Главная / Илм / ТАХАВВУЛОТИ МАЗХАБИИ НАСРОНИ

ТАХАВВУЛОТИ МАЗХАБИИ НАСРОНИ

Маълум, ки дини насрони дар заминаи дини яхудия ба вучуд омад ва асосгузори он Эсо аз яхудиён буд. Аммо чун дини насрони охиста-охиста берун аз худуди миллати яхуд ва Фаластин нуфуз кард ва дар каламрави империяи Рум густариш ёфта, кам-кам сурати дини мустакилро мегирифт.

shogirdoni-isoi-masehШогирдони Эсои Масех дар чараёни густариши дини насрони масехиёни хатнанашударо, низ гусли таъмид мекард. Баъдан хавори Павел зарурати риояи шариати яхуди барои насрониёнро аз байн бурд.

Павелро дар вокеъ метавон дувумин муассиси масехият номид. Чиду чахди у дар рохи коркарди илми илохи (теолужик) ва ислохи шариати он сабаб шуд, ки дини насрони оламгир- дини чахони гардид.[1]

Павел аз руи анъанаи насрони дар оилаи яхудии шахрванди Рум, дар шахри Тарси Осиёи Хурд таваллуд шудааст. У дар аввал аз онхое буда, ки насрониёнро таъкиб мекарда, вале баъдан яке аз мубаллигони фидокори дини насрони дар Осиёи Хурд гардид, ба насроният хусусияти гайри милли додааст.

Баъд аз Павел тахаввули насроният аз тарики пайдоиши фиркахо ва равияхо сурат мегирад.

Баробари густариш ёфтани насроният таркиби ичтимоии пайравони дини нав низ тагир меёбад. Дар аввали асри IV империяи Рум сиёсати химояву пуштибони аз ин динро пеш мегиранд. Нихоят, соли 313 император Константин фармонеро имзо кард, ки ба масехият чун динхои дигар хукуки баробар медод ва аз паси он соли 324 расман дини масехиро дини расми-давлати эълон кард.

Соли 325 мелоди ба раёсати худи император Константин аввалин анчуман (собор)-и калисохои насрони дар шахри Никей шуда гузашт, ки дар рохи устувории ин дин накши арзандае гузошт.

Хамзамон бо пароканда гардидани империяи Рум чудои дар дохили калисои насрони афзудан гирифт ва дар натича он ба чор калисои худмухтор (афтокефалии): Константинопол, Искандария, Антиох, Иерусалим таксим гардид.

Бахсу мунозирахои баъди аксаран дар атрофи мохияти зоти Эсо давр мезанад. Инсон будан ё Худо будани У. Тибки таълимоти насрони «Шахсияти Эсо мураккаб аз ду унсур аст, яке унсури илохи ва холикият, дувум унсури инсоният ва махлукият».[2] Дар натичаи ин ихтилоф равияхо ва фиркахое дар кисмати шаркии империяи Рум ба вучуд омаданд, ки мухимтарини онхо: ариёнхо (Апиз),[3] Апуллинарихо (Аро1Нпаги8),[4]Настурихо (Иез^огиз)[5], Монофизитхо ва Якубитхо ( ^асоЬИез)[6], Монотелитхо (МопоИ1е1Ие8)[7] [8]Иконоборхо (1сопос1а81е8)7 буданд.

Ин ихтилофхо сабаби он шуд, ки соли 451 калисохои насрони ба ду кисм/ шаркию гарбй таксим шуданд.

Ин ихтилофи хосила байни калисохо баъди таксим шудани империяи Рум ба шаркию гарби (соли 395), расман соли 1054, ба ташаккули ду равияи бузурги насроният: Католики ва Православи (ортодокси шарки) сабаб шуд.

Равияи католики (аз кал. юн. умумичахони) яке аз шохахо- равияхои асосии дини насрони буда, бештар дар кисмати гарбии империяи Рум густариш пайдо кард. Калисохои католикии Рум аз бузургтарин ва бонуфузтарин калисои насрони дар Гарб ба шумор мерафт. Асосгузори онро худи Апостол Петр мехисобанд.

