Чуноне, ки пештар кайд карда шуд, ташаккул ва инкишофи давлати точин дар асри ХХ чор давраи таърихиро дар бар мегирад. Давраи чоруми он аз кабули конуни дар бораи сохибистиклолии чумхури, аз соли 1991 сар мешавад.
Дар ибтидои солхои 90-ум Иттиходи Шурави имконияти идора намудани чумхурихои иттифокиро аз даст дод. Бинобар ин собик чумхурихои иттифоки паси хам сохибистиклолии худро эълон намуда, роххои гуногуни инкишофи мустакилонаро пеш гирифтанд. Дар баробари онхо 4,умхурии Точикистон низ дар ичлосияи II-уми Шурои Оли «Декларатс ия дар бораи сохибистиклолии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикисон»-ро кабул намуд. 9- сентябри соли 1991 дар ичлосияи айринавбатии Шурои Оли ба ин декларатсия таироту иловахо дохил карда шуда, «Эъломия дар бораи давлати мустакили Чумхурии Точикистон» кабул карда шуд.
Мустакилият барои Точикистон дар шароите насиб гардид, ки чумхури ба он омода набуд. Мутахассисони харби, сиёсатшиносони варзида ва дипломатхои сохибмаълумот надоштем. Сохибихтиёрии мо дар натичаи муборизаи халкхои дигар, аз чумла халкхои назди Балтика, Озарихо, Гурчихо, Украинхо барои истиклолият ба даст дароварда шуд.
Халки точик дар шароити ба даст даровардани озоди дорои умумияти ичтимои чун марз набуд. Кисмхои гуногуни марзи точикон дар таърихи баъди давлатдории Сомониён чузъи давлатхои бегона (Аморати Бухоро, хонигарии Куканд, Руссия, Афонистон) буд. Аз сабаби чунин парокандагии миёни точикон хеч гуна умумияти иктисоди ва этники ва манфиатхои умумии марзи ба миён намомада буд. Дар Точикистон инчунин хаёти ягонаи иктисоди набуд. Минтакахои чудогонаи Точикистон дар фасли зимистон бо хам алока надоштанд. Тарзи зисту зиндагонии навохихои чудогонаи Точикистон (нохияхои кистон аз хамворихои чумхури) аз якдигар фарк мекард. Бесабаб нест, ки чанги шахрванди дар Точикистон шакли муборизаи кавмхои махали гирифт. Дар замони Шурави ашрофон, амалдорони хар минтака барои хукмрони дар чумхури мубориза мебурданд. Сабаби дар сатхи пасти таравдиёт карор доштани Точикистон барои сар задани чанги шахрванди омили асоси буд. Кашшоки, бекори ва набудани дурнамое барои бехбудии вазъият, ба окибатхои вазнин оварда расонад.
Дар рафти чанги шахрванди ба гурухи очизи бунёдгарон шахсоне хамрох шуданд, ки гояхои козиёт барояшон тамоман ахамият надошт.
Сабабгори чанг онхое буданд, ки орзуи хукмрон шудан орзу доштанд.
Ба онхо мутаасибоне, ки дар тамоми мамолики мусулмони мавчуданд, хамрох шуданд ва ба хулосае омаданд, ки замони хукмронии онхо фаро расид. Акнун бояд аз руи шариат зиндаги огоз намуд.
Дар ин чараён тамоми мухолифони сохти коммунисти муттахид шуданд, гарчанд онхо баъди галаба максаду тасаввуроти мухталиф доштанд. Онхоро факат як чиз вайрон кардани сохти чамъияти сотсиалисти муттахид намуд.
Таъсири бевоситаи Узбекистон, Эрон, Покистон, Арабистони Сауди ва Афгонистон низ ба чанги дохилии Точикистон хеле зиёд буд.
Мавчуд будани бокимондахои кавми-авлоди барои ба чанг кашидани минтакахои гуногуни Точикистон сабаб гардид.
Тамоми ин омилхо сабаб шуданд, ки Чумхурии
Точикистон нисбати дигар чумхурихо фарк кунад.
Албатта барои сар шудани чанги шахрванди дар Точикистон ба гайр аз омилхои дар боло нишон дода шуда, инчунин, мавкеи чугрофи – стратеги, геополитики давлатхои хоричи низ сабаб шуд.
Фаркияти чанги дохилии Точикистон боз дар он буд, ки чанг ба доираи худ точикони минтакаи кухистони чумхуриро кашид.
Дар натичаи кушишхои зиёди хукумат, ташкилот ва созмонхои байналмилали, давлатхои кафил, акли солим боло гирифт ва сулх дар чумхури баркарор карда шуд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …