Главная / Илм / Сохти гуруххои хурд

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд,

сохт ва хусусиятхои мавчудаи му-

носибатхои байнихамдигарии аъзо-
ёни он дар назар дошта мешавад.

Дар навбати худ сохт ва муносибатхои байнихам-
дигарии аъзоёни гурух бо мафхумхои зерин тавсиф дода
мешаванд: композитсия, роххои алокабаркароркуни, тар-
киб ва таксими накшхо, намудхои вазифахои гурух, сар-
вари ва муносибатхои шахси.

Композитсия – ин хайати гурухи хурд мебошад, ки
аз руи тавсифдихандахои фардию психологии аъзоёни он
муайян карда мешавад. Агар аъзоёни гурух вобаста ба
хусусиятхои психологиашон ба хамдигар монанд бошанд,
ин гуна гурух аз руи композитсияаш яктаркиба (гомогени)
номида мешавад; агар аъзоёни гурух вобаста ба хусуси-
ятхои психологиашон аз хамдигар фарк кунанд, ин гуна
гурух аз руи композитсияаш гуногунтаркиба (гетерогени)
махсуб меёбад.

Вобаста ба яктаркиба ё гуногунтаркиба будани
гурух композитсияи онро аз руи хусусияти дилхохи пси-
хологи бахо додан мумкин аст. Дар вокеъ, ин гуна
баходихи одатан аз руи хусусиятхои психологии барои
муттахидии гурух, барои байни аъзоёни гурух барпо
намудани муносибатхои хуби шахси ва кори, барои ба-
ланд бардоштани махсулнокии фаъолияти кори ва г.
мухим амали карда мешавад. Холати ба композитсия
наздик, мувофикат ё номувофикии психологии гурух ба
шумор меравад.

Мувофикати психологи хоси гурухеро мебошад, ки
аъзоёни он бо зуди бо хамдигар унс гирифта, дар халли
масъалахои гуногун бо осони бо хам забон меёбанд, муд-
дати тулони бе ихтилоф ахлона кору фаъолият менамо-
янд. Аз нигохи психологи гуруххои яктаркиба аз руи ком-
позитсияашон нисбат ба гуруххои гуногунтаркиба бештар
бо хам мувофиканд.

Роххои алокабаркароркуни гуфта робитахои бай-
нишахсии аъзоёни

гурухро меноманд, ки тавассути онхо маълумотхои
гуногун байни хамдигар раду бадал карда мешавад. Миё-
ни сохти гуногуни роххои алокабаркароркуни робитахои
типикии аз нуктаи назари амалия ва назарияи фаъолияти
гуруххои хурд чолибро чудо кардан мумкин аст.

Дар накшаи 3 ду сохти асосии роххои алока-
баркароркуни: А мар казонидшуда, Б марказо нидана-
шуда дар се шакл тасвир карда шудааст. Сохти марказо-
нидашуда бо он тавсиф дода мешавад, ки дар он ахбор
байни аъзоёни гурух тавассути яке аз онхо пахн карда ме-
шавад. Сохти рохи гайримарказонидашуда бошад, мар-
кази ягонаи хабарпахнкуни надорад.

Сохти марказонидашуда дар навбати худ ба се сох-
ти аз хамдигар фарккунанда таксим мешавад: а) ру ба ру,
б) радиали ва в) иерархи. Сохти ру ба ру бо он фарк меку-
над, ки хатто аъзоёни дар шафати хамдигар буда хам им-
конияти бо якдигар муошират карданро надоранд ва ин
амалро онхо танхо тавассути як нафар, масалан, рохбар ё
сарвар анчом дода метавонанд. Дар сохти радиалии
алокабаркароркуни низ ахборот тавассути як нафар пахн
мешавад ва фаркият дар он аст, ки аъзоёни гурух ба хам-
дигар маълумот дода истода, хамдигарро метавонанд
набинанд ё нашиносанд. Сохти иерархии алокабаркарор-
куни бо он фарк мекунад, ки дар он ахборот ё аз боло ба
поён, ё аз поён ба боло зина ба зина накл карда мешавад.
Масалан, агар аъзои гурухи зинаи 1 рохбар ё сарвар
бошаду дар зинаи 2 чонишин ё ёрдамчии у истад, он гох
аъзоёни бокимондаи дар зинаи 3 чойгиршуда бо рохбар
танхо тавассути чонишин ё ёрдамчии у робита карда ме-
тавонанд.

