Главная / Илм / Шахс, фард ва фардият

Шахс, фард ва фардият

Шахс фарди бошуур буда, хамчун
субъекти муносибатхои ичтимои, ба-
рандаи сифатхои арзишноки ичтимои

Мо одатан дар радиф бо шахс мафхумхои одам, фард
ва фардият низ мавриди истифода карор медихем. Ин ма-
фхумхо хусусиятхои худро доро бошанд хам, дар бароба-
ри инба хамдигар алокаи зич доранд.

Одам мафхуми нисбатан умумию чамъбасткунанда –
мавчудест, ки дарачаи олии инкишофи хаёт, махсули ра-
вандхои чамъияти – мехнати, вахдати ногусастании маб-
дахои табии ва ичтимоиро тачассум менамояд, аммо хар
як одам хамчун барандаи арзишхои ичтимои – авлоди,
мавчуди такрорнашавандаи табии – фард мебошад.

Фард – ин одами мушаххас хамчун намояндаи авло-
ди Иото 8ар^еп8, барандаи заминахои (нишонахои коби-
лият, истеъдод, лаёкат) инкишофи одамист. Ин тарзи тав-
сифдихи шаходати он аст, ки мавчудият ба насли одам
мансуб буда, дар мафхуми фард тачассум меёбад. Зери
мафхуми фард навзод ё калонсол, мутафаккир ё нокису-
лакл, намояндаи ягон кабилаи дар зинаи вахшоният карор
дошта ё сокини бомаърифати ягон мамлакати та-
раккикарда дар назар дошта мешавад. Фарзанди инсон
хамчун фард ба дунё меояд ва аз хамин давра ба системаи
таърихан ташаккулёфтаи муносибатхои чамъияти хамрох
шудан мегирад.

Мафхуми «шахс» нисбат ба мафхуми «одам» дида,
мафхуми нисбатан махдудтар мебошад. Вай категорияи
чамъиятию таърихи ба шумор рафта, сифати ичтимоиеро
мефахмонад, ки фард онро дар чараёни муошират ва
фаъолияти предмети ба даст овардааст. Харчанд шахс
сифати махсуси ичтимоии фард бошад хам, «фард» ва
«шахс» бо хам монанд нестанд.

Шахс хамчун ходими инкишофи чамъияти, фарди
бошуурест, ки дар чамъият накшеро мебозад ва сохиби
мавкеи муайян мешавад. Накш – ин функсияи ичтимоии
шахс аст. Масалан, накши волидайн аз тарбияи фарзанд
иборат аст ва гайра. Мавкеи шахсро системаи муноси-
батхои у бо шароитхои моддии хаёт, ба чамъияту одамон,
ба худ, ба вазифахои чамъиятию мехнатии худ ва гайра
ташкил медиханд.

Чуноне ки мафхумхои «фард» ва «шахс» бо хам мо-
нанд нестанд, шахс ва фардият низ дар навбати худ ягона-
гиро ташкил медиханд, вале бо хам айниятдор нестанд.
Хусусиятхои фардияти дар сурати иштироки шахс дар си-
стемаи муносибатхои байнишахси ошкор мегарданд.
Фардият – ин хусусиятхои такрорнопазири одами мушах-
хас ё худ, хосиятхои табии ва дар чомеа бадастовардаи у
мебошад. Яъне, фардият аслияти шахсро ифода мекунад, ё
худ ягон хусусияти бартаридоштаи шахсро мегуянд, ки
уро аз атрофиён фарк мекунонад.

Дар мафхуми шахс мачмуи сифатхои аз лихози ичти-
мои ахамиятноки одам макоми аввалро ишгол менамояд.
Мохияти ичтимоии одам дар робитаи у бо чомеа шакл ги-
рифта, зохир мегардад. Хар як чомеа намунаи ба худ хоси
шахсро мукаррар карда, типхои асосии психологии одам-
ро муайян менамояд.

Шахс дорои сохти мураккаб мебошад. Дарачаи олию
пешбарандаи сохти психологии уро доираи маром ва та-
лаботхо, равия ва муносибатхои у ба чомеа, ба ашхоси
чудогона ва ба ухдадорихои ичтимоии худи у ташкил
медиханд.

