Накшаи сохтмони сотсиализм зарурияти ба амал баровардани коллективонии оммавии хочагихои дехдонро ба вучуд овард. Дар асоси нишондоди Анчани XV ХК (б) соли 1927 даврахои асоси ва шаклхои муттахидкунии хочагихои дехдонон муайян карда шуданд. Кайд карда шуд, ки дар ин кор ба шитобкори рох надода, хусусиятхои хар як нохияро ба хисоб гирифта, маъракаи коллективонии хочагии кишлок гузаронида шавад.
Дар Точикистон коллективонии хочагии кишлок дар шароити мураккаб мегузашт. Точикистон аз чихати иктисоди нисбат ба дигар чумхурихо кафо монда буд.
Дар муносибатхои агарари бокимондахои давраи феодали чой доштанд. Базаи модди-техникии хочагии кишлок акибмонда буд.
Замин дар дасти сарватмандон буда, дехдонон ба сифати чоряккор ва мардикор дар замини бойхо кор мекарданд. Ахоли асосан дар нохияхои кухистон, ки замини корам кам буд, зиндаги мекарданд.
Барои ба амал баровардани наши коллективонии хочагии шлок як катор заминахо мухаё карда шуданд. Пешрафти саноат барои коллективонии хочагии кишлок заминаи асоси ба хисоб мерафт. Сол то сол ба хочагии кишлок техникаи замонави фиристода мешуд.
Дар коллективонии хочагихои дехдонони якадаст сахми синфи коргар хеле зиёд буд. Хазорхо нафар коргарон барои ёрии амали расондан ба сифати бригадахои коргари ба дехот сафарбар карда мешуданд. Кисми зиёди онхо ба таври доими дар дехот монданд. Аз нохияхои кухистон ба заминхои нав аз худшуда дехконон мухочир карда мешуданд.
Ташкил намудани намудхои гуногуни кооператсияхо (карздихи, техникаи хочагии кишлок, обёрикуни) барои ба сохтмони колхози чалб намудани дехдонон сахми калон бозиданд.
Умуман се шакли коллективонии хочаги: коммунахо, ТОЗ-хо ва артелхо вучуд доштанд. Дар Точикистон аввалин колхозхо соли 1927 ташкил ёфта ТОЗ-хо нисбатан ба шароити чумхури мувофик буданд.
Хочагии кишлоки Точикистон барои пешрафти иктисодии давлати Шурави хеле зарур буд.
Чумхури бояд яке аз базахои асосии истехсолкунандаи пахта барои саноати мамлакат мегардид. Барои хамин хукумати маркази ба Точикистон барои аз худ кардани заминхои нав (Водии Вахш) ва сохтмони системаи замонавии обёрикунанда хаматарафа кумак мерасонд.
Барои бо техникаи хочагии кишлок пурра таъмин кардани чумхури дар ин чо стансияхои мошини трактори ( МТС), ки соли 1937 шумораи онхо ба 48-то расида буд, сохта шуданд.
Ба максади бо замин таъмин намудани дехдонон солхои 20-30 -ум дар Точикистон мухочиронкунии девдонон аз
нохияхои кухистон ба водихо гузаронида шуд. Аввалин хочагихои коллективи низ дар заминхои нав азхуд карда шуда гузаронида мешуд. То солхои пеш аз чанг ба колхозхо 89,9% дехконони якадаст муттахид карда шудаанд. Ба монанди дигар чумхурихои собик Иттиходи Шурави дар сохтмони колхозии Точикистон низ ба камбудихо рох дода шуд.
Пеш аз хама принсипи ихтиёри муттахидшави ба колхозхо дар амал вайрон карда шуданд. Дехконони миёнахолро мачбуран ба колхозхо дохил мекарданд. Онхое, ки дохил намешуданд, молу мулкашон мусодира карда, онхоро хамчун кулак шуда ба кишвархои дурдаст бадара мекарданд.
Дар интихоби шакли колхози ба чои ТОЗ-хо, ки ба шароити республика мувофик буданд, артелхо ташкил карда мешуданд.
Бе тайёр кардани заминхои зарури колхозхоро шитобкорона ташкил карда, баъди чанд вакт аз нав бархам доданд. Дехкононе, ки ба заминхои нав мухочир карда мешуданд дар сари вакт ёри нагирифта ба махалахои пештараи худ бар мегаштанд.
Камбудии чидди дар он буд, ки Иттиходи Шурави Точикистонро базаи асосии истехсоли пахта хисобида, сохахои дигари хочагии шлок ба инобат гирифта
намешуданд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …