Дар атрофи таълимоти Буддо акидахо гуногунанд: як гурух донишмандон онро фалсафаи соф, дигарон навъи дини баркамол мехисобанд. Вайро саволхои « Ки оламро офарид?», «Хасти аз кучо ва кай ба вучуд омад?» чалб намекунад. Вазифаи у нишон додани рохи начот аст. У дар як мавъизахояш масале овардааст, ки дар он гуфта мешавад : « шахсе ки тир ба бадани у фуру рафта, на ба бахси сабаби тир хурдан, балки ба чи гуна берун кашидани тир эхтиёч дорад.»[1]
Буддо усули мазхаби худро дар суханронии маъруф бо «Мавъизаи боги газолон» баён кардааст, ки чунин аст: «Дар тамоми ашёро ду хадд(-и ифрот) аст, марди солик бояд аз хар ду хадди ифрот бипархезад. Масалан, зиндагонии саросар айшу нуш ва шахватрони нописанду зишту фурумоя аст, хамчунин зиндагонии саросар факру ранчу риёзат, пур аз сахтиву захмат низ номатлуб ва бехуда мебошад.
Аз ин ру, марди солик ва толиби хакикат (тамогата) аз ин ду сархад (ифроту тафрит) бояд канорачуи кунад ва нуктаи мобайниро, ки адолати хакики аст, ба даст оварад, ки дар он нукта нури маърифат тобиш мекунад ва гавхари илм ва саъодат ва осоишу иштиёк дар он чост ва нихоят нирвона аз он нукта хосил мешавад.» Буддо масъули вазъияту холати хар шахсро худи у медонад. «Вучуди кунунии хар фард натичаи аъмоли уст.» [2]
Бовари ба рукни дуввум -дхарма ба пояи шинохти чахон хакикат ва хашт усули амал устувор аст. Ва он чахор хакика т иборатанд:
- Даккха-яъне зиндагимусибатуранч аст; [3] таввалуд-ранчу азобаст, касали- ранчу азоб аст, марг-азоб аст;
- Самудая– яъне сабабиранчу мусибатхо- хостхо-шахватхост;
- Ниродха-яънерохиначот, хомушкарданихостхова оташишахватхост;
- Марга(ёмагга)-яънерохи хомушва пахшкардан -ислохва тазкияинафсаст[4]
Дар таълимоти Буддо макоми намоёнро акида дар бораи «Нирвона» ташкил мекунад. Тибки акидаи Буддо хар фардеро, ки ба нирвона расидааст, дигар эхтиёч ба «карма» нест. Нирвона холати оромише хаст, ки пас аз галаба бар нафс ба одами даст медихад Дар буддизм холати болотар аз нирвона низ вучуд дорад, ки онро «Кара Нирвона» номанд. Ин холат факат баъд аз марг ба даст меояд. «Нирвона» куштани хамагуна хохиш, чи нагзу, чи бад нест.
Аз руи маънии хакикии нирвона фуру нишонидани шахват, нафрат ва чахолат аст. Нирвона камолталаби аст, на фаночуи. Нирвона рахои ёфтан аз шарри фардият ва аноният ва пайвастан ба кулл, бозгашт ба чараёни мулоими руди хасти аст. Нирвона нопадид шудани нури шамъ дар баробари нури хуршед аст.[5] Нирвона ин хомуш гардидани хостхои дуругин , на хама гуна нестиву фаност.[6]
Ин хама дар натичаи пайрави аз хашт усули амал, ки асоси таълимоти ахлокии буддоия хаст муяссар мешавад. Таълимоти ахлокиву маънавии буддоия. Тарикати Буддо рохи мобайни аст, вай аз ифроту тафритхои хар ду тараф, онхое, ки сад дар сад побанди майлу шахватанд ва онхое, ки мехоханд хамагуна майлу хохишхои табии инсонро нест кунанд, канорачуи кардааст. Ин рохи мобайни-рохи начот ва тазкияи нафсро рохи ориёни номидаанд, ки ибтидои онро Зардушт бар се зинаи камоли ахлоки гузошта ва Буддо онро то хашт зина тавсиъа бахшидааст:
- пиндори нек
- гуфтори нек
- рафтори нек
- мучодилаи нек
- нигохи нек
- тааккули нек
- касбу кори нек
- идроки нек
Мухимтарин шарти тахзибу тазкияи нафс, расидан ба саодат, пок сохтани замири ботин аз афкори бад мебошад. Ин нуктаро, ки пеш аз Буддо Зардушт матрах карда аст, вокеан усулитарин аслпояи тазкияи нафс, ибтидо ва сарчашмаи покии шуури ахлокии инсон аст. Начот танхо дар чахони дарун аст. Начот танхо аз тарики тагйири равиши афкор аст. Фикру андеша асоси хастии маънавии одамист. Ба кавли Мавлоно Чалолиддини Руми:
«Эй бародар, ту хамин андешаи»
Буддо барои рахои аз афкори баду нопок панч дастур додааст:
- афкори покро чойгузини афкори нопок кун;
- мардона ба афкоринопокру ба рушав ва онхоро нопок, зиёновар ва хузнангез, чунон ки хаст, хамон тавр бишнос;
- афкори нопокро аз худ дур кун;
- афкори нопокро мавриди тахлилу тачзия карор дех ва таркиби онро бишнос;
- бо тамоми кудрат бо афкори нопок мубориза намо, онро нобуд соз.
Хар гох инсоният тавонист ба афкору пиндори бад пируз шавад ва фикру зикр, пиндору афкори некро чойгузини пиндору афкори бад карор дихад, заминаи ахлоку рафтори бад, ангезаи зиштихо аз байн меравад.
[1] Эррикер К. Буддизм/ Пер.с анг. Л.Бесковой.-М.: ФАИР-ПРЕСС, Информпресс, 1999._ С. 16.
[2] Джавохирлал Неру, Открытие Индии, к.1, М: Политиздат 1989.- С.198.
[3] Ба ёд оред рубоии зерини Умари Хайёмро:
Олам хама мехнат асту аёми гам аст,
Гардун хама офат асту гети ситам аст.
Филчумла чу дар кори чахон менигарам,
Осуда касе нест ва гар хаст кам аст.
[4] Мехрдоди Мехрин, Фалсафаи Шарк. С. 92.
[5] Джавахарлал Неру. Открытие Индии. Кни.1.-С.199
[6] Мухаммад Р. Фалсафа аз огози таърих.- С.37-38