Сохти                марказониданашудаи                   усулхои

алокабаркароркуни низ се шаклро доранд: а) занчирави,
б) даврави, в) пурра. Шакли занчири бо он тавсиф дода
мешавад, ки дар он ахборот танхо ба як самт аз як нафар
ба нафари дигар дода мешавад. Дар айни хол маълумоти
накл намудаи шахс такроран ба худи у барнамегардад.
Дар шакли даврави бар хилофи шакли занчири маълумот
ба таври даври накл шуда, ба худи хамон як аъзо чандин
маротиба баргашта метавонад. Нихоят, шакли пурра бо
он фарк мекунад, ки дар он аъзоёни гурух ба хамдигар
озодона маълумот дода метавонанд.

Накши шахс дар гурух ё накши умумии гуруххо
гуфта, он чизеро меноманд, ки аъзои гурух дар чараёни
фаъолияти якчоя бояд онро ичро намояд. Накшхо вобаста
ба шумораи аъзоёни гурух, хусусият ва шартхои ичрои
фаъолият гуногун мешаванд. Накшхо байни аъзоёни
гурух тарзе таксим карда мешаванд, ки гурух дар якчояги
аз ухдаи ичрои супориши ба душ доштааш барояд. Хар як
аъзо бояд накши худро хуб донад ва дар бораи накши ди-
гарон маълумоти кофи дошта бошад. Накшхо байни аъзо-
ёни гурух зимни ихтиёри, ба таври карори кабулкардаи
гурух ё бо тавсияи рохбар таксим карда мешавад. Хамин
тарик, гуруххои гуногун аз хамдигар на танхо аз руи шу-
мораашон, балки аз руи таксимоти накшхо низ фарк ме-
кунанд.

Масъалахои хал менамудаи гуруххо низ, гуногун
мешаванд. Намудхои зерини масъалахоро аз хам фарк ме-
кунанд: таксимшаванда, таксимнашаванда, дизъюнктиви,
конъюнктиви.

Масъалахои таксимшаванда гуфта, масъалахоеро
меноманд, ки байни аъзоёни гурух таксим кардани он им-
конпазир аст ва хар як аъзои гурух имконияти мустакило-
на, ба хам таъсирнарасонда хал намудани онро дорад. Ин
гуна масъалахо одатан ба гуруххои коактиви хос мебо-
шад. Масъалахои таксимнашавандаро бошад байни аъзо-
ёни гурух таксим кардан гайриимкон аст. Онро бояд
хамаи аъзоёни гурух дар якчояги бо ичрои накшхои чудо-
гона ва бохамтаъсирасонанда халлу фасл намоянд.
Масъалахои мазкур бештар дар гуруххои интерактиви ди-
да мешаванд.

Дизъюнктиви – ин масъалахое мебошанд, ки агар аз
хамаи аъзоёни гурух акаллан як нафар онро хал намояд,
вай аз чониби тамоми гурух хал кардашуда хисобида ме-
шавад. Конъюнктиви – ин масъалахое мебошанд, ки дар
сурати аз чониби хамаи аъзоёни гурух хал накардан, вай
халношуда хисобида мешавад. Агар аксарият хал намоян-
ду як нафар аз ухдаи халли он набарояд, масъала хално-
шуда хисобида мешавад.

Гуруххои хурдро аз руи характер ва усули сарвари
ва аз руи муносибати сарвар бо аъзоёни гурух, аз хам-
дигар фарк мекунанд. Масалан, гуруххое мавчуданд, ки
дар онхо факат як нафар шахси сохибэхтиром сарвари
комил аст; гуруххои дигаре хам вучуд доранд, ки онхо ду
ва ё зиёда сарвар доранд. Муносибати байнихамдигарии
ин сарвархо аз хамкорию мувофикат то ихтилофу ни-
зоъхоро дар бар мегирад. Усули рохбарии сарвархо низ
гуногун шуда метавонад: авторитари, демократи ва либе-
рали. Худи сарвархо низ вобаста ба хусусиятхои фардии
худ аз хамдигар ба кулли фарк карда метавонанд. «Сар-
вари ин равандест, ки дар рафти он шахси алохида ба ди-
гар аъзоёни гурух бахри расидан ба максадхои гурух,
кумак мерасонад».