Барои шахс на танхо мавкеъ, балки кобилияти ама-
лигардонии муносибатхои у низ мухим аст. Ин аз дарачаи
инкишофи имкониятхои фаъолияти одам, маърифату ма-
лакахо, хусусиятхои эмотсионалию-иродави ва зехнии у
вобаста мебошад.

Одам бо кобилиятхо ва характери тайёр ба дунё
намеояд. Ин хосиятхо дар тули зиндаги, аммо дар зами-
нахои муайяни табии ташаккул меёбанд. Асоси ирсии ор-
ганизми одам (генотип) хусусиятхои анатоми-физиологии
у, сифатхои асосии системаи асаб, чараёни протсессхои
асабиро муайян мекунад. Имкониятхои инкишофи психо-
логии шахс дар сохти табиию биологии у инъикос шуда-
анд.

Мавчуди одами ба туфайли омузиш ва азхудкунии
тачрибаи наслхои гузашта, ки дар донишхо, анъанахо,
ашёи фарханги ва моддию маънави тахким ёфтаанд, ба
одам табдил меёбад. Чихатхои табиии одамро ба мохияти
ичтимоии у мукобил гузоштан дуруст нест, зеро онхо на
танхо махсули тахаввули биологи, балки махсули таърих
низ мебошанд. Мабдаи биологии одамро хамчун
мавчудияти ким-чи гуна пахлуи «хайвони»-и у набояд до-
нист. Кулли нишонахои кобилияту истеъдоди одам ода-
мианд, на хайвони. Бояд кайд кард, ки ташаккули

одам чун шахс танхо дар шароитхои мушаххаси
ичтимои сурат мегирад.

Он чи ки дар назари аввал чун сифатхои «табии»-и
одам падидор мегарданд (масалан, хусусиятхои характер),
дарвокеъ тахкими бахши талаботи ичтимоии ба рафтори у
алокаманд ба шумор меравад .

Инкишофи шахс бо вусъатдихии доимии имкониятхо
ва афзудани талаботи у алокаманд аст. Дарачаи инки-
шофи шахс бо муносибатхои ба у хос муайян карда меша-
вад. Муносибатхои шахс дар дарачаи пасти инкишоф асо-
сан аз манфиатхои амаливу «кутохназарона» вобаста ме-
бошанд. Дарачаи баланд бо афзалияти арзишхои аз
лихози чамъияти барои у ахамиятнок тавсиф дода меша-
вад.

Хар як фард дар чомеа фаъолияти хаётии хешро ба
танзим дароварда, масъалахои мураккаби хаётиро хал ме-
кунад. Хамон як душворихо ва инчунин ба хам бархурди
манфиатхо аз чониби одамон ба таври мухталиф барта-
раф карда мешаванд.

Хангоми ошкор намудани мохияти шахс бояд ба он
эътибор дод, ки у масъалахои хаётиро бо кадом тарз хал
менамояд ва кадом принсипхои ибтидоии рафторро
сармашки кори худ карор медихад.

Шахс вобаста ба ворид шуданаш ба муносибатхои
муайяни чамъияти иштирокчии гайрифаъоли ин муноси-
батхо намебошад. Хусусияти дигари шахсро мустакили-
яти у ташкил дода, ба у имкон медихад, ки аз таъсири хар
гуна фармон – фармоии хокимият, холатхои номатлуби
ичтимои ва таъкибот озод бошаду худидоракуниашро аз
даст надихад.

Худмухтории шахс бо сифати олии психикаи у –
маънавиёт робита дорад. Маънавиёт – ин зухуроти олии
мохияти одам, пайравии ботинии у ба арзишхои ахлоки ва
тобеият ба гояхои олии хасти мебошад.

