Главная / Илм / ТАХАВВУЛИ МАЗХАБИЮ СИЁСИ ШИЪА ВА ФИРКАХОИ ОН

ТАХАВВУЛИ МАЗХАБИЮ СИЁСИ ШИЪА ВА ФИРКАХОИ ОН

Чунон ки гуфтем, пас аз вафоти Паёмбари ислом (с) чизе нагузашта буд ва хатто , хануз уро гур накарда буданд, ки ихтилоф дар атрофи масъалаи чонишини у, яъне дар масъалаи интихоби х а л и ф – шахси чонишин, идомадихандаи кори Паёмбар (с), пешво ва рохбари сиёси ва мазхабии уммати исломи ба вучуд омад. Зиддият байни чанд гурух буд. Яке мухочирон , онхое ки аз Макка ба Мадина хичрат карда буданд, дигаре а н с о р , онхое ки Мухаммадро (с) ба Мадина даъват карда, ба у пайвастанд ва барои дифоъ аз чону молаш паймон баста буданд, сеюм онхое буданд, ки тарафдории халиф аз хонадони Мухаммад(с) мекарданд, яъне тарафдорони Али ибн Абутолиб(р) амакбачча ва домоди Мухаммад(с) буданд. Худи Паёмбар (с) бевосита ба тарзи равшану ошкоро пеш аз вафоташ, агар хадиси Гадири Хумро ва чанд мавриди дигаре, ки ахли ташшаюъ ба онхоххамчун санади таъйини халиф ишора кардаанд, ба инобат нагирем, касеро ба чои худ таъйин накарда буд, факат дар чанд рузи бемории у Абубакр симмати имомати намозро дар масчид дошта, он хам ба хурмати калонсолиаш.

Мухаммад ибн Абдулкарими Шахристони харчанд дар бораи фиркаи шиъа танхо дар боби шашуми китобаш маълумот додааст. Аммо дар огози китоб ба тартиб дар бораи ихтилофхои аввалин сухан мегуяд ва дар катори аввалин ихтилофхо, ки баршуморидааст мухимтарин ихтилоф, ки баъдан сабаби чудои дар ислом шуд, имомат низ хаст, ки у онро хамчун панчумин ихтилоф баён кардааст. Бояд гуфт, ки харчанд заминаи ихтилоф ва чудои, чунон, ки гуфтем, било фосила баъд аз вафоти Мухаммад(с) ба миён омад, чудои ва зиддияти шадиди сиёси дар замони хилофати халифи сеюм Усмон(р) (солхои 644-658) зохир шуда, тамоми давраи хилофати умавиён ру ба афзоиш буд. Норизиятии оммаи васеъи мардум ва алалхусус мардумии кишвархои гайри арабии истилошуда ва дар раъси он эрониён заминаи ичтимоии ин зиддиятро ташкил карданд ва нихоят бо дастгирии эрониён, ки гароиши шиъа доштанд, хилофати Уммавиён бо хилофати Аббосиён иваз гардид.

Харчанд Али (р)пас аз катли Усмон ( аз соли 658-661 ) ба хилофат расид, вале пас аз катли у (с.661) боз то соли 750 охирин соли хокимияти Марвони дуюм хилофат дар дасти уммавиён боки буд.

Дар таърихи мазхаби шиъа фочиъаи Карбало, ки дар он писари дуюми Али Хусайн(р)бо хонавода ва хамрохонаш ба дасти сарлашкари Язид ибн Муъовия- Саъд ибни Ваккос кушта шуд, хеле ходисаи хамосии таъсирнок аст ва дар ташаккули шиъа накши зиёд дорад. Ба сари хокимият омадани Аббосиён низ шуришу зиддиятхои пайравони Алиро хомуш нагардонд ва ба хулафои аввали аббоси чандин бор лозим омад, ки ин шуришхоро пахш кунанд.

