Дар мавриди назарияи худошиносии динй Зардуштия то хануз ихтилофи акида чой дорад. Яке аз хатогихои маъруф, акида ба санави – дутопараст (дуалист) будани Зардушт ва зардуштия мебошад.
Дар хакикат таълимоти Зардушт факат аз назари ахлокиёт хусусияти санави– дугарои дошта, на дар худошиноси (-илохиёт). Худои зардушт якест ва он Ахуромаздо мебошад. Бояд гуфт, ки дар хамаи динхо, тамоми мазхабхо хуб дар мукобили бад, хайр дар мукобили шарр карор дорад. Хамон тавре, ки дар дини яхудия, масехият ва ислом мафхуми шайтон вучуд дорад, бидуни ин, ки санавияте вучуд дошта бошад, хамчунин дар дини зардуштия– маздяасно ахриман накши шайтонии худро бози мекунад,– бе ин, ки камтарин газанде ба Ахурамаздо бирасонад. Ахриман тараф бо инсон аст ба у метавонад зарар расона, аз рохи хакку рост бероха кунад, на ба Ахуромаздо.
Хулоса дине, ки Зардушт – пайгамбари эрони поя гузошт, як оини яктопарасти \ тавхиди\ буд. Вай худои дини худро «Ахурамаздо» яъне худои хаким лакаб дод.
Тавхиди будани дини зардуштияро хатто муаррихони дин аз мусалмонон пазируфтаанд. Аз чумла Шахристони менависад, ки яздон– «Бориут–таоло холики нур ва зулмат ва офаридгори онхост. Вай яктост, шарике, зидде ва хамтое надорад. Чоиз нест, ки вучуди торики-зулматро, чунон ки зарвониён мегуянд, ба у нисбат дихем. Аммо бадию неки, салоху фасод, покиву касофат, хамоно аз омезиши рушнои ва торики ба вучуд омадаанд, агар ин омезиш набуди, олам низ ба вучуд наомади.». Хам чунин овардааст, ки «Мегуяд: рушнои вучуди асли дорад, вучуди вай вучуди хакики аст, аммо вучуди торики\ вучуди хакикию вокеи нест\ мисоли он ба мисоли сояест , ки аз паси одам мегардад. Вай мавчуди хакики нест. Бо офаридани рушнои табъан зулмат хосил мешавад. Чунки таззод зарурати вучуд аст, на зарурат дар касди аввал.»[1]
Даъвати Зардушт ва дини у махдуд ба як кавм ё миллате нест, балки даъват ба хамаи инсоният аст. Ахурамаздо танхо худои мардуми ориёи ё эрони нест, балки худои оламиён аст ва рисолати Зардушт низ рисолати чахони аст.
Ахурамаздо иродаи худро ба хамрохи рухи мукаддас ва некуниход Спендтамаиню ( ё Спентамаину)[2] ба амал меоварад. Танхо дар хамин зина Анграмаиню бо Спентамаинию мукобил, таззод аст. Яъне санавият танхо дар сатхи олами мину- рухонию маънави аст. Дар Хоти 30: 3-4 омадааст: «Дар огоз он ду «мину»-и хамзод ва дар андешаву гуфтору кирдор \ яке\ нек ва \дигари\ бад , бо якдигар сухан гуфтанд.
Аз он ду некогахон ростиро баргузиданд, на дужогохон.
Онгох ки он ду «мину» ба хам расиданд, нахуст «зиндагй» ва «нозиндагй»- робунёд\ ниходандва чунин бошад ба поёнихастй:
« Бехтарин маниш», пайравони «аша»-ро ва «бадтарин зиндагй», хаводорони «дуруч»-ро хохад буд»33
Аммо Спентамаиню кирдугори илохии худро ба дастёрии арвоххои мукаддасе- Амшоспандон ичро мекунад.
