Хамаи кисматхои идоракунандаи фаъолияти одам – протсессхои маърифати, иродави ва
эмотсионали дар ягонагии ногусастани амал карда,
фаъолияти психикии одамро ташкил медиханд, ва дар ба-
робари ин хусусиятхои психикии шахсро ифода менамо-
янд.
Кисматхои таркибии шахсро чудо карда, онхоро чун
мачмуи имкониятхои психикию идоранамоии фард бар-
раси кардан зарур аст. Шахс сохти яклухту томи психи-
кист, ки унсурхои алохидаи он дар робитаи конунии дута-
рафа карор доранд. Хамин тарик, имкониятхои табии
фард (типи фаъолияти олии асаб) мизочи уро, яъне ху-
сусиятхои умумии чараёни психикиро муайян мекунанд.
Ин хусусиятхо барои зухуроти дигар имкониятхои
психикии фард-имкониятхои маърифати, эмотсионали,
иродави заминаи умумии психики мебошанд. Имкони-
ятхои психики дар навбати худ бо равияи шахс, бо харак-
тер, яъне бо тарзхои умумимутобикшавандаи рафтори у
алокаманданд.
Хангоме ки мо ходисахои психикиро (протсессхо, хо-
латхо ва хусусиятхои психикии шахс) ба таври умуми
тасниф мекунем, он гох байни онхо ба таври сунъи фарки-
ят мегузорем ва онхоро аз хам чудо менамоем. Вакте ки
мо доир ба сохти хусусиятхои психикаи шахс харф меза-
нем, мо ходисахои психикиро якчоя намуда, шахсан
онхоро муттахид менамоем.
Хусусиятхои шахс – ин системаи динамикии имкони-
ятхои функсионалии у мебошанд. Хусусиятхои психики
бисёрчанбаанд: онхо дар системаи мухталифи муноси-
батхои дутурафа хар хел зохир мешаванд. Хусусиятхои
шахсро хамчун субъекти маърифат, фаъолияти мехнати ва
муошират чудо кардан мумкин аст.
Мачмуи хусусиятхои психики сохти психикии шахсро
ташкил медихад. Одам дар халлу фасл кардани
масъалахои хаёти ба имкониятхои психикии хеш такя ме-
кунад, аз тарзхои худии муносибати байнихами бо мухит
истифода мебарад ва тарзхои фардии фаъолияти хаётиро
амали мегардонад.
Мачмуи хусусиятхои психики шахсро ба вучуд
меоваранд. Ин хусусиятхои психикии шахсро чун анъана
ба чор гурух таксим мекунанд: 1) равия; 2) мизоч; 3)
кобилият; 4) характер.
Хамаи ин сифатхои психики сохти шахсро ташкил
медихад.