Аввалин доъиёни машхури мазхаби ташаюъ Абузари Чаффори, Микдод ибни Асвад ва Салмони Форси буданд. Дар коркарди асоси назариявии имомат Абдуллох ибни Саббох , ки аслан яхуди буд сахми зиёд гузоштааст. Абдуллох ибн Саббох акида дошт, ки Мухаммад (с) намурдааст ва у мисли Эсои Масех бозмегардад ва Али дар замони гайбати у васи- чонишини конунии уст. Имомат аз диди ахли ташаюъ амри илохист ва наметавонад интихоби бошад ва он чун паёмбари аз иродаи Худо вобаста аст. Онхо барои асоснок кардани ин акидаи худ назарияе кор кардаанд, ки тибки он дар Али (р) низ чун дар Мухаммад (с) нури илохи асар намуда ва аз у ба авлоди у ворид гардида, аз ин ру имомат факат мероси метавонад бошад. Ахли суннат ин акидаро кабул надоранд ва имоматро интихоби мешуморанд.

Фарки этикодию шаръии ахли шиъа бо ахли суннат ва чамоъат ночиз аст. Онхо низ ба Худои ислом Аллох ва Ппёмбари у Мухаммад(с) эътикоду имон доранд ва “алипараст” гуфтани онхо, чунон ки дар байни суннихо роич аст, дуруст нест. Хамчунин шиъа китоби мукаддаси ислом Хуръон ва суннати Расули Худоро кабул доранд, танхо ба кавли онхо хангоми тахрири усмони дар баъзе оятхое, ки сухан аз имомати Али ибн Абутолиб (р)мерафта ё далолат ба он мекарда, тахриф ё хазф шудаанд ва дар суннат танхо ба хадисхое эътимод коиланд, ки аз кавли сахобахои наздики Мухаммад(с) ё ахли байт-хонадони вай накл шуда бошанд. Мачмуи инчунин хадисхоро а х б о р меноманд. Гайр аз ахбор хамчун сарчашмаи маънавию ахлоки мачмуаи гуфтахо ва хутбахои Али (р) бо номи “Нахчат -ул- балогат”-ро доранд. Дар баён ва шархи усули дин, чунон ки каблан гуфтем, баъзе тафовутхо мавчуд аст.

Фаркхои чузъии тафсили чун дар матни а з о н дахил шудани “Ашхаду анна Алиюн валиюл-лохи” пас аз шаходати рисолати Мухаммад, ва тарзи адои намоз, зиёрати чойхои мукаддас ва иду маросимхо низ мавчуданд. Мучоз донистани т а к и я пинхон намудани асли эътикод ва тазохур, аз фаркиятхои байни шиъаву сунни мебошанд. Аммо фарки асоси, чунон ки гуфтем, хамон назария (доктрина)-и имомат аст, ки бо номи ” Имомат ва вилояти факех” як назарияи мукаммали фикхи, фалсафию сиёсии ислом аз дидгохи шиъа аст. Яке аз маросимхое, ки дар шиъа хеле арзиш дорад маросими сугвори \таъзия\ барои фочиаи шаходати имоми сеюм Хусайн (с.609) мебошад. Он нихоят бо шуру хаячон дар дахаи аввали мохи мухаррам мегузарад. Алалхусус рузхои нухум ва дахуми он, ки ба араби “тосуъо” ва “ошуро” гуянд, хеле таъсирбахш ва бо эхсосоти баланд, занчирзани ва хокбарсаркуни ва сахнахои теотрии он фочиа мегузарад. Дар тули ин муддат дар масочид чаласахову хутбахои таъзияти, марсияхониву равзахони ташкил карда мешавад.

Фирки шиъа дар навбати худ дар натичаи ихтилофоти дохили ба чандин фирка таксим гардида аст. Фиркхои асосии он: к а й с о н и я, з а й д и я, и м о м и я, и с н о а ш а р и я, г у л о т ва и с м о и л и я мебошанд. Ба кавли Шахристони дар усули эътикод баъзеи онхо ба суи муътазила, баъзе ба суи ахли суннат ва баъзе ба мушаббихин (антропоморфистхо) майл мекунанд. Дар байни ин фиркахои танхо гулот \ифротгаро\ ва ё “алииллохиён”-ро метавон “алипараст” номид, чун онхо Алиро ба дарачае боло мебаранд, ки аз паёмбар афзалтар ва хатта уро ба мартабаи Худои мерасонанд.

