Яке аз шартхои ба рушди сохибкори мусоидаткунанда ин бунёди низоми конунгузори оид ба сохибкори мебошад. Барпо намудани заминаи хукуки, асосхои умумии хукуки иктисоди ва ичтимоии ба амал баровардани фаъолияти сохибкориро дар Чумхурии Точикистон муайян менамуд. Яке аз сабабхои номукаммалии конунхо ин набудани механизми кобили танзими фаъолияти субъектхои хочагидор, ва набудани алокамандии байни хадамоти фаъолияти сохибкоронро мутобиккунанда мебошад.
Инчунин як катор мушкилот дар раванди ташкил ва аз кайд гузаронидани корхонахои хурду миёна мавчуданд. Чунончи, ба тарафхои мусбии ислохот дар кишоварзи нигох накарда, хануз бисёр масъалахои раванди азкайдгузаронии хочагихои фермери ва сохиб шудан ба сертификат оид ба хукуки истифода ва сохиби кардани замин алокаманд, халли худро наёфтаанд. Барои он, ки фермер сертификатро оид ба истифодаи замин ба даст орад, зарур аст, ки карори Хукумати махаллиро сохиб гардад, аз кайди кумитаи андоз, садорати омор, нотариус, милитсия, Вазорати адлия, Кумитаи давлати оид ба захирахои замин ва гайра гузарад. Тибки иттилооти сершумор ба дастовардани сертификат оид ба хукуки истифода ва сохиби кардани замин 150-200 доллари ИМА (кариб нисфи даромади миёнаи хармохаи хочагии дехот)-ро талаб мекунад. Хол он, ки Хукумати Чумхурии Точикистон пардохтро барои гирифтани сертификат дар хачми 6 доллари ИМА мукаррар кардааст.
Барои ташаккули бахши пуркуввати хусусии иктисодиёт, зерсохтори тараккикардаи сохибкории хурд, инчунин ташкили дастгирии давлати ва рушди сохибкории хурд дар мамлакат «Барномаи давлатии дастгирии сохибкори дар солхои 2002-2005 дар Точикистон», ки бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 октябри соли 2002 №384 тасдик карда шудааст, накши калонро бозид. Максади асосии барномаи мазкур бунёди шароитхои хукуки, ичтимои-иктисоди, молияви ва ташкили барои ташаккули бахши хусусии иктисоди мамлакат, ба амал овардани мухити ракобати, ташаккули зерсохтории бозории сохибкори ва амали намудани низоми дастгирии давлатии сохибкори мебошад.
Бо максади тезонидани ислохоти иктисоди, инчунин барои рушди сохибкории хурд коркарди стратегияи рушди ягонаи бартарафнамоии монеахои мавчудаи ба баркароршави ва гулгулшукуфии бахши хусуси халалрасонанда талаб карда мешавад.
Рушду равнак накарданисохибкори уро зараровар ва камсамар намудааст. Сохибкори дар Точикистон дар сохаи хизматрасони ба бозор, ки ба табакахои дорои даромади баланди ахоли, аммо на ба хизматрасонии табакахои камдаромади ахоли нигаронида шудааст, таракки меёбад. Ин ба он оварда мерасонад, ки сохибкори ба фаъолияти гарон табдил меёбад, ва ба пастшавии сатхи камбизоатии мардум мусоидат менамояд. Чунин холати тараккиёти сохибкори ба поёнравии марок ба маданияти милли, ва хусусиятхои махал оварда мерасонад.
Тачрибаи баркароршави ва тараккиёти сохибкори дар Точикистон ба таври эътимодбахш нишон медихад, ки аксар сохибони корхонахои хурду калон ба афзоиши минъбада майл надоранд. Хохиши асосии онхо мавчудияти муътадилро таъмин намудан, сармояву, мавкеи худро дар бозор нигох доштан аст. Ин холат бо он алокаманд аст, ки якум – низоми самараноки хавасмандгардонии фаъолияти сохибкори хануз фаъол нашудааст; дуюм – сохибкорон аз тарафи хадамотхои назоративу тафтишоти фишори муайянеро аз сар мегузаронанд. Аз тарафи дигар, дониши сусти асосхои андозбанди, умури гумрук, умури бонк сохибкоронро мачбур месозад, ки нодида гирифтани конунхо ва дигар санадхои конунгузориро чустучу намоянд.
