Главная / Илм / Сохахои илми психология

Сохахои илми психология

Психология дар замони муосир худро хамчун илми мутаракки муар-
рифи намудааст. Аз он сохахои
бешумор чудо шуда, хар яке дар самти худ то андозае му-
стакилона тадкикоти илми мебарад. Суръати ташаккули
ин илм имконият додааст, ки такрибан дар хар 4 – 5 сол
самт ё сохаи нави он ба вучуд меояд. Хамаи инро ба назар
гирифта истода, месазад, ки на дар бораи психология
хамчун як илм, балки хамчун комплекси илмхои психо-
логи сухан ронем.
Якчанд кушишхои таснифоти сохахои илмхои психо-
логи мавчуданд. Намояндаи муосири психологияи рус
Р.С. Немов тамоми сохахои ин илмро ба сохахои фунда-
ментали, амали, умуми ва махсус чудо менамояд. Ба
акидаи вай, сохахои фундаментали ё базавии психология
дар фахмиш ва шарх додани рафтори одамон новобаста аз
ки ва ба кадом фаъолият машгул буданашон ахамияти бу-
зург доранд. Сохахои амали гуфта, у сохахоеро меномад,
ки дастовардхои онхо дар амалия истифода мешаванд.
Сохахои умуми масъалахои барои тамоми сохахо мухим-
ро пайдо ва хал менамоянд ва сохахои махсус бошанд
масъалахоеро барраси мекунанд, ки ба омузиши як ё
гурухи ходисахо равона гаштаанд.
Дар илми муосир таснифоти пешниходнамудаи пси-
хологи шинохтаи рус А.Р. Петровский низ васеъ дар ис-
тифода карор дорад. Вай дар таснифоти сохахои психоло-
гия се меъёри асосиро ба эътибор мегирад: 
а) фаъолияти мушаххас;
б) инкишофи психика;
в) муносибати шахс ва чамъият.
Агар меъёри аввалро ба эътибор гирем, пас як катор
сохахоро чудо намудан мумкин аст, ки масъалахои психо-
логии намуди мушаххаси фаъолияти одамро меомузанд,
аз кабили: психологияи педагоги, психологияи тибби,
психологияи хукук, психологияи суди, психологияи харби,
психологияи мухандиси ва мехнат, психологияи варзиш ва
гайра.
Агар хангоми таснифот чанбахои психологии та-
раккиёту инкишофро ба назар гирем, он гох чунин сохахо
ба миён меоянд: психологияи мукоисави ё зоопсихология,
психологияи синнусоли.
Хангоми ба эътибор гирифтани чанбахои психоло-
гии муносибат ду шохаи сохахоро фарк намудан мумкин
аст: психологияи фард ва психологияи ичтимои.
Ба сифати сохаи умумиятдиханда ва муттахидсо-
зандаи ин комплекси илмхои психологи психологияи уму-
миро фарк кардан мумкин аст.
Психологияи умуми маъалахои методологии
тадкикоти психологи, таърихи психология, конуниятхои
умумии тараккиёту зухуроти психика ва масъалахои дига-
ри барои хамаи сохахои психология умумиро мавриди
омузиш карор медихад. Психологияи умуми хар як шакли
зухуроти психика: раванд, холат, хусусият ва хар як зуху-
роти мушаххаси психологиро дар алохидаги ва дар
алокаманди бо зухуроти дигари психологи меомузад.
Сохахои дигари илми психологияро чунин тавсиф
намудан мумкин аст:
Психологияи педагоги. Он масъалахои психологии
раванди таълиму тарбияро дида мебарояд, психологияи
хонанда ва муаллимро омухта истода, усулхои самара-
бахши пешниходи дарс ва роххои бехтарини азхуднамоии
онро тавсия медихад. Психологияи педагоги дар навбати
худ, аз зерсохахои психологияи таълим, психологияи тар-
бия, психологияи муаллим, психологияи корхои таълими-
тарбияви бо кудакони аномали таркиб ёфтааст.
Психологияи тибби. Ин соха масъалахои муносибати
байни бемору табиб, мухити психологии беморхона, пси-
хологияи корманди тиб ва беморони гуногунро омухта,
зерсохахои зеринро дар бар мегирад: нейропсихология ё
психофизиология, психофармакология, психотерапия,
психопрофилактика ва психогигиена.
Психологияи хукук масъалахои психологии вобаста
ба амалигардии системаи хукукро мавриди барраси карор
медихад. Он аз зерсохахои психологияи суди, психологияи
криминали ва психологияи пенитенсиари ё психологияи
ислохоти мехнати иборат аст.