Дар гурух муносибатхои байнишахси дар шаклхои
зерин амали мегардад: шахси ва кори, расми ва гайрирас-
ми, координатсиони ва субординатсиони, ратсионали ва
эмотсионали. Гуруххои хурд вобаста ба сохт ва хусуси-
ятхояшон аз хамдигар фарк мекунанд. Дар баъзе гуруххо
муносибати шахси, дар дигараш муносибати кори ва дар
сеюмаш муносибатим расми ва г. бартари дорад.

Хар як гурухи хурд феноменологияи ба худ хосро
доро мебошад. Дар катори он ходисахое, ки психологон
хангоми омузиши гуруххои хурд кайд кардаанд, ба мо-
нанди: сарвари, муносибатхои байнишахси, муташаккили,
мувофикати психологи ва г., хамчунин коида ва меъёрхои
умумигурухи, карор, мавкеи гурухи, фишороварии гурухи,
мухолифати гурухи, мухити психологи ва шароитхои са-
марабахши фаъолияти гурухиро аз хам фарк мекунанд.

Меъёрхои гурухи гуфта, коидахоеро меноманд, ки
онхо асоси мавчудияти гурухро ташкил медиханд. Ин ко-
идахо пахлухои гуногуни сохт ва фаъолияти гурух: хайат
ва таксимоти накшхо, рафтори сарвар, ва аъзоёни
бокимондаи гурух; муносибатхои шахси ва кории онхоро
фаро гирифта метавонад. Одатан, дар гуруххои навташ-
кил хеч гуна меъёрхои гурухи вучуд надорад. Ин гуна
меъёрхо дар баробари тараккиёти гурух пай дар пай гирд
омада устувор мешаванд. Дар гуруххои олитаракки, хусу-
сан коллектив, ин гуна меъёрхо хатман мавчуданд. Асоси
мавчудият ва ба рафтори аъзоёни гурух таъсир расонида-
ни онхо дар он зохир мешавад, ки аъзоёни гурух ин
меъёрхоро кабул доранд ё надоранд ва дар муносибатхои
байнихамдигари онро риоя мекунанд ё не. Он чизе, ки аз
чониби аксарият ё хама риоя карда мешавад, одатан ба
меъёри гурух мувофикат мекунад; он чизе ки аксарият ё
хама онро рад мекунанд, ба меъёрхои муайяннамудаи
гурух мувофикат намекунад. Чун коида, хамон нафаре
сарвари гурух мешавад, ки рафтори у нисбат ба дигарон
доштаба меъёрхои гурух бештар мувофикат мекунад. Дар
баробари ин, худи сарвар агар дар гурухи мазкур мавкеи
ифтихори дошта бошад, у меъёрхои нави гурухро тартиб
дода метавонад.

Меъёрхои дохилигурухи бо карорхои аз чониби
гурух кабулшаванда алокаи зич дорад. Зери ин мафхум
таъсири мусбат ё манфии ба хамдигар расонандаи аъзоёни
гурух дар назар дошта мешавад. Карорхои мусбат нишо-
наи дастгири, эътирофнамои, писандидан, боло бурдани
мавкеъ ва амалхои дигар аст, ки нисбати шахси дахлдор
кабул карда мешавад. Карорхои манфи нишонаи эътироз,
паст задан, дастгири накардан, дар

робита нашудан ва г. нисбати шахси дахлдор мебо-
шад.

Мачмуи карорхои дар гурух кабулшаванда бо
меъёрхои ахлокии он алокаманд буда, пеш аз хама ба
шахсоне дахл дорад, ки бо амалу рафтори худ ин
меъёрхоро ё дастгири мекунанд ё ба он мухолифат мена-
моянд.

