Главная / Илм / Супурдани Паёмбар (с) ба доя

Супурдани Паёмбар (с) ба доя

Омина, модари Паёмбар (с) аз хамон нахустини рузи таваллуди у дарёфт, ки шири кофи барои хуронидани танхо самараи издивочи хеш ва Абдуллох надорад. Омина танхо хафт руз ба Паёмбар (с) шир дод ва пас аз он аз ѓизо додан ва сер кардани вай нотавон монд.
Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар (с)-ро шир дод Сувайба канизи озодшудаи Абулахаб буд, ки хамзамон бо Паёмбар (с) фарзандашро ба номи Масрух шир медод.
Баъд аз Сувайба касе, ки сарпарастии Паёмбар (с)-ро бар ухда гирифт, Халима духтари Абузуайб буд. Дар он замон расму одати араб бар ин буд, ки фарзандонашро ба хотири ин ки кави ва неруманд гарданд, аз хавои озоду соф истифода намоянд ва зехнашон барои ёдгирии матолиб омода гардад, хамчунин ба ин хотир, ки забони фасехи арабиро ёд бигиранд, ба доя месупориданд. Занони бодиянишин низ ба хотири дарёфти музд ба шахр меомаданд, то сарпарастии кудакеро бар ухда гиранд ва аз ин рох махоричи зиндагиашонро таъмин карда тавонанд.
Абдулмутталиб ва Омина низ ба чустучуи ёфтани дояе баромаданд, то ба сарпарастии Паёмбар (с) ухдадор гардад, лизо Паёмбар (с)-ро бо зане ба номи Халима супурданд. Баъд аз ин, ки Халима, Паёмбар (с)-ро ба унвони фарзанди кабул кард, баракоти Худованд дар зиндагии у сарозер шуд, Халима мегуяд. “Баъд аз ин ки Паёмбар (с)-ро пазируфтам, пистонхои шутуре, ки доштем пур аз шир шуд, дар холе, ки кабл аз он аз фарат логари токат ва тахаммули рох рафтанро надошт. Хамчунин пистонхои худам пур аз шир гардид, ба гунае, ки хам Паёмбар (с) ва хам фарзандам сер мешуданд, аммо кабл аз он пистонхои ман шире надошт, ки битавонад факат фарзандамро аз гуруснаги начот дихад”.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222