Главная / Илм / ТАЪРИХИ ДИН ХАМЧУН ИЛМ

ТАЪРИХИ ДИН ХАМЧУН ИЛМ

Таърихи дин яке аз кисмати илми диншиноси аст. Диншиноси аз чумлаи илмхои чомеашиноси ва фалсафию таърихи аст. Мавзуи бахси он на дин ва масоили фалсафию назари ва таърихи пайдоишу тахаввул ва такомули динхо мебошад. Объекти он на як дини хос балки тамоми динхое мебошад, ки инсоният дар таърихи худ доштааст ва шинохтааст.1

400px-faravahar-svgДиншиносии илми ( ё илми адён) хамчун илму фанни мустакилу алохидае, дар нимаи дуюми а.Х1Х ба катори илмхои чомеашиноси ворид гардид. То ин давра масоили диншиноси зимни бахси матолиби илмхои дигар, алалхусус таърих, фалсафа ва илохиёт[1] [2] мавриди бахсу барраси карор гирифта буданд.

Нахустин бор Макс Мюллер мафхуми ”илми адён” ва ”мутолиоти мукоисавии дин”-ро ба кор бурдааст. Таърихи динхо низ дар донишгоххо аз хамин давра (охири асри XIX ) огоз гардид. Нахустин кафедраи таълиму тахкики таърихи дин соли 1873 дар Женева таъсис гардид ва сипас чахор чунин кафедра соли 1876 дар Хуланд ва соли 1879 дар « Колеч де-Фронс» ва соли 1884 дар донишгохи озоди Брюксел ва соли 1885 бахши махсуси илмхои дини дар донишгохи « Сорбон» ташкил шуданд. Каме баъдтар дар соли 1910 кафедраи динхо дар донишгохи Берлин ва хамчунин дар Лейптсиг ва Бонн ба вучуд омад.

Аз хамин давра сар карда, хамзамон бо таълим ва тахкикоти илми кори табъу нашри китобу рисолахо ва мачаллоти сохаи диншиноси вусъат меёбад.

Дар охири асри XIX аввалин нашрияхои даврагию доимии диншиноси дар кишвархои аврупои ба вучуд омаданд. Аз чумла соли 1880 нашрияи « Баррасии таърихи адён» дар Пориж, соли 1898 нашрияи «Бойгонии* таърихи адён» дар Фрайбург ва соли 1905 нашрияи «Инсон», ки бештар ба омузиши динхои ибтидои машгул буд, дар Вена тавассути Вильгельм Шмидт таъсис шуд ва соли 1925 нашрияи «Мутолиот дар боби таърихи адён» тавассути Рафаэл Патазони ба нашр шуруъ намуд. Баъдан аз ибтидои асри XX то нимаи он дар донишгоххои аврупои ва амрикои нашрияхои зиёде дар баррасии таърихи адён ба вучуд омаданд.

Дар ин давра интишори манобеъ ва маъхазхо низ ру ба афзоиш менихад. Аз чумла «Доират-ул- маъорифи дин ва ахлок» ( дар 13 чилд, Эйденгбург, 1908-1923, виростаи Ч. Хастинг-.1.1 Ьышд); “Илохиёт ва таърихи адён” ( дар 5 чилд аз с.1909 то с.1913), “Таърихи адён” (виростаи А. Бертолет -(А.Вег1Ио1е1) солхои 1908, 1926) “Китоби дарсй дар боби таърихи адён” виростаи Е. Лахман (Е .ЕаЬтап) дар Лейптсиг с.1912) ва баъдан тавассути Е. Лахман ва Х. Хосс ( Н. Назз) китоби «Манобеъи таърихи адён назди муаллифони бузурги лотини» (Бонн с.1920) ва хамчунин тавассути Х. Хосс ва дигарон «Атласи адёни чахон» (Лейптсг с.1924) ва як катор адабиётхои илмию тадрисии дигар ба табъ расиданд.

Бояд гуфт, ки дар Россия низ, чи пеш аз инкилоб ва чи пас аз он, ба омузиши дин таваччухи хосе шудааст. Аз чумла осори диншиносон: С.А. Токарев,[3] [4] Л. С. Васильев,[5] И. А. Крывелев,[6] Угринович Д.М.[7]; исломшиносон: Бартольд В.В.[8], Крымский А.Е.[9] Петрушевский И.П[10]., .Г.Большаков[11] дар гани гардидани илми диншиноси ва исломшиноси сахми зиёд доранд. Алалхусус дар солхои охир китобхое зери тахрир ва таълифи И.Н. Яблоков,[12] Гараджи В.И.[13], А.А. Радугин[14] як катор китобхои дарсии диншиноси ба табъ расиданд, ки кадамхои тозае дар диншиносии муосир мебошанд.