Мавкеъ гуфта, макоми ишголкардаи ин ё он аъзои
гурухро меноманд. Айни замон на макоми расмии ишгол-
кардаи ин ё он аъзои гурух, балки макоми гайрирасмии у
дар сохти муносибатхои шахси, гайрирасми ё эмотсиона-
лии байнихамдигарии дохилигурухи дар назар дошта
шудааст. Хамин тарик, шахс дар гурух хамон вакт макоми
баландро сохиб мешавад, ки агар уро хурмату эхтиром ва
эътироф кунанд, дуст доранд ва бо у хушу гуворо муноси-
бат намоянд. Шахсе сохиби макоми паст мешавад, ки
сохибэхтиром нест, аз чониби аъзоёни гурух кадр карда
намешавад ва уро дуст намедоранд. Одатан сарварон до-
рои макоми аз хама баланданд, макомхои миёнаю поёни
вобаста ба муносибат ва рафтори аъзоёни гурух байни
онхо таксим карда мешавад. Хар як аъзои гурух макоми
хоси худро дорад, вале он доими нест: бо мурури замон
тагйир ёфта, гохе баланд ва гохе паст мешавад.

Маком ё мавкеи шахсро бо ёрии методхои сотсио-
метри муайян мекунанд. Бо ёрии тестхои мазкур муноси-
бати байнихамдигарии аъзоёни гурух, вазъи дохилии он
ва г. омухта мешавад.

Муташаккилии гурух – ин тавсифдихандаи муноси-
батхои кории аъзоёни гурух, ухдабарои, ба хусусияти
масъалаи мухокимашаванда ва шароитхои фаъолият му-
тобик шуда тавонистани онхо мебошад. Гурух хамон вакт
муташаккил хисобида мешавад, ки агар супоришхои ба
ухда доштаи гурух байни аъзоёни он возеху равшан
таксим шуда бошад, шахсони алохида бо махорати баланд
ба хамдигар кумак расонида тавонанд, дар вазъиятхои
фавкулоддаи зарури аз ухдаи бо зуди иваз кардани
накшхои хамдигар бароянд ва самаранокии баланди
фаъолияти гурухи таъмин карда шавад.

Фишороварии гурухи гуфта, таъсиррасонии психо-
логии аъзоёни гурухро ба аъзо ё аъзоёни алохида мено-
манд. Масалан, аксарияти аъзоёни гурух халли ин ё он
масъаларо тарафдори намуда, акаллиятро мачбур мена-
моянд, ки ин карорро дастгири намоянд. Аксарияти аъзо-
ёни гурух дар ин ё он вазъият ба кароре омада, акалли-
ятро мачбур менамоянд, то ки онхо низ чунин рафтор ку-
нанд. Масъалаи фишороварии гурухи бо ходисаи кон-
формизм алокаманд мебошад.

Мухолифати гурухи инъикоскунандаи холате мебо-
шад, ки дар он фикру акидаи аъзоёни гурух аз руи ин ё он
масъала куллан бо хам мувофик намеояд ва аъзоёни гурух
ба зергуруххое таксим мешаванд, ки хар яки он андешаи
ба акидаи зергурухи дигар мукобилро пуштибони мена-
мояд. Дар ин гуна холат зергурухи созишкунанда вучуд
дошта наметавонад, зеро вазъияти баамаломада касеро
бетараф намемонад.

Мафхуми мухити психологии гурух дар адабиётхои
илмию адаби

хело зиёд истифоа шуда бошад хам, ба як маъно
таъриф дода нашудааст. Дар мачмуъ зери мафхуми мухи-
ти психологии гурух баъзе умумиятхои психологии аъзоё-
ни гурух ва муносибатхои онхо фахмида мешавад. Мухи-
ти психологи мусоид (солим) ва номусоид (носолим)-ро
фарк мекунанд.

Мухите, ки дар он аъзоёни гурух имконияти
хамачониба нишон додани худро доранд, мухити мусоид
ва дар акси хол мухити номусоид номида мешавад. Хан-
гоми мавчудияти муносибатхои хуби шахсию кори дар
гурух мухити психологи хамчун мухити солим ва дар хо-
лати баръакс, хамчун мухити носолим арзёби карда меша-
вад. Маълум аст, ки гурухи дарачаи тараккиёташ оли –
коллектив дорои мухити мусоиду солими психологи буда,
гурухи тараккиёташ паст бошад, дорои мухити номусоиду
носолим мебошад.