Як катор расму тартибхои маъмурии барои ба даст овардани ичозат ва чавоз лозима (сертификат дар бораи пардохти андозхо, сертификатхои сифат, фитосанитария, потент барои рондани автомобил), ки ба накл ва фуруши махсулот алокаманданд, вучуд доранд.
Агар махсулот ба беруни кишвар интикол дода шавад, сертификатхои иловаги заруранд. Низоми дар чумхури мавчудаи сертификатдихи ба яке аз омилхои асосии пастшавии фаъолияти сохибкори табдил ёфтааст. Чунончи, дар аввалхои солхои 2000-ум барои содироти нахи пахта гирифтани наздик ёздах сертификату ичозатномахо талаб карда мешуданд. Барои ин ба сохибкорон зарур аст, ки ба хисоби миёна 3-4 мох сарф намоянд, ки дар тули он нарххо дар бозори чахони чандин маротиба пасту баланд мегарданд.
Чунин расму тартибхои сершумори танзимкунанда барои пайдо шудани монеахои сунъи ва чори намудани пулситонихои гайрирасми шароит мухайё месохтанд. Рохбари ва назорат аз болои риоя намудани дастурхои танзимкунанда дар дасти хизматчиёни бо техника тачхизонида ношуда, ки нисбат ба кор хавасмандии паст доранд, дода шудааст. Шабакаи хомиён ба муштариён доро ва ба онхое, ки алокахои хуб доранд, муносибати имтиёзнокро таъмин менамояд. Танзим ва назоратро бо рохи пардохтхои гайрирасми метавон сарфи назар кард. Дар айни хол, сертификати сифат ва дигар намудхои сертификат маънояшонро гум хоханд кард.
Монеахои саршумори гайрирасми барои тичорат мухитеро ба амал меоранд, ки барои савдои ракобати ва тичоратисозгор нест. Масалан, нисбат ба савдои пахта низоми давлати барои хизматрасони ба карордодхо ситонидани хакки иловагиро чори намуд ва худудхои фоизро барои ис+техсолкунанда мукаррар намуд. Нарххо дар Биржаи универсалии моли-ашёги гузошта мешаванд, ва ин низом заминаи хамарофарогирандаро барои химоятгари таъмин менамояд. Инчунин, норасогии ракобати байни харидорони пахта хувайдост. Натичахои тадкикот нишон медиханд, ки 20-40% пахта дар тойхо нодуруст дарачабанди карда мешавад. Бинобар аз нав дарачабанди кардан, ва муайяннамудани арзиши онхо, манбаи ихтилофоти байни харидорон ва фурушандагон мегардад.
Яке аз шартхои асосии ба рушди мухити сохибкори мусоидаткунанда ин ба амал овардани низоми конунгузори оид ба сохибкори мебошад. Масалан, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дар Чумхурии Точикистон» (Конун аз 12.05.07 №259) коидахои умумии дастгирии давлати, инкишофи озоди сохибкориро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, шаклу усулхои хавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектхои сохибкориро мукарар менамояд. Чунин санадхои конунгузори оид ба сохибкори мавчуд мебошанд. Ин санадхои конунгузори оид ба бисёр масъалахои сохибкори кабул карда шудаанд, ки онхо ба хифзи пурраи хукукхои сохибкорон равона шудаанд. Рушди сохибкори ин бештар бо мавчуд будани тадкикотхои илми оид ба хукуки сохибкори, консепсияии умумии раванди конунгузори ва консепсияи санадхои алохидаи конунгузори вобаста аст.
Тахлили механизми муосири иктисоди-хукукии хавасмандгардонии сохибкори нишон медихад, ки гарчи сохибкор бо конунхо ва санадхои хукумати хифз карда шудааст, аммо сатхи тараккиёти сохибкори ба сатхи андозбанди, меъёрихои карздихи, шартхои сугуртаи хавфи сохибкори мувофикат намекунад. Дар мачмуъ, сохибкории муосир бояд дар шароити мусоиди хукуки ва иктисоди амал кунад.
