Главная / Илм / ТАШКИЛЁБИИ ХИЗБИ КОММУНИСТИИ ТОЧИКИСТОН

ТАШКИЛЁБИИ ХИЗБИ КОММУНИСТИИ ТОЧИКИСТОН

Солхои 20-уми асри ХХ дар Точикистон ташкилоти хизби ва созмонхои чамъияти ба фаъолият сар карданд. Хануз инкилоби солхои 1905-1907 аввалин гурухдои сотсиал – демократи дар нохияхои шимолии Точикистон ташкил ёфта буданд. Барои ташкил ёфтании хибхои комунисти ин гурухдо замина гузоштанд. Дар натичаи муттахид гаштани гуруххои сиёси ташкилоти нахустини болшевики дар охири соли 1917 дар нохияхои Шимолии Точикистон пайдо шудаанд, ки он вакт 7- ташкилоти хизби 170-коммунистро муттахид мекард. Дар ин кор дар баробари болшевикони рус, Ч.Зокиров, Х.Усмонов ва дигар точин сахм гузоштанд. Соли 1921 комиссияи харби – сиёси, ки ба он М.Дияков ва Ш.Шотемур рохбари мекард, дар Помир ячейкаи хизбиро ташкил доданд. Баъди галабаи инкилоби Бухоро дар нохияхои Маркази ва Чанубии Точикистон аввалин ташкилотхои хизби ташкил ёфтанд. Аз болои тамоми ташкилотхои хизбии Точикистон КМ ВКП(б) рохбари мекард. 19-ми май соли 1922 органи намояндагони ваколатдори КМ ВКП(б) ташкил дода шуд, ки он то мохи октябри соли 1934 фаъолият кард.
Ба максади ташкил намудани ташкилоти хизби Ч,МШС Точикистон 6 декабри соли 1924 Бюрои Осиёи Миёнагии КМ ВКП(б) бюрои ташкилии ХК(б) Узбекистон дар Ч.МШС Точикистонро таъсис дод, ки ба он Ч.Имомов. М. Соколов, О.Окчурин, А.Алиев, Б.Додобоев, Ч.Зокиров, А.Путовский, В.Толпиго, Ш.Шотемур, А.Ёрмухаммадов дохил мешуданд.
Бюрои ташкили дар зарфи се сол фаъолияти худ корхои зиёди сиёси-иктисоди ва тарбиявиро ба анчом расонд барои даъват намудани конференсияи якуми вилоятии хизби Точикистон шароити фарохам овард.
24-27 октябри соли 1927 Конференсияи якуми хизбии вилояти Точикистон шуда гузашт ва Комитети хизбии вилоятии Точикистонро ба расмият даровард.
25-ноябри соли 1929 ташкилоти вилоятии хизб ба хизби коммунистии (большевикони) Точикистон табдил дода шуд.
Анчани якуми муассисони ХК(б) Точикистон ки аз 6 то 15 июни соли 1930 дар Душанбе кори худро давом дод, таъсис ёфтани хизби коммунистии Точикистонро аз чихати ташкили ба расмият даровард. Он вакт дар сафи хизб 5358 нафар коммунистон шомил буданд. Баъди Анчуман пленуми КМ барпо гардид, ки Д.Хусейнов котиби якум, Ш.Шотемур котиби дуюми КМ ХК (б) Точикистон интихоб гардиданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222