Главная / Илм / Савдо.

Савдо.

Муносибатхои молию пули дар арафаи аморат хамрох шудани Бухорои Шарки хело махдуд буданд. Факат Хиссор ва Кабодиён марказхои калони савдои ба хисоб мерафтанд, чунин назар ба дигар бекигарихои Бухорои Шарки, Хиссору Кабодиён рохдои хуби алокаи савдои доштанд. Дар бекигарихои Каротегину Дарвоз бошад, савдо нисбати суст ба назар мерасид. Бухорои Шарки аз кадимулайём бо тиллои худ шухрат дошт. Дар бозорхои Фаргона Каротегинро дидан мумкин буд. Асосан тиллоро дар Каротегин аз сохилхои дарёхо ба даст меоварданд. Барои харидани тилло аз Хиндустони Кобул ба Каротегин меомаданд.
Дар бекигарии Дарвозниз ба таври ибтидои ба истехсоли тило машгул буданд, ки дар натичаи мехнати зиёд микдори ками тилло ба даст меоварданд.
Пеш аз истилохшуданашон дар ин нохияхои муносибатхои савдои ба таври на он кадар инкишоф ёфта вучуд доштанд, вале баъди аз тарафи аморати Бухоро истило шудани нохияхои Чанубии Шарки ва Марказии Точикистон муносибатхои пуллию моли каме бошад хам пеш рафт. На танхо савдои дохили, балки садои хоричии Бухорои Шарки назаррас гардид. Махсулоти асосие, ки дар бекигарихои нохияхои Чнубу Шаркии ва Марказии Точикистон ба хорич, бароварда мешуд, асосан махсулоти буд. Дар катори махсулоти кишоварзи чорво низ ба фуруш бароварда мешуд.
Кулоб яке аз марказхои савдои дар Бухорои Шарки ба шумор мерафт. Нисбат ба Куронтеппа ва Кабодиён сахми он зиёдтар буд. “Дар худи Кулоб хафтае ду маротиба бозор барпо мешуд, ки дар бозор тамоми намуди махсулот ба фуруш бароварда мушуд. Дар бозор ба гайр аз махсулоти устохонахое, ки дар дохили бозор буданд, боз 50 дукони махсулоти мануфактури, 5 дукони савдогарони хинди, 5дукони махсулоти аз чуб тайёр карда шуда, ду се дукони фуруши махсулоти кулоли 5-6 дукони фуруши равган, мевачот, якчанд дукон барои фуруши махсулоти алладона аз кабили чав, гандум биринч, ва айрахо вучуд дошт.
Дар маркази бекигарии Каротегин-Гарм бозори серодам вучуд дошт. Назар ба дигар бозорхо дар бозори Гарм дуконхо камтар буданд. Дар тамоми бекигарии Каротегин танхо як бозор мавчуд буд, ки нарххои тахмини бозорро худи бозор таъин менамуд. Аз хамин чихат бозори Гарм аз дигар бозорхои нохияхои Бухорои Шарки фарк мекард.
Дар бекигарии Дарвоз то охири солхои 80-уми асри XIX бозор вучуд надошт. Факат дар аввали соли 90-ум дар Калъаи кум бозрхои ташкил шуданд. Дар бозорхои Дарвоз айр аз махсулоти кишоварзи, боз якчанд намуди махсулоти истехсоли махали, махсусан махсулоти оханин ба фуруш бароварда мешуд.
Дар бозорхои Бухорои Шаркии айр аз махсулоти истехсоли махали, аз хорич, аз чумла аз Хиндустон, Афгонистон ва Эрон молхои худро ба фуруш меоварданд.
Ба пешрафт ва тараккии нохияхои Чанубу Шарк ва Марказии Точикистон пеш аз хама набудани роххои алока сади рох мегардиданд. Аз сабаби набудани роххои дуруст савдогарони ин нохияхо кам ба беруни кишвар аз чумла ба Туркистон мебаромаданд. Чунин вазъи ногувори рохдо, ки пеш аз хама дурустии онхо ба нафъи савдогарон аст, диккати хукумати Россия ва помешикону капиталистони Русхо ба худ чалб менамуд. Хноми дуруст будани рохдо савдогарони рус имконият пайдо карда метаонистанд, ки ба дарунтари аморати Бухоро аз чумла Бухорои Шарки сар дароранд. Охири асри XIX ва ибтидои асри XX давраи мустахкм гардидани муносибатхо ва алокахои тичоратии хамаи нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон бо Туркистон мебошад. Як катор махсулоти заминдори ва чорводори акнун на факат ба бозорхои Бухорои Гарби, балки ба Туркистон хам бурда мешуданд. Ба сохти идоракуни феодали, ки дар аморат вучуд нигох накарда, муносибатхои капиталисти охиста-охиста ба нохияхои Бухорои Шарки сар даровардан гирифтанд. Дар ин кор накши мухимро сохтмони рохдо аз Фарона ба Помир, аз Самарканд ба Термиз ва аз Термиз ба Чубеку Кулоб бозиданд.
Хамин тарик охири асри XIX ва ибтидои асри XX иктисодиёти нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон баробар таракки намекарданд. Амалдорони амири Бухоро намехостанд, ки русхо берун аз марзи амораи Бухоро бароянд. Факат шумораи ками русизабонхо дар ибтидои acpu.XX ба бекигарихои Курнтеппа, Кулоб ва Хиор омада дар пешбурди хочагии кишлок ба ахолии махалли ёри расониданд. Ба баробари сар даровардани нишонахои капиталисти дар хочагии шлок, як дарача ба пешрафту инкишофи муборизаи оммаи мехнаткашон ба мукобили сохти мавчудбуда дар ин нохияхо кумак расонид.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222