Главная / Илм / ТАШАККУЛИ ФАЛСАФАИ НОБ ДАР ОЛАМИ ИСЛОМ

ТАШАККУЛИ ФАЛСАФАИ НОБ ДАР ОЛАМИ ИСЛОМ

Файласуфони исломи хадди акал ба се даста таксим мешаванд: файласуфони машшоъ \ перипатетикхо\ ва файласуфони ишроки ва ахли хаюло. Сардафтари фалосифаи машшоия Абуюсуф Яъкуб ибни Исхок ал-Кинди (ваф.261 х.к.)ва барчастатарин симои он Шайхурраис Абуали Ибн Син(980-1037) ва сардафтари фалсафаи ишрок Шайх Шахобуддин Сухраварди ва намояндагони мактаби хаюло Рованди ва Эроншахри ба шумор мераванд.

Дар чахони ислом ба гайр аз ин се равиш боз се равиши дигарро низ ба фалсафа нисбат медиханд, ки бо номи равишхои ирфони ва каломи ва исмоили маъруфанд, ки каблан дар фаслхои пешин аз онхо сухан гуфтем. Хулоса дар олами ислом ба гайр аз мактабхои фалсафию дини мактабхои холису соф фалсафи низ ба вучуд омаданд ва дар пешрафти фалсафа накши босазое гузоштаанд.[1]

Пайравони мактабхои фалсафи дар каламрави мамолики исломи хадди акал ба чахор даста таксим мешаванд: файласуфони машшои Перипатетикхо\ ва мактаби моддиву илходии «ахли хаюло» фалсафи завкию ирфонии «ишрок» ва хикма ти мута ъолия.

Ахли хаюло (ё фалсафаи дахрия) аз онхое будаанд, ки равиши моддагарои ва илходи (инкори таълимоти дини) доштаанд ва пайравони он Абухаёни Тавхиди, Ибни Рованди (816/20-997/99) Абубакри Рози (865­925) аз зумраи озодандешони замони худ будаанд.[2]

[1]    Мо дар ин китоб барои пешгири аз такрор ва сарфачуи дар хачми китоб аз тафсили орову афкори файласуфони машшои ва дигар мактабхои соф фалсафи асрхои миёнаи олами ислом худдори намуда, хонандагони гиромиро тавсия ва хидоят мекунем, ки дар ин маврид ба тахкики нисбатан муфассалу мукаммали Мусо Диноршоев дар китоби ёдшудаи «Очеркхои таърихи фалсафа» ва китоби «Фалсафа» кисми 1 мурочиат кунанд.

[2]    Муфассал ниг.:М.Диноршоев., Фалсафаи замони феодализм. //дар китоби «Очеркхои таърихи фалсафа. Душанбе: Дониш. 1982. С.29-36.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222