Гурухи асасии шиъаёнро имомияи исноашари (дувоздахимома) ташкил мекунанд. Шачараи имомон дар ин фирка аз Али ибн Абутолиб ( 661) огз гардида ба тартиби зайл аст:2-Хасан (ваф.с.669);3-Хусайн (шаходат с. 680); 4- Али Зайнул Обиддин \ваф.с.712); 5- Мухаммад ал-Бокир (ваф.с. 721) \- писари дигари Зайнул- Обиддин Зайд асосгузори фиркаву мазхаби зайдия аст. \; 6. Чаъфари Содик (ваф.с. 765); 7-Мусои Козим (ваф.с. 797) писари дигари имом Чаъфари Содик Исмоил асасгузори фирка ва мазхаби исмоилия\; 8- Алии Ризо (ваф.с.818); 9-Мухаммади Чаввод (ваф.с.835); 10-Алии Наки (ваф. с.863); 11-Хасани Аскари (ваф.с.874); 12- Мухаммад Махдии Мунтазир (гайбат с.878).

Мувофики эътикоди шиъаён имоми дувоздахум Махди намурдааст, балки гоиб шудадааст ва дар охирзамон бармегардад ва адолатро пойдор месозад. Вучуди чунин акида дар шиъа як бурхони дигаре дар мавриди тахаввул ва такомули табиии динхо аз хисоби як дигар ва бовари ба нихояти некбинона (оптимисти) доштани адён нисбат ба такдири чомиъаи инсони аст. Дар ин маврид шахсияти имом Махди дар шиъа шабохати зиёде бо шахсияти Исои Масех дар дини насрони дорад.

Чунон ки гуфта шуд имомат дар мазхаби шиъа дар катори нубувват макоми баланде дорад. Имом низ мисли наби (паёмбар) мукаллаф аз тарафи Худо-Аллох аст. Яъне макоми сиёсиву рухонии имом такдир шуда аз тарафи Худост. Имом дар шиъа мазхари “исмат”-поки ва бегунохи ба шумор меравед. Мувофики назарияи сиёсии имомат “вилоят”- хукумати сиёси бояд баъд аз гайбати Махди ба дасти факехи мучтахид гузарад. Ва мувофики назарияи вилояти факех вай низ дорои як катор сифатхову кобилиятхои ахлокиву сиёсии баргузидааст.

Дарчанд мазхаби шиъа дар аввали пайдоиши маншаи араби дошт, баъдтар он барои эрониён бехтарин чатри идеологие барои мубориза бо араб ва сиёсати арабикунонии уммавиён гардид, онро эрониён ба ормон ва ахдофи сиёсии худ созгор ёфтанд ва кабулу ривоч доданд, нихоят дар натичаи муборизаи куввахои мухолиф, ки дар он накши асосиро,чунон ки гуфтем, эрониён мебозиданд хилофати Аббосия сари кор омад, ки дар дастгохи идории он вузарои эронх аз Оли Бармак наКши мухим мебозиданд. Дар асри XVI мазхабх шиъа маКоми дини давлатии Эронро касб мекунад. Вале дар асари таассуби шиъагароии Шох Исмоили Сафавх, ки дар Бачдод ва дигар навохии суннинишин рох андохт, ман фикр мекунам, ягона шонси таърихии ба дасти эрониён гузаштани хилофати ислом аз даст рафт ва аз он туркони усмонх, ки хамчун хомии ахли тасаннун зухур карданд, истифода намуда, лаиоми хилофатро ба даст гирифтанд ва то асри XIX, то замони аз тарафи Мустафо Камол (Отатурк) ба хам пошида шудани осори хилофати ислом ва ташкили Чумхурии Туркия, хокимият карданд. Имруз мазхабх шиъа дини расмии Иумхурии Исломии Эрон мебошад, ки соли 1979 дар натииаи инКилоби исломии Эрон ба сари Кудрат омад. Дар ин инКилоб наКши рохбарикунандаи рухонияти шиъа бо сарварии Оятуллох Узмо Хумайнх (1900-1989) нихоят бузург буд. Баъд аз инКилоб дар Эрон, шояд нахустин бор дар таърихи шиъа, тамоми умури идорх, фархангх ва иитимоию иКтисодх ва сиёсх исломх карда шуд ва воКеъан давлати соф исломии шиъа тахаККуК пазируфт.

