ШАХРИ МАККА– гахвораи ислом, низ аз хеч гуна сохтори сиёсии мувофик ба фахми имрузаи мо бархурдор набуд. Дар он асосан кабилаи Курайш бартари дошт. Ягона ташкилоти сиёсии кабила шурои шайхони кабила ба шумор мерафт, ки барои халлу фасли ихтилофхои байни кабилавию авлоди гох-гох дар махалле бо номи “Доруннадва” чамъ мешудаанд. Ин шуро низ аксаран хукми машварати доштааст на конуни ва конунгузори. Ин нукта хело мухим аст, чунки хамин вазъият баъдан сарнавишти дини навро аз бисёр чихат муъайн мекунад.
Макка аз чумлаи шахрхо ва ободихое буд, ки хануз дар замонхои пеш аз кушода шудани роххои оби, дар сари шохроххои корвонгузар ба вучуд омаданд. Шояд дар ибтидо сабаби таваккуфи корвонхо ва радду бадалшудани онхо аз инчо хамон чашмаи Замзам бошад, ки баъдан яке аз табаррукоти ислом гардид ва охиста-охиста дар атрофи он бинохои шахр комат афрохтанд. Аксари чунин шахрхои миёнрохи \транзит\ бо кушода шудани роххои оби ва камахмият шудани роххои корвони хароб гардида, аз байн рафтанд. Танхо баъзе ки имкони идомаи хаёт доштанд, боки монданд. Дар ин шумор шахри Маккаро низ метавон ном бурд. Онро хануз Батлимус \Птолемей с. 150 м.\ бо номи Макораба \ мукаддасгох\ ёд кардааст.\ 16: 87\
Таърихи бунёди Маккаро \ нахуст хамчун деха\ ба миёнахои асри V мелоди низ нисбат додаанд, ки хело шубханок аст.\ 26: 45\ Агар ривоятхои мазхабиро дар бораи бунёди Макка ба инобат гирем, тибки он асосгузори шахри Макка Иброхими Халилуллох ва писараш Исмоил будаанд. Дар Куръон Макка бо номхои ” Макка”, ” Бакка”,”Уммул-куро”, ” Баладул-амин” ёд шудааст. \ Нигар Куръон (минбаъд К.) сураи ( минбаъд сур.), Оли Имрон-96-97\ ” Аввалин хонае, ки \ барои ибодати\ одамон бино шуд хамон хонаи Макка аст, ки дар он баракат ва хидояти оламиён аст. Дар он хона нишонахои равшан хувайдост, ки Макоми Иброхим аст, хар ки дар он чо дохил шавад, дар амон бошад.”
Имруз шахси таърихи будани Иброхим ва замони зиндагии у исбот шудааст.\ 31: 329-330\ Пас таърихи бунёди Макка хам хеле кухан аз асри V мелоди мебошад. Таърихи хичрати Иброхимро аз навохии Бобил, ба минтакаи чанубу гарбии Чазиратул-Араб худуди солхои 1900 пеш аз мелод кабул шудааст. Пас бунёди Каъба тибки ин ривоятхо худуди хазорсолаи дуюм \1900-1800 т. м.\ рост меояд. Хамин акидаи моро муаллифи китоби “Хотам-ул-анбиё” Шайх Мухаммад Абузухра низ каблан баён кардааст.\ 11: 76\ Дар Макка аввал авлоди Исмоил ва кабилаи Чурхум мезистаанд ва дар худуди асри III мелоди онхоро кабилаи Бани Хузоа танг карда идораи Маккаро ба дасти худ мегиранд. Худуди солхои 400-450 м. кабилаи Курайш риёсати Маккаро сохиб мешавад.
Мухимтарин омили мисли дигар шахрхои миёнрохи хароб нагардидани шахри Макка, шояд ба шарофати дар он чойгир шудани бузургтарин маъбади бутпарастон хонаи Каъба бошад. Онро “бейтил”– «хонаи худо» мешумориданд. Каъба на танхо маъбад, балки барои Макка, пеш аз хама, манбаи асосии иктисодию моли буд. Дар баробари Каъба, дар канори он каме берун аз шахр, манбаи дигари хаёти, бозори Укоз ва чанд бозори дигар низ чойгир шуда буд, ки бадавиёни араб дар як вакт хангоми хачч хам зиёрати бутхо- худоёни худ ва хам тичорат менамуданд. Аъроб моххое, ки дар он хачч мекарданд, моххои харом (ашхурул-харом) ном дошт дар ин моххо харгуна низоъ ва чангхои кабилави харом (мамнуъ) эълон шуда буд. Хочиён ба минтакаи харам (мукаддас)-и Макка бо либоси махсуси сафед ихром бидуни аслиха ва дигар олоти чанги дохил мешуданд. Шахри Макка, чунон ки гуфтем, беобу дарахт ва барои зироату дехкони номувофик буд. Асоси маъошу зиндагии ахолии онро тичорат ва даромаде, ки аз хочиёни хонаи Каъба мегирифтанд, ташкил мекард.
Дигар шахрхои бузурги Арабистони марказию гарби, яке шахри Тайиф буд, ки дар худуди сад километрии чанубу шаркии Макка ва дигаре Ясриб (Мадина) буд, ки дар 350 км. шимоли Макка карор доштанд. Ин ду шахр дорои шароити бехтари табии ва обу хавои ба зироат мувофик буданд. Баъзе сарватмандони Макка дар Тайиф богхову нахлистони худро доштанд. Ахолии ин шахрхо хануз иртиботи худро аз зиндагонии бадави пурра наканда, ба чорводори низ кисман машгул ва аксар дорои рамахои шутур ва гусфандон будаанд. Хамчунин, муносибатхо ва конунхои нонавиштаи кабилавию авлоди, ки хоси бадавиён аст, бо вучуди шахрнишин буданашон дар байни онхо амал мекард.