Фаришташиноси- ангелологияи зардуштия. Намунаи тахаввул ва гузариш аз бисёрхудой ба якхудой ё худ аз ширк ба тавхид, дар мисоли динхои эронй, муносибати Ахурамаздо бо Амшоспандон шуда метавонад. Ин фариштагон, ки дар гузашта ( ва хатто пас аз Зардушт дар даврахои баъдй низ) аз чумлаи худоёни мардуми ориёй – эронй будаанд, хар яке дар Зардуштия номи хос ва масъулияти муайяне доранд. Амшаспандон иборатанд:
- «Вахумана» /Бахман/- фариштаи пиндор ва ниход /хирад/–и нек аст, ин нахустин тачаллии Ахуромаздо мебошад.
- «Ашо Вахишто» /Урдубихишт/ – фариштаи ростй ва адолат, бехтарин конун ва дуввумин тачаллй аз Ахуромаздост. Вай ба сурати моддй дар оташ ва нур (рушнои) чилвагар аст.
- «Хаштра-Варё /Шахривар/- иродаи илохй, неру ва кудрати илохист, ки тавассути он зиндагй тахаккук мепазирад.
-«Спента-Армайти» /Испандороз/- махзари шафкат ва лутф, фурутанй ва таслими комил дар баробари иродаи илохй, хамон чавхари моддй мебошад.
-«Хаурватат» Хурдод/ фариштаи расои ва комравои, мазхари тандурусти, камол, борварй.
–«Амератат» /Амрдод/, ба маънои бако ва човидони ва ё замони бепоён аст.
Дар баробари амшоспандон – ёрони Ахурамаздо Ахриман низ ёрони бадкирдоре бо номи «камогарон» дорад, ки ба мукобили куввахои неки саф оростаанд. Онхо низ шаш тананд: «Акмана», «Андро», «Саурва», «Нангхайся», «Таурва», «Заураш» ба тартиб сифатхои андешаи бад, дуругу риё, хашм, бухл-бахилй, факру гуруснагиро ифода мекунад.
Дар таълимоти Зардушт мо намунаи бостонии афкори фалсафию динии халкхии эронинажодро дорем. Ин чо Вахумана бехтарин хирад ё ба кавли фалосифаи ислом «хиради чахони» аст. «Ашо»[3] [4] -ростию назму тартиби маздои ва ё неру- энергияи зиндаги- «Рух ё Чони чахони» аст. Хаштраварё ё кудрати илохи, иродаи илохи аст, ки зарфи он Армайти ва ё худ моддаи аввалия, ки ба акли чахон ошкор гардидааст.
Ин чахор неру душ ба душ, бо хамоханги ба фаъолият мепардозанд то ба василаи Хаурвартот – макони бе поён ва Амератат—замони бепоён ба хадафи худ, ки тачалли аст, бирасанд.
Зардуштия яке аз аввалин динест, ки ба макоми пайгамбари диккати махсус додааст. Зардушт худро пайгамбари фиристодашуда–мурсал аз тарафи Ахурамаздо шиносои карда ва дар «Готхо» такид намуд, ки худованд уро маъмур сохта ва то бехтарин дин ва рохи ростро ба мардум нишон дихад.
«Хрн эй мардум!
Чун шумо худ рохи ростро натавонед дид ва баргузид, Маздоахуро маро довари хар ду гурух(маздопарастон ва девпарастон) барангехту ба суи шумо фиристод, то рохи ростро ба шумо бинамоям ва хама бо хам зиндагиро бар пояи дини ростин ба сар барем.
Маздоахуро худ маро мешиносад ва гувохи дурустии оини ман аст.» \ Ав.Яс.Хот.31:2\
[1] Шахристони, Ал -Милал ван-нихал. Ч.1.-С 237-.238
[2] Спендтамаину- дар Авасто- Гохон ба маънии мину (рухи)-и Маздо Ахуро -офаридгори чахон ва бартарин фирузаи уст; аммо дар Авастои нав тачассуми шахсиятёфта ва муродифи номи Ахуромаздо шудааст ва гохо ба чои он меояд.( вожаномаи Авасто: кухнатарин сурудахои эрониён, гузориш ва пажухиши Чалили Дустхох. С.1003.
[4] Аша- рости, хакк, хакикат, додгари, сомони офок,, конуни абадии офариниш, назму тартиби комил, назму тартиби маздои ва дигар таъбирхо низ кардаанд, вале таърифи комилу катъии онро хануз касе надодааст.