Главная / Гуногун / ТАЪЛИМОТИ МАЗДАК

ТАЪЛИМОТИ МАЗДАК

Мони таълим медод, ки чахон натичаи асорати нур /равон/ дар зиндони зулмат /модда/ ба вучуд омада ва зулмат боиси ин омезиш шудааст. Ин ба акидаи Зардушт, ки нурро омили пайдоиши олам медонист, зиддият дошт. Ва бахс хам руи он буд, ки оё чунин омезиш имконпазир аст?

Маздак, дар ин бахс бар акси Мони, далел пеш меоварад, ки зулмат на хуш дорад ва на ирода, кодир нест дар каламрави нур рахна кунад. Бояд якин кард, ки нур бар зулмат рахна карда.

mazdakЧун зиндагии дунёви аксаран нопок ва гайри рухони аст ва чанбаи нурони /маънави/-и одами заъифтар аз чанбаи зулмони /модди/-и у мебошад. Бинобар ин Маздак фарз карда, ки зиндагии дунёви усулан зулмони аст ва омезиш бо нур, он чунон ки Мони мепиндорад, ихтиёри набудааст. Нуре, ки дар зулмат махбус аст, аз хуш ва ирода бархурдор аст. Бинобар ин у бояд ба вазъу холати гайри табиии худ пай бурда , саъй кунад, то худро озод намуда, ба асли худ бипайвандад.

Хулоса:

  • Мони нурро бе ирода ва гайри фаъол мешуморид, вале акидаи Маздак дар ин масъала ба кулли дигар аст. Тибки таълимоти Маздак баръакс нур огох, вале зулмат кур, харакати нур ироди ва харакати зулмат гайри ироди аст. Аз ин ру, галабаи нур зарури ва катъи ва пирузии зулмат тасодуфи ва муваккати аст.
  • Маздак омезиши нур ва зулмат ва пайдоиши чахони моддиро дар асоси ин мукаддима тасодуфи мешуморад ва ин бахамомезиро иборат аз се мархала медонад. Дар мархалаи аввал нур ва зулмат аз хам чудо ва мустакил буданд, мархалаи дуюм мархалаи ба хам омехтани унсурхои нуру зулмат ва нихоят, мархалаи сеюм, мархалаи чудошавии нур аз зулмат. Ба вукуъ пайвастани ин кор хатмист ва тахаккуки он аз рохи мусоидату ёрии мардум ба нур ва набарду мубориза бо нерухои зулмони муяссар аст.
  • Вазифаи одами он аст, ки нур- рушноиро аз чанги зулмот-торики бирахонад ва бо ин ба мархалаи тасодуфии омезиш хотима дихад ва нурро бар маснади кудрат ва исолати худ бинишонад.
  • Асоси таълимоти динии маздакия ба равшани дугарои аст. Офаридгори олам, дар Маздакия аз огоз ду асл аст. Яздон, ки нур аст, офаридгори хайр ва Ахриман, ки он зулмат аст, офаридгори шар.

Тамоми сифат, хулку хуй ва мавчудоти хубу бади олам, тавассути ин ду асли аввалин офарида шудаанд. Аъмол ва хаводиси нек (хайр) дар асари ангезаи Яздон аст ва аъмолу хаводиси бад (шарир) дар асари ангезиши Ахриман. Масалан, оташе, ки сармозадаро гарм кунад, вазидани бод, ки харорати гарморо паст кунад ва об, ки ташнаро сероб кунад ва тамоми хайвоноту маъодини судманд ба инсон- хама офаридаи Яздонанд ва аммо сузондани оташ чонваронро ё масалан, сухтори чангал, куштани боди самум чондоронро, гарк гардидани кишти дар об ва хамчунин хайвону хазандаву хашароти муззир- офаридаи Ахриман мебошанд. Нихоят, эзид хаётро офарид, Ахриман марг /мамот/-ро ва г-ра.

Таълимоти у мисли таълимоти Мони бар пояи зухд ва порсои карор гирифтааст. Маздак пархезгори ва риёзат меомухт, хурдани гушт, куштани чондор, чангу хунрезиро манъ мекард.

Мухимтар аз хама дар таълимоти Маздак масъалаи ичтимоист.Мухаммад Икбол Маздакро «пайгамбари мардумгарой ва чомеъагаро \социалист\»[1] номидааст. Гояи адолати ичтимои ва баробари аз мухимтарин пояхои таълимоти ичтимоии Маздак мебошанд. У акида дошт, ки неъматхои моддиро Ахуромаздо ба хамаи мардум додааст, нобаробари аз он чо бархоста, ки касоне аз тарики зури ва чабр молхои дигаронро аз худ кардаанд.