Бо вучуди ин, хангоми муайян кардани мухити пси-
хологии гурух ва кушодани мохияти он хусусан, хангоми
истифодаи методхои муайяни омузиш маълум мешавад,
ки муаллифону тадкикотчиён мухити психологиро ба та-
ври гуногун шарху эзох додаанд. Масалан, иктисодчиён
хангоми омузиши мухити психологии гурух хатман ба
чанбахои иктисоди, хукукшиносон ба чанбахои хукуки,
чомеашиносон ба чанбахои ичтимоии фаъолияти умуми-
гурухи эътибор додаанд. Дар навбати худ, психологон
хангоми тадкики мухити психологии гурух ба меъёрхои
дохилигурухи – муносибатхои байнишахсии аъзоёни
гурух такя намудаанд. Аз ин ру, айни замон таърифи яго-
наи мафхуми мухити психологи вучуд надорад.

Зери шарти махсулнокии фаъолияти умумигурухи
тавсифи хусусияту холатхое фахмида мешавад, ки муваф-
факиятнокии фаъолияти гурух аз он вобаста мебошад. Ба
ин сохт хусусиятхои гурухие, ки мо дар огози ин параграф
дида баромадем: хачм, композитсия, усулхои робитана-
мои, шаклхои масъалахои гурухи, сарвари ва муноси-
батхои байнишахси дохил мешавад. Вобаста ба он ки ма-
фхуми гурух чиро ифода мекунад, дар кадом шароит
фаъолият дорад, чи гуна масъалахои мушаххасро хал ме-
намояд, шарту шароити махсулнокии он гуногун шуда ме-
тавонад. Дар асоси тадкикотхои гузаронидашуда, ме-
тодхои зиёди омузиши амалии кор бо гуруххо тартиб дода
шудаанд, ки имкониятхои боло бурдани махсулнокии
фаъолияти гурухиро шарху эзох медиханд. Инхо брейнс-
торгминг, синектика ва методи психотерапияи гурухи ме-
бошад.

Брейнсторминг гуфта, усули ташкил намудани кор-
бурди гурухиеро меноманд, ки барои баланд бардоштани
махсулнокии фаъолияти гурухи ва бартараф намудани
камбудихои халалрасонандаи бо мушкилихои муноси-
батхои байнишахси алокаманд равона карда шудааст.
Хангоми истифодаи техникаи бренсторминг байни хар як
аъзои гурух ичрои накшхои танкидгарон, судяхо, мас-
лихатдихандагон, ичрокунандагон ва гайра возеху равшан
таксим карда мешавад. Хар як аъзои гурух накши худро
ичро карда истода, хак надорад, ки аз доираи фаъолияташ
берун барояд. Ичрои накшхо аз руи накшаи муайяни пе-
шаки тархрезишуда сурат гирифта, амалхои паст задан,
тахкир кардан ва ба иззати нафси хамдигар расидан
катъиян манъ карда мешавад.

Техникаи синетики гуфта, ташкили фаъолияти
якчояи гурухиеро меноманд, ки хайати он бомаксад ва
бошуурона аз шахсони хусусиятхои фарккунандаи психо-
логи дошта таркиб дода шудааст. Дар чараёни кор кушиш
карда мешавад, ки барои халли масъалаи пешниходша-
ванда, иштирокчиёни он андешахои гуногунро иброз до-
ранд ва пуштибони намоянд. Тахмин карда мешавад, ки
бо ин восита рохи дурусти халли масъаларо ёфтан осон-
тар мешавад.

Психотерапияи умумигурихи гуфта, методеро мено-
манд, ки дар чараёни он психолог ё психотерапевт бо
гурухи одамони ба ёрии у эхтиёчманд кор мебарад. Дар
айни хол бо максади таъсиррасонихои психотерапевти
донишхои аз омузиши гуруххои хурд бадастомада исти-
фода бурда мешавад.

Муаллифони аввалини табобати психотерапевти
хамон тадкикотчиёне ба шумор мераванд, ки аввалин
шуда ба омузиши протсессхои психологии гуруххои хурд
даст заданд. Айни замон намудхои гуногуни табобати
психотерапевтии гурухи маъмуланд ва онхо: Т-гуруххо,
гешталтгруххо, гурухи терапияи чисмони, гурухи тера-
пияи биховериали, гурухи терапияи санъат ва гайра.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222