Маънавиёти шахс дар фавкулшуури у, дар талаботи
инкори катъии хама гуна кабохату зиштихо, дар садокати
фидокоронаи у ба ормонхои оли, дар дури чустан аз май-
лу хохишхои ношоиста ва фаъолии сохтаю бардуруги
ичтимои ифода меёбад. Аммо чомеа хар кадаре, ки сод-
датар бошад, хамон кадар тамоюли он ба баробаркуни
кавитар аст ва хамон кадар дар он одамоне зиёданд, ки ба
меъёрхои ичтимои кур-курона итоат мекунанд. Одаме, ки
аз руи шиорхои колаби харф мезанад, дигар дар бораи
худсозии шахсии худ гамхори хам намекунад.

Шахси эчодкор аз худуди мухити бевоситаи ичтимои
берун рафта, худро дар пойгохи нисбатан фарохи ичти-
мои ташаккул медихад. Сифатхои шахс аз доираи муно-
сибатхои амали ва аз ворид будани у ба сохахои мухтали-
фи хаёти ичтимои вобастаанд.

Шахс имкониятхои асосии тараккиёти чамъиятро
инъикос карда, ояндаи чомеаро пешбини менамояд ва ме-
тавонад аз холати хозираи он пеш гузарад. Рушди шахс-
ташаккули мачмуи сифатхои мусбати ичтимоии у – зами-
нахои муайяни чамъияти, талаботи ичтимои, безараргар-
донии омилхоеро такозо мекунад, ки онхо боиси бегона-
шавии у мегарданд.

Дар ташаккули фард чун шахс ду раванд накши
мухим мебозанд: а) раванди хаммонандкунии шахс (дар
фард ташаккул ёфтани айниятдихии худ ба соири одамон
ва умуман ба чомеаи одами); б) раванди персонализатсия
(аз чониби шахс дарк намудани зарурати пешниход кар-
дани шахсияти худ дар фаъолияти хаётии дигар одамон,
худифоданамоии шахси дар умумияти ичтимои).

Шахс бо одамони дигар дар асоси «Манн – консеп-
сия», рефлексияи шахси – тасаввуроти худ доир ба худ,
имкониятхои хеш ва мохияти худ дар таъсири дутарафа
мебошад. Рефлексияи шахси ба «Ман»-и вокеи метавонад
мувофик ояд, ё метавонад мувофик наояд. Дарачахои ба-
ланд ё пасти иддаохои шахси метавонанд, боиси ни-
зоъхои мухталифи дохилишахси шаванд.

Рохи хаётии шахс фазои ичтимоии мушаххаси таъри-
хиро аз сар мегузаронад. Хусусиятхои ба худ хоси шаро-
итхои моддии истехсолот, сохаи истеъмоли, муноси-
батхои ичтимои тарзи хаёти одам, Хусусиятхои гуно-
гунранги рафтор ва нихоят типи шахсро муайян месозад.

Хар як шахс дурнамои зиндагонии худ, яъне систе-
маи устувори тарзхои тагйир додани вазъиятхои хаётиро
дар заминаи арзишии хеш ташаккул медихад. Дурнамои
зиндаги – ин равияи умумии худсобитнамоии шахс мебо-
шад.

Дурнамои аз лихози ичтимои арзишманд – ин ху-
дифоданамоии ахлокии шахс ва тарзи хаёти маънавии уро
муайян мекунад. Дар ин маврид фаъолияти хаётии шахс
бо сабабхои муайяни вокейи бо максаду маромхои чомеа
алокаманд сурат мегирад. Шахс зиндагиро бо дасто-
вардхои аз лихози ичтимои арзишманд огоз менамояд.

Дар мавриди дурнамои зиндаги, тархрезии дасто-
вардхои фард танхо ба маънию масойили чори итоат кар-
да, зиндагонии у ба тарзи мукаммал сурат намегирад,
мазмуну мароми зиндагиаш паст рафта, талаботи рухони-
маънавии у махдуд мегардад, дарачаи иддаою талаботаш
паст мешавад.

Шахс бо мачмуи хусусиятхои устувор – мачмуи ма-
ромхо, максадхо, манфиатхо, кобилияти таъсиррасонии
дутарафа бо мухит ва принсипхои ахлокии худидоракунии
рафтор тавсиф дода мешавад. Ин хама хусусиятхои шахс
мачмуи омилхои генетики, ирси ва ичтимои – мадании у
мебошанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222