Дар асрхои миёна калисои католики кудрати бенихояти сиёси ва сарвати модди дошт. Калисои католики дар мукоиса бо православй дорои як маркази идорй мебошад. Аз ин ру, калисо дар асрхои миёна Поп (Папа) дар хакикат султони вокеии тамоми кишвархои магрибзамин буд.

Масалан, дар соли 800 мелоди такрибан аз як севуми хоки Фаронса ва хамчунин кисмати зиёди кишвари Олмон ва Итолиё дар тахти каламрави калисо карор дошт. Дар ин давра интихоб ва аз кудрат дур сохтани император ва шохони ин кишвархо бо дасти попхои католик сурат мегирифт. Вале ба тадрич Папаи Рим ба дастнишондаи ашрофу аъёни итолиёви табдил ёфта, аз накшу эътибори рухониву ахлокии онхо коста мешавад.

Асоси таълимоти котуликхоро Навиштачоти Мукаддас ва Ахбори Мукаддас ташкил мекунанд. Эътикодномаи котуликхо эътикод бар он доранд, ки Рухул-Куддус на танхо аз Падар Худо балки аз Писар Худо низ бармеояд.

Католикхо хафт мукадасот: гусли таъмид (крешение), ашои раббони, яъне тановули нону май (рус. причащение, лот. евхаристия), такдис (священство), тавбаву икрор (покаяние, исповед), оламмолидани (миропомазание), никох ва санавбарсузи (елосвящение)- ро эътиро мекунанд.

Дар бораи накши ичтимоии калисои католик дар асрхои миёна ихтилофи назар хаст. Аз як су мухакикон онро таърихан, омили эчоди вахдати фархангии Аврупо бо вучуди парокандагии сиёси медонанд. Аз суи дигар калисои католик бо эчоди «Девони тафтиши акоид (Инквизисия)» ва чангхои салибии шаркию гарби аз худ накши асорати маънави ва сиёсии номатлубе дар сафхаи таърих гузоштааст.

Сарвари асосии калисои котуликхо чонишини Эсои Масех хокимияти олии давлати Ватикон папаи Рум мебошад. Дар холи хозир ин мансабро шахси собик лахистони кардинал Кароль Войтила (тав.1920) ба ухда дорад, ки номи Иоанно Павел II гирифта. Мувофики карори анчумани I Ватикан, аз соли 1870 папа поку бегунох ба шумор меравад.

Ватикон дар маркази Рум (масох. 44 га.,ахолиаш зиёда 1 х. наф.) маркази католикхои чахон мебошад. Ватикон дорои тамоми атрибутхои давлати: герб, байрак, гимн, пул, почта, ТВ-радиё, телеграф, матбуот ва хатто микдори муайяни горд ва жандарм ва рохи охан (800 м) мебошад. Ватикон дар созмонхои чахони ва мамолики Амрико намояндаги ва сафоратхонахо дорад. Аз чумла, дар СММ ва Юнеско нозирон дорад. Сарвари ин давлати кучак Папа буда, барои якумр интихоб мешавад.

[1]      Чон Нос, Таърихи чомеъаи адён. С. 410.

– Хавори (- апостол) – шогирдони Эсои Масех

[2]      Чон Нос. Таърихи чомеъаи адён.- С. 426.

[3]      Ин аввалин фиркаи навпо(- бидъат)-и насрони буд, ки дар Искандария ба вучуд омада, онхо мункири азалияти Масех шуданд, Масехро танхо одами мукаддас ва писархондаи Худо мешумориданд.

[4]    Пайравони ускуф бо номи Аполлинариус буда, муътакиданд, ки башарияти Эсо зохири ва гайри хакики аст.

[5]    Пайравони ускуфи константиния бо номи Настуриус, буда чанбаи башари ва илохии Масехро аз хам чудо медонанд.

[6]      Инхо пайрави ускуф Яъкуб, буда барои Эсо факат як чанбаи илохи коил буданд ва чанбаи башарии уро махвшуда дар чанбаи илохи медонистанд

[7]      Инхо фиркае буданд, ки Эсоро дорои ду чанба, вале як ирода медонистанд.

[8]    Ин фирка дар карни хафтум ва хаштум бар мукобили кашидан ва дар калисохо гузоштани тасвирхо ва мучассамахои дини буданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222