Главная / Илм / ТАШКИЛ ЁФТАНИ ЧУМХУРИИ ХУДМУХТОРИ ШУРАВИИ ТОЧИКИСТОН

ТАШКИЛ ЁФТАНИ ЧУМХУРИИ ХУДМУХТОРИ ШУРАВИИ ТОЧИКИСТОН

Комиссияи таксимот кори худро мохи сентябри соли 1924 ба итмом расонда, хисоботи худро ба Бюрои Осиёи Миёнагии КМ РКП(б) супорид. Аз 15-16 сентябри соли 1924 барои барраси намудани масъалаи милли – худуди сессияи фавкулоддаи КИМ Туркистон даъват карда шуд. 19 сентябри соли 1924 масъалаи таксимоти милли- маъмуриро анчумани V-уми Бухорои дида баромад. Дар як вакт комиссия дар рохи муайян намудани сархади байни чумхурихо кори худро идома дод. Комиссияи Точикистони дар хайати И.Имомов, Хочирахматуллоев ва А. Хочаев дар чаласаи худ 1 октябри соли 1924 пешниход карданд, ки аз Чумхурии Бухоро ба Точикистон вилояти Сариосиё ва аз вилояти Самарканд – нохияи Панчакент, Киштут, Фароб, Ургут, Уротеппа, Шахристон, Гончи дода шавад.
Аз вилояти Фаргона, Конибодом, Исфара, Сох ва волостхои дигар бояд мегузаштанд. Дар рафти мухокима А.Хочибоев изхор намуд, ки дар шароити хозира ба Точикистон хамрох кардани точини Фарона ба максад мувофик нест, зеро дар Бухорои Шарки, ки кисми асосии Точикистон мешавад, корхои зиёдро ба сомон расондан лозим меояд.
А. Хочибоев бо ин акидааш ба душманони миллат лукма партофт. Дар оянда кисми асосии сарзамини точикнишин аз Точикистон берун монд.
Мувофики карори комиссияи маъмури – милли дар заминаи чумхурихои халкии Бухоро ва Хева, Чумхурии Мухтори Туркистон ду Чумхурии этникии Туркманистон ва Узбекистон ва аз хисоби точикони Мастчох ва нохияхои Бухорои Шарки вилояти автономии (Мухтори) Точикистон дар хайати Узбекистон дар назар дошта шуд.
11-октябри соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ВКП масъалаи таксимоти маъмуриро барраси намуда карор дод, ки Точикистон хамчун вилояти Автономи не, балки Чумхурии автономии дар хайати Узбекистон ташкил карда шавад.
14 октябри соли 1924 ичлосияи II КИМ Умумииттифоки карори КИМ ЧХШС Туркистонро мухокима намуда, ба халки точик хукук дод, ки Чумхурии Мухтори Шурави Сосиалистии худро ташкил дихад.
26 октябри соли 1924 Пленуми КМРКП (б) масъалаи Милли- маъмурии Осиёи Миёнаро барраси намуд. 27 октябри соли 1924 ичлосияи II КИМ умумииттифок карорхои сессияи КИМ – Туркистон ва Анчани V советхои Бухоро дар бораи таксимоти милли – маъмурии Осиёи Миёнаро тасдик намуд. Дар асоси карори КИМ ЧШС дар Осиёи Миёна ЧШС Узбекистон, Туркманистон ва дар хайати Узбекистон Ч,МШС Точикистон, вилояти худмухтори Карокалпокистон, Ч.МШС Каокистон таъсис дода шуданд.
Ба хайати 4,умхурии Мухтори сотсиалистии Точикистон вилоятхои Душанбе, Кургонтеппа, Кулоб, Панчакент, Уротеппа, Гарм, Хисор дохил шуданд. Ахолии Точикистон мувофики маълумоти ба руйхатгирии соли 1924, 782 328 нафар, аз чумла точин 553 935 нафар, узбекон -139813 нафар ва миллатхои дигар 88590 нафар ташкил медоданд. Масохати чумхури 135,6 хазор километри квадратиро ташкил дод. 2 январи соли 1925 Вилояти Мухтори Бадахшони кухи ба хайати Точикистон хамрох карда шуд.
Хамин тавр кисмати зиёди мавзехои точикнишин аз чумла марказхои тамаддуни точик, шахрхои Самарканд ва Бухоро аз чумхури берун монданд.
Бо карори КИМ Узбекистон хукумати инкилобии Точикистон 26 ноябри соли 1924 ташкил ёфт. Нусратулло Махсум-раиси хукумат, чонишини Раис Б.Додабоев, Р.Бобочонов ва аъзоёни хукумат А.Ёрмухамадов, С.М. Соколов, Ш.Шотемур дохил мешуданд. Пойтахти чумхури – Душанбе интихоб карда шуд.
Таърихи ташаккул ва инкишофи давлати точикон дар давраи Шурави ба чор мархила таксим карда мешавад:
⦁ Аз ибтидои инкилоби Октябр то ташкил ёфтани Ч.МШС Точикистон (1917-1924);
⦁ Аз давраи ташкил ёфтани Ч.МШС Точикистон то ташкил ёфтани ЧШС Тикистон (солхои 1924-1929);
⦁ Аз давраи ташкилёбии ЧШС Точикистон то сохибистиклол гардидани Чумхурии Точикистон (солхои 1929-1991);
⦁ Аз соли 1991 то давраи муосир, истиклолияти Чумхурии Точикистон.
Ба тамоми махдудиятхо ва норасогихо нигох накарда таксимоти милли – марказии Осиёи Миёна дар хаёти сиёсии халки точик дигаргунии куллиро ба вучуд овард. Точикон пас аз хазор соли пароканда шудани давлати Сомониён тавонистанд, ки сохиби давлат шуда, номи точикро аз нав эхё кунанд.
Таксимоти милли-марзи ихтилофхои миллиро аз байн бурда, барои рушду инкишофи иктисодиёт, фарханг ва бунёди давлати милли замина гузошт.
Дар баробари ин дар гузаронидани таксимоти милли- худуди ба камбудихои чидди рох дода шуданд. Бо сабабхои гуногун ахоли аз рафти ин вокеахо огох нашуданд. Паст будани сатхи маданияти сиёсати шахрвандон, камшумор будани шумораи зиёиён, фаъолияти сусти ташкилотхои хизби ба таксимот таъсири манфи расонданд. Амалиёти пантуркистон ва он гурухе, ки ба онхо тарафдори мекарданд ба манфиатхои миллии халки точик зарари калон расонд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222