пеши амир баланд намуд.
Дар андак муддате Шохин дар дарбор ва хатто дар назди амир обрую эътибори калоне пайдо кард. Шахсони чохили дарбор аз эътибору нуфузи Шохин хасад мебурданд ва уро ба амир наздик шудан намонанд. Дар ин миён парвоначи аз тарафи амир хокими Шеробод таъин гардид ва аз Бухоро рафт. Душманон Шохинро танхо дида, дар атрофи вай фитнаву суханчини сар карданд. Шохин дар хамин вакт ба хуби дид, ки дар атрофии амир чи гуна касони чохили пургараз чамъ омада, ба мансабу рутбахои давлати расидаанд.
Парвоначи Абдулкодир, ки Шохинро мисли фарзанд дуст медошт ба вай духтарашро никох карда дод, то ки мардум домоди хокими Шеробод будани Шохинро фахмида, аз вай даст кашанд. Дар вокеъ хам ин никох Шохинро то андозае аз хучуми ракибонаш эмин дошт. Аз тарафи дигар, амир Абдулахад, ки худро шеърдуст нишон медод, Шохинро ба сухбатхои худ даъват мекардаги шуд. Амир Шохинро вакту бевакт ба мачлису базмхояш даъват мекард ба хохишу табъи шоир нигох накарда, уро ба сафархо гирифта мебурд.
Шохин чунон бо ин таку давхо банд буд, ки хатто ба оилаи худ нигахбони карда наметавонист. Дар байн зани чавони у фарзанд таваллуд карду хафтае нагузашта вафот кард. Вафоти ногахонии занаш барои Шохин як фочиаи калоне буд. Шохин дар айни сузу гудози фироки хамсари махбубаш ба хотираи у дар зарфи чор хафта достони «Лайли ва Мачнун» – ро навишт.
Шохин хост, ки мисли шоирони пештара, барои амир асаре таълиф намояд ва дар он роху равиши хукмфармоиро нишон дихад. Бо ин максад у дар равияи «Бустон» – и Саъдй «Тухфаи дустон» ном асари манзуме таълиф намуд.
Маълум аст, ки Саъдй «Бустон»- ро ба хукмрони замонаш бахшида, дар он дар бораи ахлоку одоби мамлакат ва раиятдори фикрхои худро баён намуда буд. Шохин низ айнан бо хамин рох панду насихат менамояд, аммо ин часорати шоири чавон ба амир маъкул нашуд. Амир Абдулахад дар газаб шуда, аз Шохин интиком гирифтани шуда, Шохинро мачбур кард, ки дар хаки у шеъру касидахо нависад. Илова бар ин, вай шоирро дар сафархои дуродур мебурд ва уро асбоби дилхушии худ гардонда буд. Дар хаки Шохин тахкири бузурге буд ва амир инро интикоми сахттарин хисоб мекард.
Соли 1890 Шохин бо «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш шинос шуд ва тамоми иллатхои бедармони чамъияти он вактро боз хам хубтар фахмид. Вай низ ба акидае омад, ки бо вазъу насихат ва ислохоти чузъи ахволи мамлакат ва тартиби давлатро бехтар намудан мумкин нест, зеро амир ва атрофиёни у ба дарачае чохилу бефахманд, ки ба кабули чунин маслихатхо кодир нестанд.
«Оллох – оллох, дунё,- навиштааст дар ин вакт Шохин,- турфа тамошогохе шуда, афсус, ки дидаи бино ва дили огох нест, то он чи дида бинад, ба дил гузорад, ба сафха нигорад… Илм чун алам (парчам) ба сари мазорхо хуфта; аз хар ки аз айни (мохияти) он истифор (пурсиш) рафта, «лам» (намедонам) гуфта.»
Шохин дар ин солхо рисолаи машхураш «Бадоеъ-ус- саноеъ» -ро эчод намуд. Дар ин рисола бо кинояву рамзхои пушида нуксонхои ичтимоии замонаш, разолат ва пастмоягии арбоби давлат ва худи амирро фош мекунад. Дар айёми пиронсоли мефахмад, ки вай умри чавони худро дар мадхи амир ва мукаррабони у бехуда сарф кардааст. Вай дар як маснавие, ки дар охирхои умраш навишта буд, онро чунин ба калам додааст:
Ду – се руз чу ёри эхсон шудам, Сарояндаи мадхи дунон шудам. Бибурдам ба ороиши назм ранч, В – аз он кардам офокро пур зи ганч. Хареро Масехо насаб рондаме, Суроро сурайё лакаб хондаме. Сагеро, ки чома дарида ба дев, Фаришта аз у даргирифт гирев, Чунон барзадам сирати мардуми, Ки гуи назода чуз у одами.
Дар солхои навадум саломатии Шохин хеле бад шуда буд. Вай ба касалии сил гирифтор гардид. Аммо амир уро дар сафархо хамрох гирифта мегашт. Вакте дар сафари Карши Шохин касал шуд, амир уро касдан ба Бухоро нафиристод. Нихоят Шохин соли 1894 дар Карши вафот кард ва уро дар он чо ба хок супурданд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …