Дар охири асри XVIII ибтидои асри XIX хамоно дар таърихи халки точик парокандагии сиёси давом мекард. Халки точик дар байни давлатхои феодалии Осиёи Миёна ва Афонистон таксим шуда, дар холати чудои ва парокандагии сиёси хаёти дахшатангез аз сар мегузаронад.
Точикон кисми асосии ахолии Афонистонро ташкил дода, дар Кобул, Чалолобод, Кухистон, Панчшер, Никру, Кунгра, Хост ва дигар шахру вилоятхо зиндаги мекарданд.
Дар давлатхои феодалии Осиёи Миёна (хонигарихои Бухоро ва Куканд) точикон ахолии асосии шахрхо ва вилоятхоро ташкил медоданд. Дар музофотхои кии хонигарихо низ танхо точин истикомат мекарданд.
Парокандагии сиёсии феодали, ки дар таърихи халки точик аз охири асри Х, аз давраи пароканда шудани давлати Сомониён сар шуда буд дар нимаи дуюми асри XVIII боз хам вусъат ёфт. Мухаммадрахимби кушиш менамуд, ки Хисор, Кубодиён, Панчакент ва Уротеппаро ба зери тасарруфи худ дарорад. Дар давраи салтанати амир Шохмурод (ибтидои асри XIX) низ чунин киш карда шуд. Вилоятхои Хисор ва Уротеппа муваккатан ба каламрави Бухоро дохил шуда, дар даврахои минбаъда майдони муборизаи байни Бухоро ва Куканд гардиданд.
Вакте ки мангитиён дар талоши хокимият ба муборизахои дохили банд буданд, шохи афон Ахмадшох (1747-1773) дар аввали нимаи асри XVIII (1750-1752) Балх, Адхой, Маймана, Ахча, Шибиргон, Кундузро, ки аксарияти ахолии ин вилоятхо точикон буданд, ба тасарруфи худ даровард. Баъдтар (1873-1895) Бадахшон хам дар тахти нуфузи сиёсии Афонистон карор гирифт.
Дар асри XIX кисми зиёди заминхои сохили чапи Аму, ки точин дар ин минтака бартарият доштанд, ба хайати давлати Афонистон дохил гардид.
Барои нохияхои Шимолии Точикистони имруза дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX байни Куканд ва Бухоро чангхои тулони мерафтанд. Дар нимаи якуми асри XIX районхои Конибодом, Исфара ва Ашт зери тасарруфи Куканд буда, барои ба даст даровардани Хучанд, Уротеппа ва Нов хонхои Бухоро ва Куканд муборизахои шадид мебурданд. Танхо дар муддати 50-60 соли охир Уротеппа зиёда аз 40 дафъа тохтутози амирону хонхоро аз сар гузаронид, 23 маротиба хокимонаш иваз шуданд.
Дар нимаи аввали асри XIX нохияхои Маркази, Чануби ва Шаркии Точикистони хозира мулкхои мустакил буда, аз тарафи хокимони чудогонаи феодали идора карда мешуданд. Вилоятхои саргахи дарёи Аму аз хокимияти Бухоро руй гардонида ба хокимгарихои мустакили Рушон, Шугнон ва Вахон таксим шуданд. Бадахшон мустакил буда, мулкхои феодалии Каротегину Дарвоз дар ихтиёри мири Дарвоз муттахид шуданд. Хисору Кулоб низ мустакил буданд, аммо дар охири нимаи якуми асри XIX муносибатхои байни онхо тезу тунд гардид.
Аз солхои 60-уми асри XIX парокандагии сиёсии халки точик дар натичаи истилои Россияи подшохи дар Осиёи Миёна боз хам пуркувваттар гардид, ки дар бораи он дар боби оянда маълумоти муфассал дода мешавад.
Дар нохихои очикнишин, дар баробари халки точик, боз бисёр кавму кабилахои туркзабон зиндаги мекарданд. Аз асри XVII сар карда дар нохияхои Маркази ва Чанубии Точикистон кабилахои кунгурот, юз, марка, барлос, турк, карлуг, лакай, катаани узбек баъди точикон аз чихати шумораи ахоли чои дуюмро ишол менамуданд. Дар Каротегин, Хисор ва Помири Шарки баъзе аз кабилахои киргиз сукунат доштанд. Дар водии Вахш дар нимаи асри XVIII аз Чорчуй бодиянишинони туркман кучида омаданд. Дар хар ду хонигари забони точики забони давлати буд. Тамоми коргузори ба забони точики ичро карда мешуд.
Хони охирини чониён Абдулфайзхон, аз сабаби айшу тараби бепоён машгул шуданаш, аз ухдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ин буд, ки кори давлат ру ба инкироз ниход, хар кас тамаъи сардори ва хар фард арази рохбари дошт. (Гафуров Б. Точикон.- к. II. – С. 86).
Дар чунин вазъияти бесару сомони тохтутози ачнабиён ба мулкхои Мовароуннахр сар шуд. Масалан: бодиянишинон дар солхои 1723-1730 водии Зарафшонро ба харобазор табдил доданд. Шохи Эрон Нодиршохи Афшор дар соли 1740 аз рохи Балх ва Чорчуй ба Мовароуннахр дохил шуд.
Дар чунин вазъият табакаи ашрофи кабилаи мангит имтиёзи зиёд пайдо карда, хокимияти хониро торафт бештар ба эътибор намегирифт. Нодиршох аз ин вазъият мохирона истифода бурда, барои пирузии худ шароит мухайё намуд. Дар ин кор асосгузорони давлати ояндаи мангитиёни Бухоро -Мухаммадхакими атолик ва писараш Мухаммадрахим ба Нодиршох кумак мерасониданд.
Мухаммадхаким, ки аз тарафи хони чониён Абдулфайзхон барои гуфтушунид ба назди Нодиршох фиристода шуда буд, пас аз бозгашт бо ёрии у хукмрони Бухоро таъин гардид.
Пас аз вафоти Мухаммадхакимбии атолик писари у Мухаммадрахим ба кушуни пуркувват такя карда, исёни амирони мухолифро бартараф намуд ва дар дарбор мавкеи худро мустахкам кард. Бо хамин ба иваз шудани сулолаи хоким шароити мусоид фарохам расид.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …