Главная / Илм / ТАЪЛИМОТИ АХЛОКИИ МАСЕХИ

ТАЪЛИМОТИ АХЛОКИИ МАСЕХИ

Агар фаразан, соф чихати худошиноси ва дигар масъалахои динию мазхабиро истисно кунем, барчастатарин ва мухимтарин чихати талимоти масехи ахлокиёт ва маънавиёти он аст. Асли таълимоти ахлокии у мухаббат ба инсон ва мукобилият накардан ба зулму хушунат мебошад. Асоси фалсафии таълими ахлокии масехият галаба бар адоватухушунат аз тарики мухаббат аст.

isoi-masehЯке аз мухимтарин боби Инчил аз ин нуктаи назар «Мавъизаи болои кух» мебошад. Инак иктибосро аз он чихати шиносои меорем:

  1. «Шунидаед, ки гуфта шудааст: «Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне».
  2. Лекин ман ба ту мегуям: ба бади мукобилият макун. Балки, агар касе бар рухсораи рости ту торсаки занад, дигарашро низ ба у бигардон:.
  3. Ва агар касе ба ту даъво карда куртаатро гирифтани шавад, чомаи худро низ ба у бидех.
  4. Ва хар ки туро ба тай кардани як фарсанг рох мачбур кунад, хамрохи у ду фарсанг бирав.
  5. Ба касе ки аз ту металабад, бидех ва касе, ки мехохад аз ту карз гирад, ру нагардон.
  6. Лекин ман ба шумо мегуям: «душмани худро дуст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихохед, ба нафраткунандагони худ неки кунед ва барои озордихандагону таъкибкунандагони худ дуо гуед.
  7. То ки фарзанди Падари худ, ки дар осмон аст, гардед, зеро у офтоби худро бар бадону некон тулуъ мекунад ва борон бар одилону золимон меборонад. (Матто 5: 38-45).

Хаким Фирдавси баъзе нукоти болоро аз забони кайсари Рум чунин ба риштаи назм кашидааст:

« Набини , ки Эсои Марям чи гуфт, Бад-он гах, ки бикшод роз аз нухуфт? Ки пироханат гар ситонад касе, Маёвез бо у ба тунди басе, В-агар барзанад каф ба рухсори ту, Шавад тира з-он захм дидори ту. Маёвар ту хашму макун руй зард, Бихобон ту чашмумагуэчсард…

(Шохнома. Ч.9. -С.127) Чунин аст кисмате аз шартхои инсони комил будан дар дини насрони.

Дар давраи нав ахлоки насрони аз тарафи бисёре аз мутафаккирони гарби, аз чумла аз тарафи Ф.Ницше ва К.Маркс хеле сахт мавриди интикод карор мегирад.

Ницше ахлоки насрониро ахлоки заъифону нотавонон ва гуломон номидааст.

К.Маркс бошад насрониятро бо он айбдор мекунад, ки усули ичтимои ё (ахлокиёт)и он буздили, нафрат ба худи худ, худтахкиркуни, ба такдир тан додан, хулоса хама разолатро… ситоиш мекунад.[1]

Аммо дар вокеъ, бояд гуфт, ки ахлоки эсави як инкилоби куллие дар шуури ахлокии инсоният буд. Дустони худро дуст доштан,бадиро бо бади чавоб додан аксуламали табии аст, хеч шахомату аз худгузаштаги талаб намекунанд, вале дар мукобили душмани бо дусти, бо мухаббат, бо мудоро, дар мукобили бади бо неки чавоб гуфтан шахомату кахрамонист ва барчастатарин сатхи маънавияти инсон аст. Идеалу ормони волое, ки дар ин хикматхои пурарзиши « мавъизаи болои кух» нихон аст, инсониятро ба мадори нави арзёбии ахлоки ва муносибати байни хамдигарии инсонхо бардошт. Агар инсоният акаллан, ба хадди васати ин шуури ахлоки хам ки расад, ба пояхои баланди маънавияту одамият ноил шудааст.[2]

[1]   Ниг: Ф. Ницще. Антихристианин (опыт критики христианства), ва К. Маркс и Ф. Энгельс, Соч, т. и. Сах. 204­205.

[2]     Шоир гуфтааст: Осоиши ду гети тафсири ин ду харф аст,

Бо дустон муруват, бо душманон мудоро.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222