Главная / Илм / Шуубия

Шуубия

Дар афкори сиёсй-чамъиятй давраи баъди истилои араб харакати Шуубия маколи хоса дорад.
Кушиши истиклолиятхохонаи мардуми гайриараб, пас аз 100 соли пирузии арабхо огоз гардид. Дар замони Сосониён, ба сабаби истисмор ва зулму ситам рухияи хавмии мардум кадре коста гардид. Аз ин сабаб мардуми кисми Гарбии Эрон (нисбати ба ахолии Мовароуннахр ва Хуросон) дар давраи хучуми бегонагон (арабхо) чандон муковимат нишон надоданд. Аммо баъди солхо дар натичаи зулми арабхо харакати фархангии шуубия чараён ёфт. Ин харакат бештар дар байни рушанфикрон пахн гардид. Дар натичаи сарозер шудани мухочирони араб ба сарзамини Эрон, Мовароуннахр ва Хуросон дар байни фарханги осибон (арабхо) мардуми тахчои муковимат (ракобат) ба амал омад.
Арабхо тамоми маваффакиятхои чомеаи исломро ба худ нисбат дода, халкхои айри арабро тахкир мекарданд. Харакати шуубия равиши навъан исломии баёни даъво ва хосиятхои мардуми гайриараб буд. Истилохи шуубй, бархоста аз як ояти Куръон аст, ки дар он бартаричуйии кавмиву нажоди махкум гашта, порсоиву илму маърифат чун меъёри наздик будан ба Худо эътироф шудааст. Хануз дар замони Уммавиён даъвохои шуубй сар зада, ки дар аввал дар холати пинхонкорй дошт.
Дастгохи хилофати Аббосй хам, ки нисбат ба арабхо дида, маволй (мардуми гайриараб) бештар таваккуъ дошт, барои густариши ин харакат мусоидат намуд. Дар ашъори баъзе аз намояндагони шуубия дар ибтидо баробарии Арабу Ачам баён меёфт. Дар мархилахои баъдй бошад арабхо ва фарханги онхо танкид карда шуда, баръакс забону фарханги мардуми Эронинажод ва таъриху тамаддуни он ситоиш карда мешуд.
Намояндаи барчастаи ин харакат Ибни Мукаффаъ, Хамиди Бахтакон, Сахл ибни Мишпой, Аълони Шуубй, Абуубайда, Башшор ибни Бурд, Мутаваккилй ва дигарон бо сурудани ашъор ва тарчумаи осори тоисломй ба забони арабй афкори шуубияро дар миёни мардум пахн мекарданд. Ин харакат то асри XI давои карда, Фирдавсй ва Асадии Тусй низ намояндагони ин чараён мегарданд.
Харакати Шуубия аломати худогохй ва хамбастагии мардумони эронинажод дар баробари арабхо буд, ки минбаъд барои даъвохои сиёсиву кудратхохии сулолахои махаллй низ мусоидат кард.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222