Главная / Илм / ТАШКИЛОТ ВА СОЗМОНХОИ ДИГАРИ ЧАМЪИЯТИЮ СИЁСИИ ТОЧИКИСТОН

ТАШКИЛОТ ВА СОЗМОНХОИ ДИГАРИ ЧАМЪИЯТИЮ СИЁСИИ ТОЧИКИСТОН

Дар баробари барпо шудани Хокимияти Шурави, хизби коммунисти дар байни чавонон корхои тарбияви ва чорабинихои муфид мегузаронд. Барои пеш бурдани корхои тарбияви созмонхои чавонон ташкил ёфтанд. Дар Точикистон бори аввал соли 1918 ячейкахои комсомоли дар нохияхои Шимоли ва баъди алабаи инкилоби Бухоро дар марказ ва чануби Точикистон низ ташкил ёфтанд. Дар Помир бори аввал соли 1923 дар Хоруг ва дехаи Поршнев ташкилотхои комсомоли таъсис ёфтанд.
Аввалин комсомолон Ч.Зокиров, Ш.Хочаев, К.Баракаев, А.Салимзода, А.Хайдаров,М.Тошмухам мадов, М.Хочибоев, Б.Хамдамов дар ташкили созмони комсомолии Точикистон сахм гузоштанд.
Мохи декабри соли 1925 дар Душанбе конфернсияи якуми комсомолии Точикистон барпо гардид, ки ин руз хамчун рузи ташкилёбии комсомолии чумхури хисоб мешавад. Хамон сол 48 созмонхои (ячейкахои) комсомоли 1288 нафар комсомолонро муттахид менамуд.
Мохи ноябри соли 1930 Анчумани якуми комсомолони Точикистон даъват карда шуд, ки дар он комитети Иттифоки Ленинии Коммунистии чавонон таъсис ёфт.
Комсомолии Точикистон дар шароити махсус ташкил ёфт. Дар чумхури пеш аз инкилоб муносибатхои иктисодии то капиталисти хукмрон буда, синфи коргар вучуд надошт. Аксари чавонон бесавод буданд. Барои хамин дар сафхои комсомол чавонони дехот бартари доштанд. Дар Точикистон ячейкахои махсуси комсомолии духтарон ташкил карда шуданд. Таърихи комсомолии Точикистон ба таърихи чумхур алокаманд аст. Комсомол дар баркарор ва мустахкам намудани Хокимияти Шурави, тарбияи маънавии чавонон, бунёди иктисодиёт сахми калон гузошт.
Дар солхои 20-30 50% муаллимони чумхуриро
комсомолон ташкил медоданд. Комсомолон дар саноаткунони ва сохтмони колхози фаъолона иштирок намуданд.
Дар солхои 20-уми созмонхои дигари наврасон ташкил ёфтанд. Бо карори конференсияи 2-уми Умумииттифокии РКСМ мохи майи соли 1922 дар бораи созмон додани ташкилоти пионери карор кабул карда шуд. Дар Точикистон аввалин отряди пионери соли 1923 дар шахри Хучанд ташкил ёфта буд. Бо карори конференсияи якуми ЛКСМ дар Точикистон, мохи октябри соли 1925 ташкилоти пионери таъсис дода шуд.
Дар солхои 20 як катор ташкилотхои оммави аз кабили Куи иттифоки касаба ташкил ёфтанд. Иттифоки Кушчи такягохи асоси давлат дар кишлок ба хисоб мерафт. Гап дар сари он буд, ки баъди хотима ёфтани чанги шахрванди масъалаи харчи тезтар фош ва безарар гардонидани куввахои зидди Шурави бисёр мухим буд. Дар чунин мархила муттахид намудани камбаалон ва ба сохтмони хаёти нав чалб намудани онхо дар мадди аввал меистод. Барои хамин «Куи» чун ташкилоти чамъияти-сиёси ба оммаи сокинони дехот маълум ва наздик буд. Соли 1927 ойинномаи «Кушчи» кабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки вазифаи асосии ин ташкилоти чамъияти-сиёси аз он иборат аст, ки итифоки байни синфи коргар ва дехдононро мустахкам намуда, дехдонони миёнахолро ба сохтмони хаёти нав чалб намояд. Баъдтар иттифоки «Куи» ба иттифоки «Чуфтгарон» табдил дода шуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222