Маздакия дар таълимолти худ, зиддиятхо ва нобаробарихои замони худро инъикос кардааст. Вай замоне зухур кард, ки шароити зиндагии мардум алалхусус табакаи захматкаши чомеаи сосони нихоят токатфарсо буд. Ин вазъият дар ахди салтанати шох Куббод \сал. аз с. 488-498\ боз хам бадтар мегардад. Аз чумла, дар замони шох Куббод кахтии бузурге ба Эронзамин руй оварда буд. Садхо нафар аз асари груснаги чон месупориданд, дар холе, ки заминдорон галлотро дар анборхои худ пинхон намуда буданд, то онро бо киммати гарон ба мардум бифрушанд. Хеч кас эътиное ба ранчу машаккати фукаро надошт. Ин аст, ки маздакия дар аввал хамчун таълимоти динию ахлоки зухур намуда, минбаъд ба шуришу исёни васеи фукаро табдил ёфт. Нахзати маздакия, аз с. 493м. то 524 м. идома дошт. Подшохи сосони Куббод дар аввал мачбур ба созиш кардан бо маздакиён шуд.

Яке аз хусусиятхои чомеаи сосони , иборат аз он буд, ки мукаррароте мисли сохтори каставии чомеа дар он хукмрон буд. Каста, яъне дар муносибатхои ичтимоии нобаробар, чудои, бастаги, яъне гайри кобили нуфуз аз яке табака ба табакаи дигар аст. Дар чунин сохтор инсонхо аз насл ба насл, то охири умр махкум ба як мухит ва вазъи ичтимои, хатто ба як шуглу мартабаи чамъияти буда, хакки гузаштан ба дигар табака, имкони доду гирифт, издивоч ва г-ро надоштанд.

Ин аст, ки аз густариши шуриши пайравони Маздак ашрофу рухониён ба харос омада, бо воситаи писари Куббод Хусрави Анушервон бо хиллае Маздакро бо тамоми сарварони чунбишаш ба дарбор даъват намуда, хамаи онхоро ба катл мерасонанд. Вале ин куштори Маздак ва сарони чунбиши маздакия натавонистааст ин дину чахонбини ва харакати сиёсиро билкул аз байн барад. Маздакия таъсири амике дар таърихи баъдии халкхои Осиёи Маркази ва Эрон гузоштааст.

Хамин ба тарики фочиави кушта шудани Мони, Маздак ва пайравони у гувохи медихад, ки дар чомеаи сосонии Эрони бостон озодии акида вучуд надоштааст, балки баръакс таассуби мазхабии сахти муъбадони зардушти дар Эрон хукмрон будааст. Ин чо таъкид бояд кард, ки дар Осиёи Маркази, ки чуъе аз Эрони Бузург буда, таърихан сарзамини ниёгони мост, баракси Эрони Чанубу Гарби озодии акида ва адён риоя мешуда, аз ин ру монавиён ва маздакиён аз Эрон фирор карда, дар ин чо панох меёфтаанд.

Дар охир, ногуфта намонад, ки махз хамин шароити ичтимоию сиёсии давраи сосони: вазъияти асафбори табакаи захматкаш, табъизоти ичтимоию мазхаби, ба дини ашрофу аъён табдил ёфтани зардуштия шикасти импературии шоханшохии Эронро дар мукобили хучуми низомии арабхо ва шикасти зардуштияро дар бархурд бо ислом таъмин кард.

Бо чунин вазъият дар Осиёи Маркази, дар сурати ба миён наомадани ислом, хатари интишори саросарии мазхаби настурии дини насрони ва дар кисмати чанубии Точикисто ва Афгонистон дини буддоия ва хамчунин имкони аз оташи зери хокистар аз нав аланга гирифтани шуришхои маздакия ва фуру рафтани касри шоханшохии Эрон якин буд.

Баъд аз баркарор гардидани дини ислом низ маздакиён ду се карн вучуд доштанд ва нахзатхои мардумии Осиёи Маркази алайхи хилофати арабро рахбари мекарданд. Нихоят дар хотима бояд гуфт, ки бо вучуди мукобилияти шадиди халкхои эрони, алалхусус, мардуми Мовароуннахру Хуросон чун усули акоиди ислом бо дини асосии халкхои эрони- зардуштияи ибтидои ва ормонхои маздакия хеле наздик ва метавон гуфт, содда ва ба шуури таърихии мазхабию динии мардуми эронзамин ошно буд, он дар ин сарзамин кабул ва мондагор гардид.[2] Аз ин ру, харчанд мардуми ин сарзамин баъд аз ду аср истиклоли милли ва эхёи фарханги ба даст оварданд, масъалаи баргашт ба дини кадимаи худро ба миён наоварданд.

[1]  Мухаммад Икболи Лохури. Сайри фалсафа дар Эрон.- С. 16.

[2]      Ниг. Ш. Абдуллозода. Ташаккули тамаддуни исломии точик дар ахди Сомониён.\\ Дар мач. Фалсафа дар ахди сомониён. Душанбе: Дониш, 1999.-С. 141. Ва хамчунин аз у дар Мач. Фархангу фарогат. Наш.1. Душанбе: 1999.- С.11-30.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222