Психологияи харби рафтори одамро дар шароити
амалиёти чанги, масъалахои психологии хизмати харби,
муносибати байни аскарону афсарон, усулхои психологии
ташвику таргиб, аксулташвикот, масъалахои психологии
идораи техникаи харби ва гайраро меомузад.
Психологияи мехнат ва мухандиси хусусиятхои пси-
хологии намудхои мухталифи фаъолият, масъалахои ин-
тихоби тахассус, чобачогузории кадрхо, мухити психоло-
гии корхона, кор бо дастгоххои гуногун, шароити кор ва
гайраро дида мебарояд. Он бо сохахои дигари психоло-
гия, ба монанди психологияи ташхиси мехнат, психоло-
гияи маълумоти касби – техники, психологияи ташкили
илмии мехнат ва психологияи хавонаварди алакаи зич до-
рад.
Психологияи варзиш хусусиятхои психологии шахси-
ят ва фаъолияти варзишгарон, шароит ва воситахои пси-
хологии тайёрии онхо, омилхои психологии алокаманд бо
ташкил ва гузаронидани мусобикахои варзиширо
меомузад.
Психологияи савдо. Ин соха шароитхои психологии
таъсири реклама, хусусиятхои инфироди ва синнусолии
эхтиёчот, омилхои психологии хизматрасони ба мизочон,
масъалахои психологии муд ва монанди инхоро мавриди
барраси карор медихад.
Психологияи эчодиёти илми хусусиятхои шахсияти
эчодкор ё кашшоф, омилхои ангезандаи фаъолии эчоди,
накши фаросат (интуитсия) дар амалинамоии кашфиёти
илмиро меомузад. Дар таркиби ин соха эвристикаро фарк
мекунанд, ки вазифаи он аз омузиши конуниятхои чара-
ёнхои эвристикии фаъолияти эчоди ва коркарди методхои
идоранамоии раванди эвристики иборат аст.
Психологияи эчодиёти бадеи масъалахои психологии
эчодиётро дар сохахои адабиёт ва санъат дида мебарояд.
Психологияи тарбияи ахлоки. Ин соха низ бешубха
ахамияти мухимро сохиб аст, вале айни хол нисбатан кам
омухта шудааст.
Психологияи синнусоли онтогенези чараёнхои мухта-
лифи психики ва хусусиятхои психологии одами мута-
раккиро омухта истода, ба психологияи кудакон, психо-
логияи наврас, психологияи давраи чавони, психологияи
давраи камолот ва геронтопсихология чудо мешавад.
Психологияи ташаккули аномали ё психологияи мах-
сус аз чунин кисматхо таркиб ёфтааст: патопсихология, ки
тамоюлхоро дар инкишофи психики меомузад; олигофре-
нопсихология, ки патологияи инкишофи психикии
алокаманд бо нокисихои модарзодии магзро барраси ме-
кунад; сурдопсихология, ки психологияи ташаккули куда-
кро хангоми нокисихои узви шунавои меомузад ва тифло-
психология, ки психологияи инкишофи сустбиноён ва
нобиноёнро мавриди омузиш карор медихад.
Психологияи мукоисави ё зоопсихология сохаи илми
психология мебошад, ки масъалахои вобаста ба намудхои
филогенетикии хаёти психикиро барраси намуда, психи-
каи хайвон ва одамро бо максади дарёфти конуният ва
механизмхои инкишофи таърихии психика мукоиса мена-
мояд.
Психологияи ичтимои зухуроти психикиеро
меомузад, ки дар чараёни хамкории одамон дар гуруххои
мухталифи муташаккилу номуташаккили ичтимои ба
вучуд меоянд. Ба сохтори психологияи ичтимои дар айни
замон се гурухи масъалахо шомиланд: зухуроти ичтимои –
психологи дар гуруххои калон (макромухит); зухуроти
ичтимои – психологи дар гуруххои хурд (микромухит); ва
зухуроти ичтимои – психологии шахсияти одам (психоло-
гияи ичтимоии шахсият).
Психологияи фардият зухуроти психикии ба фард
хосбударо меомузад.
Психологияи генетики механизмхои ирсии психика ва
рафтор, вобастагии онхоро аз генотип дида мебарояд.
Психологияи тафрикави фаркияти инфиродии ода-
мон, заминахои онхо дар чараёни шаклгири ва гайраро
барраси менамояд.
Психологияи менечмент ё психологияи идоракуни
масъалахои психологии идораи намудхои мухталифи
фаъолияти ичтимои ва истехсоли, психологияи рохбари ва
шахсияти рохбар, инчунин психологияи муоширати кори-
ро мавриди омузиш карор медихад.
Кайд намудан лозим аст, ки психология дар тамоми
сохахои худ предмети тадкикотиашро хифз менамояд ва
бо вучуди сершоха будан ба мустакилияту ягонагиаш ха-
лале ворид намесозад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222