Тахлил нишон медихад, ки мавчудияти санадхои сершумори конунгузори дар сохаи рушди сохибкори харгиз далели катъии ба танзимдаровардашуда будани онхо намебошад, аксари онхо дар мохияти худашон ихтилоф доранд.Сабабхои бади амалишавии конунхо багоят мухталифанд. Дар байни онхо сабабхои хам объективи ва хам субъективи мавчуданд. Конунхои аз хама бехтарин хам амал нахоханд кард, агар барои он шароити зарурии иктисоди мавчуд набошад.
Тибки акидаи коршиносони хоричи, заминаи конунгузории дар Чумхурии Точикистон кабулкардашуда ба талаботи кунунии иктисоди бозори чавобгар мебошад. Яке аз сабабхои бесалохиятии конунхо мавчуд набудани механизми фаъолияти субъектхои хочагидорро танзимкунанда, мавчуд набудани алокамандии байни хадамоти фаъолияти сохибкоронро мутобиккунанда мебошад. Аксар вакт худи сохибкорон фаъолияташонро огоз намуда, мавчуд будани санадхои конунгузориро намедонанд. Сиёсати иттилооти ва рекламави, ки тавонад ба тамоми масъалахои дахлдори заминаи конунгузории Чумхурии Точикистон равшани андозад, бояд мавчуд бошад.
Дар мачмуъ, раванди ташаккули мухити сохибкориро тахлил намуда, бояд зикр намуд, ки вай бояд мутобики давраи гузариш бошад ва зарур аст, ки оид ба тезонидани ташаккули мухити муътамади сохибкори дар Точикистон тадбирхои ташкили-иктисоди ва меъёрхои- хукукии зерин ба амал чори карда шаванд:
- тартиби бакайдгирии корхонахо содда гардонида шавад, номгуи хуччатхои лозима ба хадди акал расонида шавад ва мухлати бакайдгири мукаррар карда шавад, масъулияти хадамоти бакайдгиранда барои вайрон кардани мухлатхои бакайдгири баланд бардошта шавад,барои шаффофият ва дастраси корхонахову чамъиятчиги шароит фарохам оварда шавад;
- номгуи намудхои чавозонидашавандаи фаъолияти сохибкори конунан муайян карда шавад, тартиби ичозатномадихиро содда намуда, микдори онхо кам карда шавад;
- низоми сертификатдихи ба молхои таъиноти истеъмолидошта дар асоси иваз намудани сертификатсияи хатми, ба истиснои маводи табобати, такмил дода шавад;
- бо максади рушди сохибкории инноватсиони такмили низоми андозбандии фаъолияти истехсолкунандагони махсулоти илмталаб ва фаъолиятхои таъмини чумхури бо техника ва технологияи пешкадам талаб карда шавад;
- тайёр ва кабули санадхои меъёрию-хукуки оид ба халос намудани иктисодиёт аз бюрократикунони тезонида шавад, дар ин замина механизмхои самарабахши танзим намудан ва аз байн бардоштани монеахои маъмури барпо карда шавад;
- ташкили ассотсиятсияхо, иттиходияхо, иттифокхои сохибкороне, ки сохаи муайяни иктисодиётро баён мекунанд, хавсманд гардонида шуда, дастгирии давалатии онхо таъмин карда шавад;
- механизми соддакардашудаи шартхои ба субъектхои сохибкори додани объектхои ба моликияти давлати тааллукдошта бунёд ва чори карда шавад;
- низоми иттиолоти-машваратии расонидани хизматхои хукуки, маркетинги, коммуникатсиони, инжиринги, инноватсиониро ба субъектхои сохибкори таракки бояд дод ва санадхои дахлдори меъёри- хукукиро оид ба фаъолгардони ва хавасмандгардонии кори бозорхои сугурта ва фондхо кабул бояд намуд;
- низоми химояи боаклонаро нисбат ба молистехсолкунандагони ватани барпо бояд намуд ва оид ба хифзи молистехсолкунандагони ватани аз ракобати бадсифат тадбирхо бояд андешид;
