Главная / Гуногун / ТАХАВВУЛИ БУДДОИЯ

ТАХАВВУЛИ БУДДОИЯ

Пас аз вафоти Буддо шогирдонаш таълимоти уро интишор ва такмилу тадвин намудаанд. Мачмуи таълимоти у дар китоби мукаддас «Трипитака»(« Се сабад хикмат») чамъовари гардид. Як аср баъд дар дохили буддоия ихтилофот сар заданд. Ин ихтилофхо руи масъалаи сабук кардани як катор талаботи шариати буддоия буданд. Дар натича буддоия ба ду фирка: тхеравадарохи пирон, ки мухолифонашон хинаяна(«аробаи дучархаи хурд», ки рохи борик, махдуд) меноманд ва махаяна («аробаи дучархаи калон», ки рохи васеъи начот аст) таксим шуд. Ин ходиса дар худуди соли 200 т.м. то 200 м. рух дод. Дар тули ин муддат ва минбаъд дар дохили буддоия боз 16 фиркаи нав пайдо шуданд, ки ин буддизми ибтидоиро ба кулли таъгир дод.

budoiyaДар Тибету Мугулистон баъдтар равияи нави буддоия лама (ламаизм) дар заминаи таълимоти махаяна ва вачраяна (аробаи алмоси) ташаккул ёфт.

Дар таърихи тахаввули будизм ва интишори он берун аз Хиндустон накши сулолаи Гуптхо (с.200т.м.)ва шоханшох Ашока (269-232 тм)хеле бузург аст.

Дар айни замон як катор фиркаву чараёнхои нави буддоия бо номхои дзенбуддизм, необуддизм ва ё метабуддизм ба вучуд омадаанд. Буддизм имруз дар аксари кишвархои Осиёи Чанубу Шарки: Хитой, Жопун, Курия, Ветнам, Тайван, Шириланка,Камбучиё ва гра пахн шуда, накши мухими ичтимоию сиёси мебозад. Таърих ва фарханги гузаштаю имрузаи ин кишвархо аз бисёр чихат ба дини буддоия вобаста аст.

Дар хотима баъд аз шиносои бо динхои ориёнии Хиндустон метавон гуфт, ки дар ин олами маънавии рангинкамон сармояи гаронбахои тамаддуни инсони нухуфтаст. Динхои дар ин сарзамини асил бунёд гардида, аксаран хусусияти ирфони дошта, дар пояи риёзат ва тазкияву софкории нафс асос ёфтааст. Динхои хиндуориёи харчанд аз назари илохиёт гуногунанд ва аз ширку бисёрхудои гирифта то шинохти нахуст пояхои тавхид «-монизм»- вахдат ва вахдонияти олами хасти ва зоти илохи(-вахдати вучуд) мерасад, вале мухимтарин хусусияти адёни хинду-ориёи, ба акидаи мо, инсонмадори ва ахлокмехварии онхост. Яъне дар маркази таълимоти ин адён масъалаи начоти нафс, инсон ва ахлокиёти вай карор дорад.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222