Xорииия – яке аз он фирКахоест, ки дар асари ихтилофи сиёсх ба вуиуд омадааст. Таърихи пайдоиши фирКаи хорииия- ро бидъатнигорони исломх ба натичаи мухорибаи байни сипохи Алх ибн Абитолиб ва хокими Сурия Муъовия дар махале бо номи Сиффин (с. 657) сурат гирифта, вобаста мекунанд, вале дар мавриди аз чи иборат будани асли ихтилоф иттифоКи назар вуиуд надорад. Яке аз ривоятхо чунин аст, ки гуё дар мухорибаи номбурда, хангоми чанг сипохи Алх наздик буд сипохи Муъовияро тору мор кунад, вале тарафи Муъовия бо рохи макр ба сари найзахои ианговаронаш варакхои ^уръонро халонда, хохони бо рохи гуфтушунид дар асоси ,1уръон ва суннати пайчамбар хал кардани ихтилоф шуд ва дар гуфту шунид низ бо макру хилла намояндаи Муъовия Амр ибни Ос масъаларо ба манфиати Муъовия халлу фасл карданд. Аз ин ходиса як гурухи хазор нафарх норозх шуда, аз сипохи Алх хории шуданд ва “хоричия” ном гирифтанд.

Мухимтарин ихтилофи онхо бо мазхаби шиъа руи масъалаи имомат аст. Хориииён муътаКиданд, ки имом метавонад чайри Курайшх бошад. ТибКи аКидаи онхо хар як мусалмоне, ки онхо сазовор донанд, хох чулом, хох озод, хох набатх, хох Курайшх, метавонад имом бошад. Яъне, хориииён баробарии мусалмонон ва дар умури рахбарх ва имомат интихобх будани ин маКомро талаб мекарданд. Хамин аКидаи онхо сабаби зуд интишор ёфтан ва пайравони зиёд пайдо кардани онхо гардид. Ихтилофи дигари онхо аз хамон зиддият оид ба Казовати Сиффин сарчашма мегирад ва мегуянд: ” Танхо Аллох метавонад Казоват ва хукм кунад” ва ба хамин далел хукму Казовати одамонро эътироф намекунанд.

Хориииён имомати Абубакру Умарро мепазиранд вале имомати Усмонро рад мекарданд, аз амали Алх дар махали Сиффин норозх хастанд. Баъзе аз онхо, масалан а з р а К и я Усмон, Талха, Зубайр хатто Оиша хамсар ва Абдуллох ибни Аббос амаки пайчамбарро махкуми дузах ва азоби абадх мешуморанд. Онхо ииходро ба муКобили мухолифонашон, чи мусалмон ва чи чайри мусалмон, иоиз медонанд ва муъмини аз ииход ру тофтаро кофир мешуморанд. Куштани занон ва кудакони мухолифини худро ииозат додаанд. Шахси гунохи кабира содир карда ва ашхосе, ки фароизи диниро ииро накардааст ва хатто як гунох кардаанд, бо вуиуди эътирофи вахдонияти Худо ва рисолати Мухаммад кофир ва махкум ба оташи дузах медонанд. Онхо сангсор кардани шахси зино содир карда ва иазои тухматкардаро бекор кардаанд. Ба аКидаи онхо хамрохи мушрикон фарзандони онхо низ ба дузах хоханд афтод. ТаКияро на дар сухан ва на дар амал Кабул надоранд. Хориииён дар масъалаи сархушихо ва хашомату ороиш сахт таассуб доранд, тамокукашх ва мусиКиро манъ карда буданд.

Дар масоили аКидатх онхо куръонро махлуКкмешуморанд, иимоъ ва Киёсро намепазиранд. Сураи “Юсуф”-ро рад мекарданд ва онро ба шаъни китоби муКаддас мувофиК намешуморанд, чун дар он оид ба ишКу мухаббати Юсуф бо зани мисрх ривоят шудааст. Ба аКидаи хориииён парвардигор метавонад пайчамбаре фиристад, ки вай баъд аз рисолати худ кофир шавад ё пеш аз рисолат кофир бошад.

Аввалин намояндагони машхури хорииая Ашъас ибни Лайс ал-Киндх, Мисъар ибни ФадаК ат-Тамими, Зайд ибни Хусайн- ат-Тоъх буданд, ки ба муКобили Алх хуруи карданд. Хорииия низ бо мурури замон ба чандин фирКахои ифротх ва миёнарав таКсим шуданд ва маъруфтарини онхо: а з р а К и я, с у фр и я, н а и д и я, б а й х а с и я, аи р а д и я, с а ъ л а б и я и б о д и я мебошанд, ки дар навбати худ хар кадом боз ба чандин фирКахои хурдтар таКсим шудаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222