- низоми тахсилоти касби, тахри ва такмили ихтисоси кадрхоро дар сохаи сохибкори, ки афзоиши фаъолнокии сохибкоронаи субеъктхои иктисодиятро таъмин менаояд бояд таракки дод;
- хачми дарачаи иштироки молияви ва масъулияти давлат дар фаъолияти фондхо муайян карда шавад, инчунин стандартхои кумаки давлат ба корхонахои хурд, ки фондхои давлати ба чо меоранд, тахия карда шаванд;
- тайёр ва чори намудани барномахои таълими ва тайёрии интихобии кадрхо барои сохторхои чумхурияви, махаллии хадамоти хукумат, фондхои давлатии дастгирии сохибкории хурд, ташкил карда шавад;
- сатхи фонди оинномави барои ташкил ва дар чумхури фаъолиятбарии банкхои хурд ва миёна бо сармояи махалли, инчунин банкхои хоричии фаръи, якчояи калон ва миёна, ки мухити ракобатиро васеъ, сатхи меъёри карзро кам ва сифати хизматрасониро бехтар мегардонад, ба таври кулли паст карда шавад;
- низоми сугуртаи карзхо барои кам кардани хавфи барнагардондани маблагхои ба карз гузошташуда тахия ва чори шавад, хамзамон расму тартиби гирифтани карз содда гардонида шавад;
- бар амалияи сохибкори механизми ба хочагихои дехкони (фермери) мусоидаткунанда, ки тавонанд сертификатхояшонро доир ба истифодаи замин ба банкхои тичорати барои чалб намудани инвеститсияхои миёна ва дарозмухлат гузоранд, тахия ва чори карда шавад;
- шабакаи сохторхои иттилоотро маънидодкунанда ва то ба табакахои васеи ахоли бурда расонидани карорхои Президент ва Хукумати Чумхури Точикистонро таъминкунанда барпо ва васеъ карда шавад (аксар сохибкорон ва онхое, ки ба кори худ мехоханд машгул шаванд, дар бораи тадбирхо оид ба фарохам овардани мухити сохибкори кам хабар доранд ва барои фаъолияти сохибкориро хамчун усули халли мушкилоти ичтимои-иктисоди дарк намудан тайёр нестанд);
- асосхои методи ва ташкили-хукукии барпо намудани Ассотсиатсияи корхонахои хурд (сохави ва минтакави) кор карда шавад ва низоми ташкил ва рушди сохибкории оилави ба амал бароварда шавад;
- шабакаи марказхои хамкории байналмиллалии субъектхои сохибкории хурд ташаккул дода шавад, ки фаъолияташ бояд ба васеъ намудани алокахои кори субъектхои сохибкории хурд, халли масъалахои амали намудани барномахою лоихахои муштарак, рушди фаъолияти намоишгохи-ярмаркави равона карда шавад;
- барномахои рушди минбаъдаи марказхои дастгирии сохибкори бо рохи расонидани дастгирии молияви ба марказхои амалкунандаи дастгирии сохибкори ва инкубаторхои сохибкории хурд, инчунин барпо намудани шабакахои нави минтакавии дастгири ва рушди сохибкори тайёр ва дар амал чори карда шаванд.
Барои боз хам бехтар намудани фазои сармоягузори ва сохибкори дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Мачлиси Оли омадааст, ки « бо максади таъмини рушди минбаъдаи сохибкори дар истехсолот бо назардошти чалб намудани техника ва технологияи муосир ва тадричан афзун намудани истехсоли махсулот дар дохили кишвар барои хама гуна тафтишу санчиши фаъолияти сохибкорон, ки корхонахои нави истехсоли молу махсулот таъсис медиханд, дар муддати се соли аввал маратория эълон карда шавад». Инчунин, барои дастгирии боз хам бештари сохибкори ба вазорату идорахои дахлдор супориш дода мешавад, ки лоихаи Конун «Дар бораи
хамкории давлат ва бахши хусусиро тахия карда, ба баррасии Хукумат пешниход намоянд»[1]
[1] Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Мачлиси Оли Чумхурии Точикистон аз 20 апрели соли 2011.
140