Ногуфта намонад, ки мухакикони точик: М. Диноршоев, М. Хазраткулов, К. Олимов, А. Мухаммадхочаев, Х. Додхудоев, М. Султонов, И. Саидов ва муаллифи ин сатрхо дар омузиши таърих ва фалсафаи динхо, аз чумла дар омухтани масоили таърихи ва таълимоти ислом, равияву мактабхои фалсафаи он, корхои зиёде анчом дода, сахми арзандае гузоштанд.

Хамин тавр, чунон ки мулохиза мешавад, илми диншиноси зиёда ду сад сол аст, ки дар мактабу донишгоххо тадрис ва дар доирахои илмию тахкикоти бахсу барраси, табъу нашр ва интишор дода мешавад

Аммо, таърихи динхо (адён) -яке аз кисматхои асосии диншиноси мебошад, ки динхоро аз доираи мухити замони ва маконии пайдоиш ва тахаввул ва такомули таърихиашон тахкику барраси мекунад. Таърихи адён шароити таърихии пайдоиши динхои мухталиф ва тахаввул, яъне такомул ва тагйирёбии мунтазаму доимии гоявию акидави ва маросимии онхоро дар тамоми тули таърихи инсоният меомузад. Таърихи адён манзараи комилу яклухт, нимоиши пайдархами сахнахои пайдоиш, тахаввул ва такомули динхо ва хамзамон раванди рушди таърихии шуури динии инсоният аст.

Дониши хаматарафа аз таърихи динхо ва огахи аз хама адёни башар барои шинохти амики дин умуман ва дини худи мо ислом хосатан, хамчун як навъ падидаи маънавию ичтимои хеле зарур аст аст. Гузашта аз ин огахи ва шинохти асотир ва адён ба шинохти амик ва дурусти фарханги гузашта ва вазъияти фархангию равонии хозираи хар як миллат хатмист. Дар ин китоб муаллиф барои эчоди як манзара (панорама)-и комили таърихи адён кушиш намудааст, ки хадди акал оид ба тамоми адёни зинда ва аз байн рафта (солифа[15]) маълумот дихад.

1 Муфассал дар бораи илми диншиноси нигаред ба китоби ин чониб бо номи «Асосхои диншиноси». Душанбе: Дониш.2001

[2] илохиёт- илми дини- худошиносист

3 * бойгони- архив

[4] С.А. Токарев. Ранние формы религии. М.: 1990 ва хамчунин «Религии в истории народов мира»,

[5]  Л.С. Васильев. История религии Востока. Уч.пос. М.: 1983

[6] И.А. Крывелев. История религий. М.,1976, Т. 1-2.

[7] Д.М. Угринович. Введение в теоретическое религиоведение М., 1973 ва г-ра

[8]   В.В. Бартольд. Сочинения. Т. 6. М.1966.

[9]    А.Е. Крымский. История мусульманских народов. Ч.1- 2. М. 1902- 1903.(наш.2.- !912-1913)

[10] И.П. Петрушевский. Ислам в Иране в У11-ХУ веках.( курс лекций). Л., 1966.

[11] О.Г. Большаков. История халифата. К.1. Ислам в Аравии 570-633. М.,1989.

[12] Аз чумла: Основы Религиоведения.Учеб./ Ю.Ф. Борунков, И.Н. Яблоков, К.И.Никонов и др.; Под ред. И.Н. Яблокова.-2-е изд., М.:Высш.шк., 1998. ва И.Н. Яблоков. Религиовеление. Учеб.пос. и учебный словарь- минимум по религиоведению/ под ред проф. И.Н. Яблокова.-М.: Гардарика, 1995.

[13] Гараджа В.И. Религиоведение. М.,1995. ва хам у Социология религии.,1996.

[14] А.А. Радугин. Введение в религиоведение: теория, история и современные религии. Курс лекции .-М: Центр, 1999.

15 солифа- ар. аз байн рафта, гузашта

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222